КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ЁФТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 17 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Арсаи кишоварзӣ, Боздид 1 885
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон имсол дар вилоят дар майдони 124 ҳазору 500 гектар кишти пунбадона гузаронида мешавад, ки ин нисбат ба соли гузашта 325 гектар зиёд мебошад.
Бинобар маълумоти Муҳиб-улло Тошпӯлодов, мутахассиси шуъбаи рустанипарварӣ айни замон дар хоҷагиҳои алоҳида кишт зери плёнкаро оғоз намудаанд.
Одатан, мавсими киштукори тухмии пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон замоне оғоз мешавад, ки ҳарорати гармии хок 14-15 дараҷа гарм шавад. Пеш аз ҳама кишти пунбадонаро дар минтақаи ҷануби вилоят - ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус ва Ҷайҳун оғоз менамоянд. Зеро заминҳои кишоварзии ин навоҳӣ қумзамин буда, имкон медиҳад, ки пахтакорон оғоз аз даҳаи охири моҳи март кишти пунбадонаро оғоз намоянд.
Бинобар гуфтаи М. Тошпӯлодов аз дурнамои кишти 124 ҳазор гектар пахта дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 248 гектари онро пахтаи маҳиннах ташкил медиҳад, ки парвариши ин навъи пурқимат танҳо дар ноҳияи Вахш ба роҳ монда мешавад.
Бинобар маълумоти оморӣ, дар соли гузашта хоҷагидорони вилояти Хатлон аз майдони 124 ҳазору 175 гектар кишти пунбадона 277 ҳазору 221 тонна ё баробари 99,6% нақша пахта ҷамъоварӣ намуда буданд.
Ҷ. Сайфиддинов,
“Хатлон”
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30