«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 215
Мизоҷони нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро дар вилояти Хатлон пайваст намуданд, метавонанд то 30 ГБ туҳфа гиранд. Агар трафики ба бастаи асосии хизматрасониҳо дохилшуда кифоя набошад, фаъол кардани ҳаҷми иловагии интернет осон аст ва онро шаш маротиба истифода бурда мешавад.
Иқдоми «Ба шабака пайваст шуда, трафики интернети бештар ба даст биёр» аз аввали моҳи май ҷараён дорад. Шарти асосӣ ин аст, ки ҳангоми хариди симкорт дар идораҳои алоқа ва толорҳои фирмавии оператор бояд тарофаи “Биё! Бисоз Life “ интихоб карда шавад. Пардохти асосии абонентӣ барои тарофае, ки 10 ГБ интернет, белимити шабона, зангҳо дар дохили шабака ва 50 дақиқаро ба дигар шабакаҳои ҶТ дар бар мегирад - 49,57 сомониро барои 30 рӯз ташкил медиҳад.
Агар ҳаҷми асосии интернет то анҷоми давраи 30-рӯзае, ки барои он пардохт ситонида мешавад, сарф гардад, пас трафики иловагии туҳфавӣ муфид хоҳад буд. Барои идомаи фаъолият ва муошират дар шабакаи ҷаҳонии интернет, иштирокчии иқдом танҳо бояд тарофаашро аз нав пайваст кунад. Баъд аз ин, муштарӣ боз 5 ГБ мегирад. Муҳлати амали трафики иловагӣ ба муҳлати бастаи асосӣ баробар аст. Масалан, агар тарофа аз 1 май фаъол шуда бошад, трафики туҳфавиро то 30 май истифода бурда метавонем.
Барои мустақилона аз нав пайваст кардани тарофа амалҳои зеринро иҷро намудан лозим аст:
- боргирии замимаи мобилии «МегаФон Life» тариқи суроғаи https://life.tj;
- кушодани замима ва дар саҳифаи асосӣ пахш кардани қисми “Тарофаи ман”;
- интихоб кардани сатри «Муфассал» ва пахши тугмаи «Аз нав пайваст карда шавад».
Инчунин, барои азнавпайвасткунии тарофа ва фаъол кардани трафики интернети туҳфавӣ метавонед ба идораҳои хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” муроҷиат намоед.
Ҳаҷми иловагии интернетро дар давоми ним сол ё бо фосила шаш маротиба истифода бурда мешавад. Ин ба эҳтиёҷоти муштарӣ вобаста аст. Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ муштарии нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон” 30 ГБ интернети ройгон ба даст меорад. Барои гирифтани ҳамаи шаш бастаи иловагӣ бояд маблағи пардохти абонентии тарофаи «Биё! Бисоз Life " супорида шавад. Ҳудуди амали бастаҳои туҳфавӣ - тамоми Тоҷикистон.
Тарофаи "Биё! Бисоз Life"-ро интихоб карда, бидуни зиёдкунии пардохти абонентӣ бештар трафики интернет ба даст оред!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...