Ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми ватан оғоз меёбад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 230
Қувваҳои Мусаллаҳ кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, ба фарзандони миллат дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида, бо ҳушёрӣ ва зиракӣ марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд.
Дар доираи сиёсати хирадмандон ва дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат як қатор ҷавонмардони минтақаи Кӯлоб ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар даъвати баҳорӣ ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд. Хушбахтона, дар даҳ соли охир бори аввал вилояти Хатлон даъвати ҳарбиро бо сарбаландӣ пеш аз муҳлат иҷро намуд.
Онҳо мегӯянд, вақте ки мо муроҷиат намудем, аллакай нақшаи даъвати баҳорӣ аз ҳисоби ҷавонмардони шуҷоъ пурра иҷро шуда буд. Аз ин рӯ, мо аз комиссариатҳои ноҳияҳои худ хоҳиш кардем, ки моро ба даъвати тирамоҳӣ номнавис намоянд, то ин ки қарзи шаҳрвандии
худро дар назди Ватан рафта, бо сарбаландӣ иҷро намоем.
Дар суҳбат модарони ин сарбозони оянда ба мо гуфтанд, ки ҳар як модар бояд бе дудилагӣ фарзандашро барои адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳидоят намуда, аз хизмати онҳо ифтихор намояд. Мо аз он ифтихор менамоем, ки фарзандони мо бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд ва дар ҳимояи марзу буми кишвари азизамон камари ҳиммат баста, қарзи шаҳрвандии худро адо менамоянд.
Аҳмадшоҳи Фурқатшо низ иброз намуд, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, хизмати модар-ватанро адо мекунад.
Аминҷон Раҷабов, сокини ноҳияи Фархор, ҳамсуҳбати дигари мо мебошад, ки мехоҳад баъди хатми донишгоҳ бо хоҳиши худ дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, хизмат кунад. Аминҷон ба ҷавонмардон муроҷиат карда, чунин мегӯяд: «Биёед, якҷоя камари ҳиммат баста ватани худро ҳифз намоем, зеро ҳеҷ як бегонае омада онро ҳимоя намекунад».
Ҷавонмарди шуҷову далери ноҳияи Муъминобод Фаррухи Садриддин иброз дошт, ки дар даъвати тирамоҳӣ бо хоҳиши худ, ба хизмати аскарӣ рафта, қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан адо мекунад.
Камолиддин Давлатов, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ, аз зумраи он ҷавононест, ки дар даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ бо хоҳиши худ мепайвандад.
Рамазон Барфакзода, сокини ноҳияи Балҷувон, мегӯяд: “Ҳамеша мехостам сарбоз бошам, вақте ки филмҳоро тамошо мекардам ва медидам, ки сарбозон ҷасорату матонати мардӣ доранд, пайваста неруманд ҳастанд. Аз ин лаҳза то имрӯз дар дил орзуи сарбоз шуданро мепарваридам. Вақте ки дар донишгоҳ таҳсил намудам, аз забони устодон садоқат ба Ватан ва дӯст доштани онро фаҳмидам, ва тасмим гирифтам, ки дар даъвати тирамоҳӣ ҳатман ба хизмат рафта, орзуи кӯдакиамро бароварда мекунам.
Алишери Абд улмаҷид , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...