ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҲУНАРМАНДОН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 17 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳунарҳои мардумӣ, Боздид 1 220
Бахшида ба солҳои "Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" даври дуюми фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони "Ҳунар беҳтар аз зар бувад" дар шаҳри Бохтар ҷамъбаст гардид. Дар чорабинӣ муовини вазири Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода, сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода, Сафаров Шодӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳайати комиссия иштирок доштанд.
Дар фестивал-озмуни "Ҳунар беҳтар аз зар бувад" ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои вилояти Хатлон маҳсули дастони худро ба монанди намоиши либосҳои миллӣ, армуғони сайёҳӣ, бофандагӣ, попурӣ, қӯроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ, рассомӣ дар рӯйи матоъ, кандаккорӣ ва дигар намуди ҳунарҳои милливу мардумиро ба маърази сокинони шаҳр ва аъзои ҳакамон гузоштанд. Гуфта шуд, ки эҳё кардани ҳуанарҳои мардумӣ ҳиссае гузоштан ба таъриху анъанаҳои миллии ниёгони хеш мебошад.
Дар ҷамъбасти фестивал-озмун ғолибон муайян шуданд. Сиёвуш Файзуллоев, аз ноҳияи Ёвон аз рӯйи намуди рассомӣ мақоми аввал, Ҳалима Амонова - гилемдӯзи беҳтарин аз ноҳияи Қубодиён ҷойи дуюм, Умеда Маҳмадҷонова - бофандаи беҳтарин аз ноҳияи Вахш ҷойи дуюм, Матлуба Сафарова - ороишгари гулбоғи беҳтарин аз ноҳияи Темурмалик ҷойи сеюм, Шаҳодат Ашӯрова ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Ба чанде аз ҳунармандони дигар сипоснома тақдим карда шуд.
Ноҳияҳое, ки ҳунарман-донашон ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, ба даври сеюми фестивал-озмун, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Фирдавс УМАРОВ,
"Хатлон
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30