РОҲ ОБОД-ДИЛҲО ШОД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 17 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Номаҳои Шумо, Боздид 2 176
Зодаи ноҳияи Ёвон ҳастам. Дар шаҳри Душанбе таҳсил менамоям. Боре иттифоқ афтоду аз ноҳияи Ёвон ба маркази вилоят-шаҳри Бохтар омадам. Дар бозгашт лозим омад, аз шаҳри Бохтар ҷониби шаҳри Душанбе тавассути ноҳияи Хуросон сафар намоям.
Мошини сабукрав дар роҳи чун кафи даст ҳамвор босуръат ҳаракат мекард. Деҳаҳои ба номи Малик Гиёев, Ортод, Бибихуррам паси сар шуданд. Таҷдиду азнавсозии роҳ аз пули болои дарёи пурҳашамати Вахш оғоз меёфт. Бунёдкории роҳсозону техникаҳои пуриқтидор аз деҳаи Қизилқаълъа то маркази Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ, аз он ҷо то маркази ноҳияи Хуросон бо кӯшишу ғайрати том ҷараён дорад.
Аз деҳаи Уяли боло баромадан пас ду тарафи роҳро боғҳои дарахтони гуногун зеб медиҳанд. Ба назар мерасид, ки деҳаҳои ин ҷо то маркази ноҳия бештарашон пас аз бадастоии истиқлолият бунёд шудаанд. Воҳаҳои сабзпӯш аз омадани Наврӯз хабар медод, дарахтони бодом, гелос кулоҳи сап-сафед ба сар карда, аз ҳосили ширини имсола, ки дастархони сокинони ҷумҳуриро оро медиҳад, хабар мерасонд. Кӯдакон бар-бари роҳ дастагулҳои баҳорӣ, ки аз гули сиёҳгуш зебу ороиш додаанд, мунтазири харидоронанд. Мусофирон чун армуғони Наврӯзӣ аз онҳо даста-даста мегиранд.
Дар мавзеи Фахробод - то дидбонгоҳи шабонарӯзӣ арчаҳои сарсабз дар домани сабзи саҳро ба ҳусни табиат ҳусни нав зам намудаанд. Дуртар аз шоҳроҳ, майдони бодомзори сарсафеди ғарқи гул чашму дили ҳар бинандаро ба сӯйи худ мекашад.Ин қадар ҳашамату зебоии табиат-талу теппаҳои сабзпӯш, рамаи гӯсфандону чорво машғули чаридан гувоҳи он аст, ки ҳаёти деҳот хушу гуворост.
Ағбаи Фахробод бо ҳусну шаҳомати Наврӯзиаш паси сар мешавад ва роҳ моро сӯйи Душанбеи нозанин мебарад. Шаҳомату зебоӣ, оромиву тинҷӣ, роҳҳои ҳамвор, иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқ симои пайтахти кишвари тоҷиконро боз ҳам зебову пероста гардонидааст. Ҳамаи ин ба заҳмати шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Кӯшишҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ барои мо-ҷавонон нигаронида шудааст, то оянда ин мулки нозанинро соҳибӣ кунему онро ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил диҳем. Аз ин рӯ, мебояд ба қадри ин ғамхориҳои Пешвои миллат расему арзанда ҷавоб гардонем. Албатта мо- ҷавонон ба қадри осудагие, ки фароҳам омадааст, мерасем. Хонда, соҳибмаълумот гардида, ба халқу ватани хеш сазовор хизмат хоҳем кард.
Олуфтамоҳи Латиф,
курсанти бахши дуюми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30