ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 1 288
Дар шаҳри Бохтар фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони "Дарахти дӯстӣ биншон..." дар мавзӯи "Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатдорӣ" бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода ва дигар роҳбарону кормандони мақомот доир гардид.
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш, ҳамчунин, 143 нафар гирандаи стипендияи мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва 100 нафар ҷавонони фаъол ширкат доштанд.
Мавзӯи асосии ҷамъомад, пеш аз ҳама, масъалаҳои арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, шомил нашудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, роҳ надодан ба кирдорҳои бадахлоқона, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирӣ аз бемориҳои сироятиро дарбар мегирифт. Инчунин, барои тарбияи насли ҷавони имрӯза аз тарафи роҳбарон маслиҳатҳои муфид дода шуд, ки минбаъд ҷавонон аз ҳушёриву зиракии худ хуб истифода мебаранд.
-Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ мо роҳи садсоларо тай кардем. Ин роҳе буд, ки Пешвои муаззами миллат нишон дод ва роҳе буд, ки воқеан, моро ба сӯйи саодати комили миллӣ раҳсипор сохт,-изҳор дошт Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар охир, аз тарафи кумита фаъолон барои иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, таъмини тартибот дар ҷомеа, таҳкими қонуният, сафарбар намудани қувваи ҷавонон ба корҳои созанда ва ба ин васила пешгирии гаравиши онҳо ба омилҳои номатлуби иҷтимоӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Фирдавс УМАРОВ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30