НОРАК: НАҚШАҲО АМАЛӢ МЕШАВАНД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 02 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 1 004
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузург - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.
Яке аз иншооти ҷашнӣ татбиқи лоиҳаи "Обтаъминкунӣ ва санитарии шаҳри Норак" мебошад, ки дар назди Муассисаи давлатии “Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ” амалӣ карда мешавад. Аллакай азнавсозии бинои маъмурии он ба анҷом расонида шуда, сохтмони истифодаи об аз қубурҳо идома дорад. Сохтмони хатти об дар масофаи 2,5 километр моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода хоҳад шуд.
Бинои баландошёнаи Маркази адлия, ки сохтмони он 25 ноябри соли 2020 оғоз гардида буд, аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз се ошёнаи он бо риояи талаботи меъморӣ бунёд гардидааст. Сохтмончиён ният доранд ин иншоотро то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор диҳанд.
Ф. УМАРОВ,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04