Чанд маслиҳат ба ҷавонони муҷаррад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 186
-Аз мулоқотҳои аввал бо духтар ба ӯ меҳрубон бошед.
-Ҳар дафъа ба ӯ гул тақдим карданро фаромӯш накунед.
-Ҳангоми ба духтар суҳбат кардан сақич (жевачка) нахоед, ин аз рӯи одоб нест.
-Дар ҳузури ӯ нос ё сигор накашед, ки ба вай писанд намеояд.
-Ба мулоқот бо худ офтобпараст набаред, зеро вақти шумо ба ин машғулият гузашта, ба суҳбат фурсат намемонад.
-Дар назди бону бо телефони мобилӣ дуру дароз гап назанед, ғаши духтарро меорад.
-Рафиқи сарватмандатонро бисёр таъриф карда, “ту ба ӯ маъқул шудаӣ, нагӯед, шояд баъди ин духтар ба вай дил бандад.
-Дар мулоқоти аввал майли ба оғӯш гирифта, бӯса кардани духтарро аз сар дур созед, ин рафтор ба ӯ маъқул намешавад.
-Бонуро дар рӯзҳои аввали мулоқот муддати тӯлонӣ нигоҳ надоред, дилзада мешавад.
-Худатонро ба духтар бисёр таъриф накунед, ин камоли беадабист.
-Ба ӯ ваъдаи “Бароят аз осмон ситора меорам”-ро надиҳед, ба замин фароед.
-Рашки бепоя бонуро аз шумо дур месозад.
-Дар бораи чикора ва куҷоӣ, инчунин молу сарвати волидони духтар пурсон нашавед.
-Бонуро бештар таъриф кунед, ин ба занҳо маъқул аст.
-Агар духтар ба шумо писанд ояд, таклифи издивоҷ кунед ва рӯзи дигар ба хонаи ӯ хостгор фиристед...
Боқӣ, хушбахт бошед!
Фароҳамсоз
С. АТТОР
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00