Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Тобистон фасли гармо асту наврасону ҷавонон бештар ба оббозӣ машғул мешаванд. Бачаҳои деҳот бошанд, дар каналу ҷӯйборҳои назди деҳа оббозӣ мекунанд.
Боре ҳангоми ба оббозӣ рафтан, ки роҳамон аз назди боғи хоҷагӣ мегузарад, овози имдодталабонаи – «Ёрӣ диҳед, ёрӣ диҳед!» ба гӯшамон расид. Аз шунидани ин овоз зуд ба ҷойи воқеа давидем. Дидем, ки боғбон, бобои Саъдулло зери шохаи калони шикастаи зардолу мондааст. Ӯро наҷот дода, ба хонааш расондем. Вақте ки вориди ҳавлӣ шудем, момаи Дастагул нон мепухт. Ӯ сару рӯйи хуншори шавҳарро дида, «Вой, хонаам сӯхт. Ба сари мӯйсафеди ман чӣ бало овардед?» - гӯён нонро як тараф гузошта ба тарафи мо давид. Мо аз тарс хостем амаки Саъдуллоро ба ҳолаш гузошта, гурезем. Аммо амаки Саъдулло зуд садо бароварда, занро ором кард: “Бачаҳоро ҷанг накун. Онҳо наҷотбахши ман ҳастанд. Бобо бо ин суханон алангаи оташи занашро хомӯш кард. Момои Дастагул бо шунидани ин сухан оҳанги гуфторашро тағйир дода, «Наберагони ҳушёру боғайрати ман, ба бобо умри дубора бахшидед»,- гуфта, ба мо ёрӣ расонд. Мӯйсафедро эҳтиёткорона ба ҷойи хобаш бурдем.
Рӯзи дигар мо - бачаҳо маслиҳат карда, дар як коса шӯрбо, нони гарму шириниҳо барои аёдати бобои Саъдулло рафтем. Дар рафти суҳбат барои мо аз даврони бачагиаш нақлҳои ширин намуд. Баъди чанд рӯз шифо ёфта, ба боғ рафта, рӯзе моро ба зардолучинӣ даъват кард. Ҳамроҳи ӯ ба боғ рафтем. Ӯ бо чӯби махсуссохтааш ҳосили донакҳои зардолуро меафтонд, ки ҳатто як барги шохчаҳо озор намедид.
-Дидед, наберагонам, меваро чи гуна мечинанд? Шумо бошед, ба болои он баромада, ҳам шоху навдаҳояшро мешиканед ва ҳам зардолуро ба замин резонда, зери по мекунед,- гӯён тарзи чидани зардолуро ба мо нишон дод.
Ҳамин тавр, бо бобои Саъдулло дӯстӣ пайдо намуда, корҳои боғдорию ниҳолпарвариро дар чор фасли сол ҳамроҳи ӯ ба анҷом мерасонидем. Ӯ дар як кунҷи боғ ҷойи ниҳолпарварӣ (қаламча) дошт. Дар онҷо аз донакҳо ва буттаҳои дарахтони хушмеваю камёфт оварда, парвариш мекард ва баъд онҳоро пайванд менамуд. Ӯ чанд намуди пайвандкуниро медонист ва ба мо ҳам нишон дода буд. Мардуми деҳаҳои гирду атроф, инчунин аз дигар шаҳру ноҳияҳо омада, ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва пайвандкардаашро, ки серҳосил меомаданд,
бо нархи баланд харида мебурданд. Таҷриба ва кордонии ин деҳқони асил дар қалби мо ҷо гирифт ва шавқу завқамонро ба боғдорию ниҳолпарварӣ бештар сохт.
Натиҷааш ҳамин шуд, ки баъди хатми мактаби миёна се нафар аз ҳамсинфонам ба Донишгоҳи давлатии аграрии ҷумҳурӣ дохил шуда, соҳиби касби кишоварзӣ, боғдорию ниҳолпарварӣ гардиданд.
Имрӯз бо дастгирӣ ва нишондодҳои бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои интенсивию парвариши ниҳолҳои серҳосили меваҳои хуштаъм, торафт афзуда истодааст. Меҳмонони аз хориҷи кишваромада, аз ҷумла сайёҳон аз меваҳои шакарину хушлаззату хушбӯйи аз ҷиҳати экологӣ тозаи мо даҳон ширин мекунанд. Ҳамчунин, бунёди боғҳо ҷиҳати беҳтар шудани зисту зиндагӣ ва ғанигардии буҷаи оилавии мардум метавонад таъсири мусбат гузорад. Аз ин рӯ, азбаркунии ин гуна таҷрибаҳои пешқадамро, ки ҳам аҳамияти калони тарбиявию ахлоқӣ, илмию касбазхудкунӣ дошта, ҳам дастурхони моро пурнозу неъмат мегардонад, бояд дастгирӣ кунем ва онро ба насли наврасу ҷавонон омӯзонем.
Намоз СОЛИЕВ,
омӯзгор аз шаҳри Левакант
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.