НАВРӮЗИ ФАРВАРДИН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 241
Ба ҳар лаб мекушояд ғунчаи ҳарфи салом ин субҳ,
Лаболаб мешавад ҳар гӯш аз як обшор оҳанг.
Ба ҳар чашм орзу пар мезанад як осмон аз шавқ,
Ба ҳар дил мешукуфад як баҳор аз ишқ бо сад ранг,
Ки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз меояд,
Ки он ишқ асту онро ишқ мебояд.
Ҳаво аз бӯйи гулҳову шамими сабзаҳо атрист,
Ки гулбоди баҳораш мебарад ҳар сӯ
Ва чун бар шомаи мо мерасад ин бӯ,
Ту гӯйӣ аз шароби ноб моро чарх гардад сар,
Аҷаб бода, аҷаб соғар!
Аё Ҷамшед, ай шоҳаншаҳи пирӯз,
Дар обу дар ҳаво, бар шарру деву душманиву кин,
Алорағми ситези душманони мардуми озодаву беҳдин,
Ту бархезу бубин, тахти Каён барҷост, гирам даст,
Ки дар ин ман туро зиндаст он Наврӯз, он ойин.
Манам, ман рӯдҳои ояи ишқи биҳиштиро
Ба дашти синаҳои ташна меронам,
Ки дар ҳар ҷону дар ҳар дил
Бирӯяд як биҳишти ҷовидонтар аз биҳишти адни обу гил.
Биё, эй ҷовидон Ҷамшед, то меҳмони ман бошӣ,
Ки ҳоло суҳбат аз ҳафт осмону абру борон аст
Ва ҷону ҷом лабрез аз шароби ёди ёрон аст.
Биё, к-ин Рӯзи Навро бартар аз Наврӯз бигзорем,
Ба ёди рафтагони зиндаёде дар дили мову дили таърих,–
Ки аз чанги араб, банди муғул озода бигзаштанд бо Наврӯз, –
Ҳазорон машъала аз сандалу аз лолаҳои аҳмар афрӯзем
Ва ҷоми бодаро бо соғари хуршеди тобон ҷанг андозем
Ва бо сад дил ба меҳройин ниёи хештан нозем,
Ки мо аз тухмаи пиндору гуфтору накукирдори Зардуштем,
Накудину беҳинойин ба сад ҷадду ба сад пуштем,
Агарчи дар дами теғи аҷониб мо ба хуни хеш оғуштем,
Валекин хештан ҳаргиз на мӯреро биёзурдем, на куштем.
Зиҳӣ дину зиҳӣ ойин,
Фари яздонии Наврӯзи фарвардин!
Биё, то ин савоби ҳастии меҳрофарини хешро имрӯз
Чу абри навбаҳорон бар саропойи замин борем,
Ки он ҳам ташнаи лутф асту меҳру дӯстдориҳост,
Навозишҳову ёриҳост.
Биё, Бобойи Деҳқонро ба ҷон шукру сипос орем,
Ки тухми поки моро ҳамчу зарринтухмаи Наврӯз
Ба дасти чап, ба дасти рост, чунонки Худо мехост,
Фаромарзи ҷаҳон пошад,
Ки фасли киштан асту рустану бастан,
Ба асли хеш пайвастан!
Аскар Ҳаким
Шоири халқии Тоҷикистон
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00