НАВРӮЗ ИДИ КИШТУКОР АСТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 02 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 1 887
Наврӯз - ҷашни ниёгони мо тӯли таърихи дароз бо вуҷуди садгузориву манъкориҳои рақибони худ тавонист бо пуштибонии соҳибонаш, миллати фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик пойдор бимонад ва ба ворисони худ бирасад. Зеро фарорасии оғози соли нав, омадани фасли баҳор-иди киштукор буд.
Хушбахтона, бо соҳиб-истиқлол гардидани Тоҷикис-тони азиз барои эҳёи ҷашни Наврӯз шароити мусоид фароҳам омад. Он аз нав эҳё гардид. Хосатан, бо пуштибонии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруи тоза ёфт, ҷаҳонӣ гардид, ки имрӯз онро дар тамоми дунё ҳамчун иди умумимиллӣ ботантана таҷлил менамоянд. Наврӯз имрӯз на танҳо моли миллати тоҷик, балки моли мурдуми олам гардид. Дар воқеъ, иди Наврӯз ин тамаддун аст ва месазад, ки асрҳои аср чун гузаштагонамон онро тантана намоему базму нишот ороем. Ин ҳама танҳо ба хотири дӯстиву рафоқат, файзу баракат, хушбахтию ваҳдати халқи кулли дунёст.
Дар кишвари офтобрӯяи мо тантанаҳои наврӯзӣ бо шодиву нишот идома дорад. Тавассути оинаи нилгун баргузории ҷашнҳоро дар ҳар як навоҳии кишвар дида, дилҳо лабрези фараҳ мегардад. Мардум дасти ҳам гирифта, шодиву хурсандӣ мекунанд, базми наврӯзӣ меороянд, мерақсанду меболанд, кинаҳоро аз дил берун карда, якдигарро ба оғӯш мекашанд.
Як хусусияти хосу фарқкунандаи Наврӯз ин аст, ки он ҷашни покиву назофат, созандагӣ, ободкорӣ ва оғози кори марди кишоварз аст. Мардуми тоҷик бо омад-омади баҳор ба ҷашни наврӯзӣ омодагӣ мегиранд, хонаҳоро тоза намуда, ба кори хайру нек-киштукори баҳорӣ машғул мешаванд.
Ҷашнгирии Наврӯзи имсола ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, ки ин фоли нек мебошад. Агар гӯем, ки баъди солҳои хомӯшӣ ин ҷашни 30-солагии эҳёи Наврӯз аст хато нахоҳем кард. Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар идҳо, балки аз он зиёдтар барои мо азиз аст. Зеро агар Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намебуд, мо наметавонистем ба ин шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашнҳои суннатии худро бо тантанаву шаҳомати баланд таҷлил намоем. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо ба истиқлолияти дастдода бояд шукргузор бошем ва онро чун гавҳараки чашми худ ҳифзу эҳтиром намоем.
Тантанаҳои наврӯзӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон, бо кишту кори деҳқонӣ идома дорад. Баробари ин мардуми кишвар, алалхусус кишоварзон ба мавсими киштукори баҳорӣ пурра омодагӣ гирифта, ба кишти пунба оғоз намуданд.
Сироҷиддин САЙДАЛӢ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04