НАВРӮЗ ШУД ҶАҲОНӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 1 342
Наврӯз навҷавон аст,
Наврӯз ҷовидон аст.
Аз рӯзгори дерин,
Зеботарин нишон аст.
Фарҳанги ғаниву волои Наврӯз саросар аз рамзҳо иборат аст. Ҳар унсури ҳафтсину ҳафтшини дастрахони Наврӯзӣ рамзҳои худро дорад. Модарони пурҳунари мо дар остонаи Наврӯз ба умеди фаровонии ҳосилу сарсабзии рӯзгор гандум месабзонанду аз афшураи он суманак мепазанд. Худи маросими пухтани суманак бо рақсу таронахонӣ сурурбахшу хотирмон сурат мегирад. Аз кӯдакӣ Наврӯзро бо шӯру шавқ пешвоз мегирифтем. Ҳатто ду-се ҳафта пештар аз омадани Наврӯз, яъне оғози моҳи март, аллакай мо ба пешвози Наврӯз чорабиниҳо мегузаронидем. Бо дугонаҳоямон гулчинӣ, усмакашӣ ва санчилбозӣ мебаромадем. Бо омадани Наврӯз замину замон ба ҷилва меояд, сокинони сарзамини Наврӯз дар ин айём натанҳо ҷомаи куҳан аз тан бадар мекунанд, балки ботини хешро низ аз ҳама кинаву кудурат покиза месозанд. Таҷлилу истиқболи сазовору хотирмони ҷашни аҷдодӣ - Наврӯзи Аҷам бори дигар собит месозад, ки мардум дар ҳамдиливу хушҳолии зиёд ва дастаҷамъона ба ҷо овардани беҳтарин нияту орзуҳои худро бо Наврӯз, ки соли нави аҷдодонамон мебошад, пайванд медиҳанд. Ҳамчун рамзи некӣ рӯзи мулоқоти Роҳбари давлат бо намояндагони аҳли зиё низ ҳар сол дар арафаи ин ҷашни мубораки миллиамон доир мегардад. Бо ибтикори Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Аҷам ҷашни ҷаҳонӣ шуд. Аз ин рӯ, Наврӯзи даврони истиқлол бо шукӯҳу ҷалоли худ боз як неруи хосе зам намуд, ки Наврӯз ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Имсол мардуми шарафманди тоҷик 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ҷашн мегиранд, ки ин ифтихор аз гузаштаву имрӯз аст. Пос доштани анъанаҳои ниёгон ва ҳифз намудани истиқлолияти ватани маҳбубамон қарзи ҳар як шаҳрванди шарифу ватандӯсти кишварамон аст.
Файзигули Абдулло,
омӯзгори муассисаи ғайридавлатии таълимии «Колеҷи тибби иҷтимоии
шаҳри Бохтар»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30