ВУСЪАТИ КИШТИ ПУНБАДОНА
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 02 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Арсаи кишоварзӣ, Боздид 1 253
То санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дар майдони 4813 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки ин ҳамагӣ 3,95% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Тавре ки аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, номусоидии обу ҳавои ҳафтаи охир монеи маъракаи кишти пунбадона дар шаҳру ноҳияҳо вилоят гардида бошад ҳам, хоҷагиҳои пахтакор ният доранд, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ дурнамои кишти пахтаро сари вақт ба анҷом бирасонанд.
Ба гуфтаи Муҳибулло Тошпӯлотов, мутахассиси шуъбаи рустанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Халон, дар маъракаи имсолаи кишти пахта кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун пешсаф буда, то имрӯз дар майдони 1410 гектар пахта кишт намудаанд. Айни ҳол иҷроиши кишти пунбадона дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ 628 гектар, Дӯстӣ 625, Фархор 325, Хуросон 302 гектар ва дигар шаҳру навоҳии вилоят аз 5 то 250 гектарро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ аз 124 ҳазору 500 гектар нақшаи имсолаи кишти пахта дар вилояти Хатлон 2151 гектари он зери плёнка киштукор шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷайҳун масоҳати кишти пахтаи зери пленка 1400 гектар ва дар ноҳияҳои Дӯстӣ 400 гектар, Данғара 150 гектар ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 125 гектарро такшил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии маъракаи кишти пунбадона имсол хоҷагидорони вилояти Хатлон 1053 техникаҳои тухмипошакро омода намудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади гирифтани ҳосили дилхоҳ дар соли ҷорӣ хоҷагиҳои пахтакори вилоят бо беҳтарин навъҳои тухмӣ таъмин гардидаанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ,
“Хатлон”
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04