СУРНАЙНАВОЗӢ КАСБИ ӮСТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 559
Яке аз арбобони санъати тоҷик Неъматулло Тиллоев машҳур бо номи Қорӣ Неъматулло имсол ба синни мубораки 100 расид. Қариб як аср аст, ки мардуми Хатлон, хосса сокинони Кӯлоб ӯро бо номи Қорӣ Неъматуллои сурнайнавоз мешиносанд. Неъматуллоро ҳамчун чеҳраи ҳунарманди асил медонанду ҳурмату эҳтиром менамоянд. Ин марди ҳунармандро дар тӯю маърака ва саҳнаҳои хурду калон дидаанд, вале аз рӯзгори воқеии ӯ чандон огоҳӣ надоранд.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба 100-солагии Неъматулло Тиллоев дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода, ки соҳибҷашн беш аз 50 сол дар он фаъ-олият кардааст, чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар саҳни театр Қорӣ Неъматулло бо дӯстону ҳамкасбон ва фарзандону наберагон суҳбат мекарду аз фаъолияташ дар ин макон ёдовар мешуд.
Соли 1936 дар шаҳри Кӯлоб теат-ри халқӣ ба кор шурӯъ кард. Сарварони аввалини театр Жорж Вилямс, Муҳаммадҷон Боиров ва В. Смирнов буданд. Қорӣ Неъматулло аз синни 16-17-солагӣ ҳамроҳи устоди аввалинаш бобои Чоли сурнайнавоз дар тӯю маъракаҳо иштирок мекард. Ҷидду ҷаҳд ва шавқу ҳавасаш ба скрипка, ғижжак ва сурнайнавозӣ рӯз аз рӯз меафзуд. Устодон дар шахсияти Неъматулло ҳунаманди ояндаро медиданд, онҳо ҳам кӯшиш мекарданд, ки ӯ нозукиҳои ҳунарҳои халқиро бо тамоми нозукиҳояш азбар намояд.
Соли 1941- 1942, ба ҳукми тақдир, дар ҳаёти шахсии Неъматуллои ҷавон мусибати сангине рӯй дод, ки то имрӯз ӯ ранҷ мекашад. Он вақтҳо касалии гул бисёр дар авҷ буд, касе, ки ба ин дард гирифтор мешуд, ҳатман ягон узваш фалаҷ мегашт. Неъматуллои ҷавонро аз ин дарди он солҳо бедаво аввал чашми чап ва баъдан чашми росташ оҷиз шуду дунёи равшан барои ҷавони 21-сола абадан торик гашт.
Баъди ин ҳодиса ба номи зебои Неъматулло калимаи Қорӣ илова шуд. Мардум ӯро минбаъд Қорӣ Неъматулло ном мебурданд. Аз он рӯзҳо то ин дам Неъматулло дар театр кор мекарду дунёро бо чашми дил медид. Дигаргуниҳои зодгоҳаш, ҷои кораш ва кишварашро дигарон ба ӯ қисса мекунанд.
Дар пештоқи бинои театр намоишгоҳи асбобҳои мусиқӣ, аксҳо, ки таърихи фаъолияти ин шахсияти фарҳангиро бозгӯанд, ташкил намуданд. Дар оғози чорабинии тантанавӣ нахуст муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён соҳибҷашнро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб табрик гуфта, ба ӯ сипоснома ва туҳфаҳо тақдим кард. Аз номи МИҲД вилояти Хатлон низ Сипоснома ва туҳфаҳо ба соҳибҷашн супорида шуд. Ба табрикот шоирону адибон, аз ҷумла устод Ҳақназар Ғоиб, Хосият Вализода, Лутфи Хомӯш, директори театр Мустафо Ватанов ва фарзандону меҳмонон ҳамроҳ шуданд. Неъматулло Тиллоев аз шодӣ ашк мерехт ва ба ҳар як сухан боддиқат гӯш медод. Аз шавқи дил дӯсти наздиктаринаш-сурнайро аз бағал бароварда як оҳанги халқӣ навохт, ки ҳамагон ба рақс баромаданд. Дар идомаи чорабинӣ ба таври зинда як суруди дигарро ҳам зам-зама кард. Маҳфил дар сатҳи хеле баланд баргузор шуд. Шогирдонаш бо навбат сурудхонӣ карданд.
Қорӣ Неъматулло шахси бадавлат аст. Ӯ соҳиби 5 фарзанд, 37 набера, 73 абера ва 4 чабера мебошад. Як қисми пайвандонаш пешаи ӯро интихоб кардаанд ва дар рушди санъати тоҷик саҳм мегузоранд.
Қорӣ Неъматулло шукрона аз истиқлолияту сулҳу ваҳдат ва сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат мекунад. Ӯ ҳоло ҳам бо сурнайи худ дар хизмати мардум аст.
Ш. Сафарзода
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30