Дастурҳои созандаи Пешвои миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 262
Бояд қайд намуд, ки вохӯрии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму зиёи кишвар таҳкимбахш ва давоми мантиқии фаъолият ва саъю талоши ин марди сиёсату хирад дар ҷодаи тақвият бахшидани илми муосир ва рушди соҳаи маорифи кишвар мебошад.
Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, Сарвари муаззами кишвар дар ҳама суҳбату баромадҳояшон таъкид медоранд: “Дар сиёсати худ илму маорифро дар ҷойи аввал мегузорам”. Албатта, ин иқдоми Президенти муҳтарами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб набуда, тараққиёту пешрафт ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як миллату давлат маҳз ба соҳаи мазкур бастагӣ дорад. Мусаллам аст, ки ин вохӯрӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии илм, ҷойгоҳи олим ва нақши онҳо дар рушди босуботи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бори дигар таваҷҷуҳи он касро нисбат ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим ифода намуда, ҳар як фарди солимфикри ҷомеаро водор месозад, ки перомуни ҳар нуктае, ки дар суханронии Президенти мамлакат садо дод, амиқан андеша намояд.
Бояд гуфт, ки вохӯрии мазкур ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба аҳли илму зиёи кишвар дар баробари он, ки дар ниҳоди ҳар як фарди соҳибхираду раҳнаварди ҷодаи илм, пеш аз ҳама, ҳисси фараҳу ифтихорро дар мавриди саҳм гузоштан дар илми муосири тоҷик бедор менамояд, масъулияти бузургеро пешорӯи ҳар яки мо мегузорад.
Аввалан, таъкидот ва нигаронии Сарвари давлат перомуни ҷой доштани норасоиҳо дар баъзе пажӯҳишот, аз ҷумла ноқисии забон ва услуби баёни илмӣ, миёни диссертатсияҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда дучор омадани мавзуъҳои забонзадаву такрор ва монанди инҳо моро водор месозад, ки ҳангоми интихоби мавзуъҳо боз ҳам дақиқназару ҷиддӣ амал намуда, саъй варзем, ки зимни идомаи фаъолияти таҳқиқотии хеш бештар ба масъалаҳои мубрам ва мавзуъҳои дастнохӯрдаи илмӣ рӯ оварем.
Инчунин, дар интихоби шогирдон бисёр борикбину дақиқназар буда, аз пешниҳод ва қабули довталабони тасодуфӣ, ки сатҳи донишашон барои идомаи таҳсил дар зинаҳои илмӣ кофӣ нест, иҷтиноб варзем ва он нафаронеро барои таҳсил ба зинаи магистратура ва доктор PhD ҷалб намоем, ки дониши хуби тахассусӣ дошта, забони модарии худро дар ҳадди олӣ донанд ва дар баробари ин ду ва зиёда забони хориҷиро балад буда, дар самти иҷрои кори илмӣ ва пажӯҳиш дорои лаёқати хосса мебошанд.
Баҳри саривақт ва дар сатҳи зарурӣ анҷом ёфтани корҳои илмии донишҷӯён, магистрантон ва дигар унвонҷӯён моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, бо дастгирии устодон ва ашхоси соҳибтаҷриба дар интихоби мавзуъҳои дастнохӯрдаи илмӣ ва роҳбари илмии онҳо ёрӣ расонем.
Зимни таҳсили онҳо дар зинаи магистратура ва шуъбаи доктор PhD мунтазам аз раванди тадрис ва фаъолияти унвонҷӯён дар самти иҷрои корҳои илмиашон огоҳ бошем.
Барои таъмин ва дастрасӣ пайдо намудани онҳо бо адабиёти зарурӣ ва додани маслиҳату бартараф намудани мушкилоти дигари пешомада ҳамеша омода бошем. Дар ташкили конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар ҳамоишҳои илмӣ фаъол буда, барои ҷалб намудан ва иштироки муҳассилини зинаҳои илмӣ дар конференсияву чорабиниҳои гуногун саъй варзем ва ба ин васила баҳри ҳар чи бештар муаррифӣ намудани дастоварду ихтироот ва тадриҷан таҳким бахшидани фаъолияти илмии онҳо мусоидат намоем.
Эълон гардидани 20-солаи омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва бартарият додан ба омӯзишу таҳқиқи мавзуъ ва масоили марбут ба фанҳои дақиқ аз ҷумлаи имтиёзоти бесобиқаи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти давлат дар самти рушду густариши илмҳои дақиқ мебошад. Воқеан, агар ба таърихи ташаккули улуми мазкур назар афканем, соҳибон ва эҷодкорони беҳтарин ихтирооту дастовардҳои илмӣ фарзандони фарзонаи миллати тоҷик мебошанд. Чунончи, бозёфтҳои илмии Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Форобӣ, Сино, Хайём, Насируддини Тусӣ, Ҷамшеди Кошонӣ ва дигарон дар самти илмҳои дақиқ баъди чандин садсолаҳо аз ҷониби донишмандони Ғарб, он ҳам бошад, баъди огоҳӣ пайдо намудан аз эҷодиёти ин донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ сурат гирифтааст.
Маврид ба таъкид аст, ки имрӯзҳо Сарвари давлат ба неруи зеҳнӣ ва мутахассисони соҳаҳои мазкур бештар такя намуда, баҳри рушди соҳаи иқтисодиёти кишвар такмил додани омӯзиши фанҳои мазкурро тақозо менамояд ва бамаротиб баҳри тақвият бахшидани соҳоти мазкур даъват ба амал оварда, шароитҳои мусоид фароҳам месозад. Зимни суханронии Сарвари давлат перомуни масъалаи мазкур дар зеҳни банда низ андешае сар зад, ки миллате, ки ҳанӯз дар асрҳои миёна, бо таҷҳизоти одии ихтироъкардаи хеш тавонистанд, масъалаҳои гуногуни марбут ба обу хок, тағйири иқлим, солимиву тандурустӣ, ҳисобу китоби вақту замон, ҳаракати замину сайёраҳоро кашф созанд, чӣ гуна метавонанд дар замони рушди босуръати илму техникаи муосир бо дастоварду ихтирои андак иктифо намуда, фаъолияти худро вусъат набахшанд. Фикр мекунам, ки на танҳо адабиёти хаттии мо, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, балки ҳанӯз эҷодиёти шифоҳии мардуми мо баёнгари зеҳни созандаи миллати мо дар ин самт мебошанд. Масалан, дар афсонаҳои мардумии мо истифодаи гилеми паррон ҳанӯз ҳамчун нахустин нишонаҳои зеҳни ихтироъкори мардуми мо инъикос ёфтааст, ки баъдан боиси ба вуҷуд омадани воситаҳои ҳавонавардӣ гардидаанд.
Ё ҳанӯз дар мактаби миёна дар афсонаи “Эраҷи тилисмшикан” дар мавриди шамшери Эраҷ сухан меравад, ки вақте дар дасти Эраҷ аст, кӯҳро ба ду ним месозад, аммо чун дар дасти ғайр афтод, ҳатто бодирингеро намебурад. Пас, метавон гуфт, ки идеяи ихтирои ашё ё таҷҳизоте, ки тариқи ламси даст ё изи ангуштони худӣ, ба қавли имрӯза анвои гуногуни код фаъолият менамоянд, ҳанӯз аз қадим дар зеҳни мардуми мо ба вуҷуд омадааст. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки имрӯзҳо дастгоҳҳои гуногуни мобилӣ ва баъзе ашёҳои дигар аз рӯи ин идея омода гардида, дар технологияи муосир ба таври васеъ истифода мешаванд ва мутаассифона, ин идеяро ҳамчун моли мардуми Ғарб муаррифӣ месозанд. Ҳамаи ин таҳлилу натиҷагириҳо бори дигар моро водор месозад, ки доир ба шинохти хираду дастовардҳои илмии ниёгони худ бетараф набошем, осори онҳоро бештару хубтар омӯхта, пайи густариши илми муосир, зиёд намудани ихтирооту дастовардҳои тоза ба тозаи илмӣ саъю талош варзем ва баҳри дарку иҷрои рисолати касбии хеш пайваста дар талош бошем.
Ҳамин тариқ, бо итминони комил метавон гуфт, ки баъди ин таъкидоти Сарвари давлат тамоми соҳаҳои илми кишвар, бахусус улуми дақиқ рушд намуда, тавсеа ёфтани омӯзиши амиқу дақиқи улуми табиӣ, пеш аз ҳама, баҳри бартараф гардидани ҳама гуна ифроту тафрит ва хурофот мусоидат менамояд.
Дар интиҳо, як нуктаи дигарро бояд қайд намуд, ки баъд аз суқути давлати Сомониён дар ҷомеаи тоҷик дар ҳеҷ асру замоне аз ҷониби ҳокимону салотин монанди асри ҳозир ба масъалаи илм ва ҷойгоҳи олим таваҷҷуҳи махсус зоҳир нагардидааст. Аз ин рӯ, мо - аҳли илми кишвар, ки аз ғамхориҳои Президенти маҳбубамон ва Ҳукумати кишвар пайваста бархӯрдорем, бо азми комил гуфта метавонем, ки бо сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами худ ва ақлу заковати азалии мардуми тоҷик баҳри ободии Ватан, рушди илму иқтисодиёт ва ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ бо як неруи хастагинопазир саъю талош меварзем.
Муҳаббат МАҲМАДАЛИЕ ВА,
муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба илм
ва инноватсияи ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...