Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ХУРОСОН. БУНЁДКОРИҲО ДАР АВҶ АСТ


ХУРОСОН. БУНЁДКОРИҲО ДАР АВҶ АСТ


Дар ноҳияи Хуросон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таъмиру азнавсозии 364 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то имрӯз 320 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст.

- Бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ва дастгирии сокинони маҳал дар назди 14 муассисаи таълимӣ 44 синфхонаи иловагӣ, таъмири литсейи рақами 1 ва 2, муассисаи томактабӣ, 3 китобхона ва таъмири қасри фарҳанг дар деҳоти Садриддин Айнӣ, 14 бунгоҳи тиббӣ, 3 маркази тиббии деҳотӣ,таъмири 3 беморхонаи минтақавӣ, бунёду азнавсозӣ ва таъмири дигар иншооти ҳаётан муҳим анҷом дода шуд, - иттилоъ дод мутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Сайдаҳмад Ғуломов.

Ҳамзамон, дар маркази ноҳия биноҳои наву замонавӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохта,чароғонкунӣ, гулкорӣ, ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ, шиору хитобаҳои ватандорӣ ва наврӯзӣ ба ҳусни ин макони сайругашт ва фароғати сокинони маҳал ҳусни тоза зам намудааст.

Саҳми коргарони идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард низ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, сокинони маҳал дар бунёду таъмири 27 пули мошингузар, таъмири роҳ, сангфаршу мумфаршкунии роҳҳои ҳудуди ноҳия назаррас мебошад. Дар мувозинаи ин идора 273 километр роҳ мавҷуд мебошад, ки 73 километри он роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 194 километр роҳи маҳаллиро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бунёди шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, ки қисмати зиёди он марзи ноҳияи Хуросонро убур мекунад, бо талаботи ҷаҳони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуда истодааст.

Корҳои бунёду азнавсозӣ ва таъмири иншооти ҳаётан муҳим дар ноҳияи Хуросон бомаром идома дорад.

Ш. САИДОВ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода