Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Хестед, ки хобед!


Хестед, ки хобед!




Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ як-ду нафари бо ном домуллою мавлавӣ аз Афғонистон сар бароварда, ҷавонони кишвари моро ба ҷиҳод даъват карда истодаанд. Баъзе аз далоили беасоси таърихиро мисол оварда, мехоҳанд миллати моро чун худашон парешон созанд. Онҳо аз минбари худ, аз дини мубини Ислом ва аз вазъи замон сӯйистифода бурда, кишвари моро ба нобасомониҳо тела додан мехоҳанд. Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ, як “мавлавӣ”-и афғон, чанд паёме нашр карда, мардуми тоҷикро “бечора” унвон додааст, ки ин таҳқири як миллат, таҳқири як давлат аст.

Барои ин тоифа муҳим ҷалби мардум ба худ аст. Онҳо ҳеҷ вақт дар фикри манфиату хубии мардуми мо нестанд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки онҳо низ зархаридони кадом як бадхоҳон ҳастанд, ки оромиву суботи кишвари моро дида натавониста истодаанд.
Чандин саволҳое ҳастанд, ки ақидаву эътиқоди ана ҳамон рӯҳониёни Афғонистонро, ки имрӯз моро ба ҷиҳод даъват карда истодаанд, зери суол мебарад. Оё диндорӣ ҳамҷинсгароӣ аст? Оё диндорӣ бо силоҳ дар масҷид нишастан аст? Оё диндорӣ издивоҷи марди 60-сола бо духтари 6-сола аст? Оё диндорӣ таҳдиду қатл кардани мардуми бегуноҳ аст? Оё диндорӣ зулм ба занҳо аст? Оё диндорӣ хариду фурӯши одам аст? Садҳо мисол овардан мумкин аст, ки имрӯз мардуми “озод”-и (ба гуфтаи он мавлавиҳо) Афғонистон бо чӣ азобу шиканҷа аз тарси силоҳбадастон зиндагӣ мекунанд. Агар ин гуна нест, пас чаро модарону кӯдакони ин сарзамин орзуи озодиву сулҳ мекунанд? Магар сабаби ҷанги зиёда аз 40-солаи Афғонистон таҳдиду зӯроварии “диндорон” нест? Агар он “мулло”-ҳо ин қадар ҳақбину ҳақталаб ҳастанд, чаро барои ҳаққу ҳуқуқи мардуми худ даъво намекунанд? Онҳо аз нақзи ҳуқуқ гап мезананд, аммо аз сабаби ҷаҳолату разолат ва таассубу ифротгароии гурӯҳҳои манфиатхоҳона имрӯз ҳатто давлат надоранд.

Аз номи дини мубини Ислом сӯйистифода карда истодаанд. Дар дини Ислом омӯхтани илм фарз аст, аммо чаро духтарони афғон аз дарс хондан маҳрум шудаанд? Чаро ин ҳақро талаб намекунанд? Барои давлати “домулло”-ву “мавлавӣ” бастани дари мактабҳо, манъ кардани духтарон аз таҳсил, издивоҷи иҷбории духтарони хурдсол бо мардони ҳамсоли бобову падарашон, фурӯши маводи мухаддир иҷозат ҳаст? Агар не, пас чаро дар Ҷумҳурии Афғонистон ин амалҳо рух дода истодааст? Чаро ин амалҳоро намебинанду ким-кадом як далелҳои беасосро пешорӯ карда, мардуми моро ба ҷиҳод даъват доранд?

Дини Ислом 1400 сол инҷониб арзи ҳастӣ дорад ва мардуми мо садсолаҳо пайрави ин дин ҳастанд. Дар Тоҷикистон 5000 масҷиди ҷомеъ мавҷуд аст, ки сокинон бемушкилӣ дар онҳо ибодат мекунанд. Тоҷикистон давлати демократӣ ва дунявӣ аст ва ҳар як шаҳрванд аз рӯйи эътиқоду хоҳиш озодона ба масҷид меравад. Дар давлати исломӣ, хусусан дар Афғонистон, ки имрӯз “диндорон”и мутаассибу камсаводаш гумроҳ кардан мехоҳанд, аз рӯйи тарс, аз шаллоқ нахӯрдан ва аз кушта нашудан вориди масҷид мешаванд. Пас, дар кадомаш ҷомеа имониву мусулмонитар аст?

Имрӯз дар Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиндагии шоистаи аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кишвари дар ҳоли нобудиро аз нав зинда намуда, мамлакатро дар тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии мардум пешрафта сохт. Инро тамоми мардуми тоҷик эътироф мекунанд. Аммо имрӯз як-ду нохалафи бо ном “домулло”-ву “мавлавӣ” нисбати Сарвари кишвари мо носазо мегӯянд. Агар ин қадар ҳақбин мешуданд, мардуми худашон бар зидди худашон вокуниш намекарданду пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллати мо наменамуданд. Онҳо орзу мекунанд, ки ба мисли фарзонамарди миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ дошта бошанд.

Яке аз паноҳандаҳои афғон, ки аз соли 2019 дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: “Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ як-ду кӯдак худро муллову мавлавӣ тарошида, барои мардуми тоҷик ҷиҳод эълон карда истодаанд. Давлати мо аз дасти ҳамон муллову мавлавиҳо хароб шуд ва 46 сол мешавад, ки дар он ҷанг рафта истодааст... Ин ватанро 40 сол боз бо номи ҷиҳод, бо номи Ислом, бо номи “Аллоҳу Акбар” хароб кардед. Шумо омада, исломиятро аз Тоҷикистон омӯзед. Дар ин ҷо ҳеҷ кас ба дини мо, ба фарҳанги мо, ба либоси мо кор надорад...”

Тоҳир Фирозӣ, истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ, аз хориҷи кишвар, дар зери навори гузоштаи Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ чунин шарҳ додааст: “Бояд дар бораи худ ва Ватани худат фикр кунӣ. Ин масъала дар Тоҷикистон ба дахолати шумо ниёз надорад. Ҳар кас кори худро медонад. Афғонистонро бисёр гулзор кардед, ки акнун ба Тоҷикистон гузаштед?!”
Соҳил Қиёмӣ, истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ, чунин мегӯяд: “Шумо Афғонистонро нест кардед. Мехоҳед Тоҷикистон низ мисли Афғонистон бошад?! 40 миллион одамро бадбахт намудед. Шумо тамоми ҷавонони ватани худро маҷбур кардед, ки муҳоҷир шаванд. Оё медонӣ, ки онҳо аз чӣ дард азоб мекашанд?!”

Суханоне, ки аз ҷониби мардуми Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи ин иғвоангезон гуфта шуда истодааст, далели он аст, ки онҳо ба ҷуз ноором кардани кишвари мо ҳеҷ мақсади дигаре надоранд.

Эътимоди комил дорам, ки ҷавонону сокинони Тоҷикистони маҳбубамон фирефтаи суханони бофтаву сафсатаи бадхоҳони миллат нашуда, ҳамеша аз манфиатҳои миллӣ ва сулҳу суботи кишвар дифоъ мекунанд. Он душманони миллат мехоҳанд вазъи Тоҷикистони моро ба мисли Афғонистони худашон ноором кунанду мардумашро ғуломи ду-се силоҳбадаст. “Хестед, ки хобед!”

Зинда бод, сулҳу ваҳдат ва суботи ҳамешагии Тоҷикистони азиз!

Ҷасури ҚИЁМИДДИН, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода