Расму оини мардуми Бадахшон дар Наврӯз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 233
Наврӯзро дар Ватани худаш ҳам бо урфу одатҳои гуногун истиқбол мегиранд. Яъне дар ҳар минтақаи Тоҷикистони азиз ин ҷашн бо шеваҳои гуногун таҷлил мешавад.
Расидан ба Хидирайём ё худ Наврӯзи деринтизор дар тозабаҳор барои ҳар як инсон иқболи баланду бахти бедор аст, зеро ки баҳор рамзи офариниш, рамзи сарсабзиву хушбахтӣ ва некуиву хушсолӣ аст.
Баҳор, ки худ фасли тозаписанду покизапараст ва шукуфоиву эҳёи табиат аст, аз инсон ҳам чунин тақозо дорад. Аз ин хотир, инсон бояд бо вуруди баҳор ва айёми Наврӯз сиришти худро аз тамоми олудагӣ, кинаю адоват, бадандешӣ пок кунад ва чун гузаштагони бовиқору сарбаланд гуфтори нек, кирдори нек, рафтори некро дар зиндагӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳад. Наврӯз, бешак, бузургтарин ва мардумитарин ҷашн мебошад, ки онро асрҳои аср бо ҷалолу шукӯҳи тамом таҷлил менамоянд. Наврӯз ҷашни муборак ва фархундаест, ки дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик нақши устувор ва барҷаста дорад. Аслан ҳар як миллат Наврӯзи хуҷастаро бо расму одатҳои худ ҷашн мегирад.
Мардуми Бадахшон низ расму одатҳои хоси наврӯзӣ доранд, ки он аз гузаштагон барои онҳо боқӣ мондааст. Наврӯзро дар Бадахшон «Хидирайём» мегӯянд. Хидирайём яъне хидир-бузург, калон ва айём ҷашн аст. Тоҷикони Бадахшон ин идро бисёр хуб пазироӣ мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар кӯҳистони Бадахшон чун дар дигар манотиқи кӯҳистони тоҷик аз замонҳои хеле қадим ҳар як кори хайру нек, махсусан он корҳоеро, ки бевосита ба кишоварзӣ алоқаманд будаанд, дар рӯзу соати мувофиқ сар мекарданд.
Тибқи ҳамин тақвими мардумӣ, ҳангоми ба поён расидани «чиллаи калон»-и зимистон, ки ба охирҳои моҳи январ рост меояд, тафи замин низ берун меомадааст ва аз рӯи ҳисоби он офтоб вориди нохуни пойи мард гашта, се рӯз дар он қарор мегирад. Аз ин рӯ, то ҷашни Наврӯз онҳо мувофиқи тақвим ҳисоб мекунанд ва ид фаро мерасад.
Хонатаконӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, хусусан дар кӯҳистон расм шудааст ва то ду рӯз мондани ҷашн тамоми кӯрпаву кӯрпачаҳои хона, гилему намадро берун бароварда, метаконанд ва хонаро низ аз чангу ғубор тоза карда, чизҳои нолозимро партофта, лавозимоти хонаро ба дарун дароварда, бо хоҳиши дилашон бо тартиби муайян ҷо ба ҷо мегузоранд.
Баъдан, соҳибхона (яъне мард) аз шохчаҳои дарахт, ки нав муғча мебарорад, бурида, чун нишонаи фасли баҳор «Шогун баҳор муборак!»- гӯён вориди хона мешавад. Дар ҷавоб ба ӯ соҳибхоназан «Ба рӯи Шумо муборак!»- гуфта, ба китфи росташ миқдори орд, ки онро «Бун» меноманд, гузошта, хушҳолона пешвоз мегирад. Аз ақибаш аҳли оила «Шогун баҳор муборак!»- гӯён вориди хона мешаванд.
Дар баъзе ҷойҳо аз орд бо ангуштон ё панҷаи даст нақш мебанданд. Кадбонуи хона дар ин иди бузургу фархунда таомҳои идона, ба мисли боҷ, кочӣ, бат ва ширбиринҷ пухта, дастурхон меорояд.
Дар фасли баҳору айёми Наврӯз мардуми Бадахшон ба бузкашӣ (дар солҳои пеш) хурӯсҷангу кабкҷанг, тухмҷанг, чормағзбозӣ ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд. Ин бозиҳои идонаро сокинони Бадахшон аз маҳалҳо ҷамъ шуда, дар идгоҳ иҷро мекунанд.
Серистеъмолтарин калима нисбати ин ҷашн дар Бадахшон истилоҳи «Шогун» ё «Шогун баҳор муборак!» мебошад, ки он барои табрику муборакбоди ҳамдигар истифода бурда мешавад.
Набиҷони Саидаброр,
«Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00