Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дар оила панҷ духтар будем, вале падар якеро аз дигар боло намегузошт


Дар оила панҷ духтар будем, вале падар якеро аз дигар боло намегузошт




Падарҷонам, боз баҳори фаррухпай бо қудуми сабзу дилрабояш ба қалбҳо суруру шодмонӣ мебахшаду умед ба ҳаётро меафзояд, вале қалби маро ғами набудат пур аз ғаму дард сохта. Аз хурдсолӣ ёд дорам, чи гуна омодагӣ медидӣ ба иди касбият, ки ҳамасола санаи 11 март-Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешуду миёни аҳли эҷод ҳамчун рӯзноманигори ҳирфаӣ, собиқадори соҳа даъвату қадрдонӣ мешудӣ. Шогирдонат нисбатат эҳтироми баланд доштанд ва бо ифтихор «Устоди сухан Ҳусейн Маликов» номат мегирифтанд.

Оҳ падарҷонам, аз ғами ҷудоият бо дидаи хунбор мегирям. Ба ёди рӯи ту, суханони пандомезу ширингуфториат, афсонаҳои замони кӯдакӣ, ки ҳар шаб барои духтаронат мегуфтӣ, бо дидаи гирён месӯзам.

Панҷумин баҳорам бо набуданат хазон гашта. Ёди рӯят, гуфтугӯят, меҳрубонию навозишҳои дилҷӯят маро як лаҳза ором намегузорад.

Умедам буд, ки дар тӯйи наберагонат дуогӯи хушбахтиашон мешавӣ, вале афсӯс, сад афсӯс, бевасият ногаҳон аз бари мо хапу хомӯш рафтӣ.
Зи марги нобаҳангомат, падар бисёр месӯзам,
Ба худ мепечам аз андуҳу оташвор месӯзам.
Дар ин айёми наврӯзӣ, дили фарзанди худ сӯзӣ,
Ба мисли як чароғи лола дар кӯҳсор месӯзам.


Замони тифлӣ ёдам меояд, он лаҳзаҳои хушбахтиамон. Дар боғи қисматат панҷ духтаре, ки мисоли фариштагонед, мегуфтию аз шодиамон хушҳолу аз ранҷуриамон ранҷ мекашидӣ ва ҳамеша моро дар гирди мизи кориат ҷамъ меовардӣ. Худ бо қаламу коғаз кор мебурдию моро низ баҳри донишандӯзӣ ҳидоят мекардӣ. Мегуфтӣ, ки бо китобу қаламу коғаз дӯст бошед, омӯзед, дар оянда соҳибилму донишманд шавед. Шабе дар ёд надорам, ки бе афсонаву панду андарз хобам бурда бошад. Чӣ дилнавоз буд ҳар суханат, падарҷони сухандону ҳақиқатнигорам. Рӯзҳои истироҳатро кӯшиш мекардӣ хотирмон гузаронӣ, то гулдухтаронат болидарӯҳ бошанд. Як суханат чун шиор дар зиндагиамон нақш бастааст: «Меҳнат бо роҳаташ зебост», мегуфтию моро ба сайру гашт мебурдӣ. Сад дареғо, имрӯз танҳо аз хотираҳо рӯи авроқи сафед бо сад алам мегӯяму мегирям.

Аҷаб давроне доштем, дар хурдӣ, дар олами муҳаббатҳо ба камол расидаву тарбия ёфта будем. Чун наздик ба соли нав мешуд, падарам аз идораи рӯзнома бо халтачаҳои солинавӣ меомад.

Ҳарчанд туҳфа зиёд буд, вале мудом бо якравӣ мегуфтам, маро бӯи халтаи падар хуш аст. Чун туҳфаро меовард, дар навбати аввал кушода мебӯидамаш ва пас аз он аз дохилаш себро мегирифтаму ба шириниҳояш эътибор намедодам. Чаро ки себ бо дигар шириниҳо якҷо шуда бӯи хуше пайдо мекарду барои ҳамин ҳам маро туҳфаи падар хуш аст, мегуфтам. Имрӯз ҳам, агар аз растаҳои бозор гузар кунам, бӯи себ ёди падари меҳрубонамро меораду оромам намегузорад, ашки чашмонам беихтиёр мерезад.

Падарам, чун рӯзноманигор аз ҳаёту рӯзгордорӣ бештар моро воқиф мекарданд, насиҳатҳо доштанд, ки ҷое инсон аст, он ҷо ҳам бурд асту ҳам бохт, ҳам мушкилӣ асту ҳам пешравӣ. Беҳтарин амали инсонӣ ин сабурист. Бисёр мехост мо соҳибилм шудаву дар ҷомеа мақоми худро касб кунем. Бо насиҳату дастгириҳои падар мо-духтарон соҳибилм шудаву дар ҷодаҳои гуногуни ҷамъият фаъолият намуда истодаем. Вале, афсӯс, падарҷонам зери хоки сард хуфтаву аз подоши заҳматҳояш лаззат намебарад.

Ёд меорам он рӯзеро, ки бисёр хоҳиш кардӣ то як шаб меҳмонат шавам, бо ҳам нишаста суҳбате кунем, аз қиссаҳои дар қаъри дил ниҳонат бароям ҳикоят кунӣ. Оҳ падарҷон, агар ман медонистам, ки ин охирин хоҳиши туст, шояд на як шаб, балки бештари вақтамро бо ту паси сар мекардам. То субҳ нахуфта бо ту гуфтугӯ мекардам, аз дарди қалби пурмеҳрат огоҳ мешудам. Қурбони меҳрубониву дӯсториҳоят, падарҷони зиндаёдам. Имрӯз дар оташи андӯҳу ғам шабу рӯз чун шамъ ба ёди он суханат месӯзам. Шояд мехостӣ дастонамро гирифта, афсонаи охирини худ алвидоъро бигӯӣ. 

Вале маро шояд ғафлат ёр шуда буд, ки ин хоҳишатро ба фардо гузоштаму он чашми дар роҳи духтарат интизорро навмед гардондам.

Дили ту монд аз кору дили ман гашт ғамбемор,
Барои он дили бекину беозор месӯзам.
Фаромӯш кай шавад аз ёди ёрон ҳақталошиат, 
Ҳамеша баҳрат, эй инсони некукор месӯзам.


Дар оила панҷ духтар будему падарам якеро аз дигар боло намедонист. Боре нашуда буд, ки аз писар надоштанаш афсӯс хӯрда бошад. Пас аз ба навбат ба хонаи бахт гусел намудани духтарон падарам ашк мерехт, ки буду набудашро аз оғӯши пурмеҳраш бурдаанд, вале боз аз шодӣ ашк рехт, ки соҳиби панҷ писар мешавад. Бо домодҳо чун писар муомила мекарду худро сарбаланд меҳисобид, ки Парвардигор писардораш карда.

Падарҷонам, ифтихору мутаккоям, шоҳсутуни хонаам будию бесухан ба кӯи охират сафар кардӣ.

Сад дареғо, аз сафар доштанат хабар надоштам. Чунон орому беозор будӣ, ногоҳ эҳсос кардам, ки сояи дастат, дареғо, рафт аз сарам. Оҳ, падар, таҳаммули набудат ғамбеморам кардаасту ёди он рӯзҳо лаҳзае маро ором намегузорад. Рӯзе дар нақлиёт будаму аз маркази шаҳр гузашта аз пайи коре сафар доштам. Ногоҳ чашмам ба мавзеи «Водии Вахш» афтид. Падари хомӯшу андаруни фикр ғӯтаварамро дар он ҷо дидам, шояд интизори касе буд ё дар фикри омодасозии матлабе. Бис-ёр мехостам ба наздаш рафта ба оғӯшаш гирам, вале роҳро дар як лаҳза гузаштему ба хулосае омадам, ки пас, анҷоми кор, фардо аёдаташ мекунам. Оҳ падарҷон, чӣ сӯхтанист ёди он рӯзҳо, ки охирин нигоҳат буд. Ин нигоҳи умед, нигоҳи муҳаббат ва нигоҳи вопасин буд, ки пас аз ин туро дар бистари беморӣ дарёфтаму он чашмони интизоратро дигар надидам.

Падарам дар ҳаёт боре ҳам бистари бемориро надида буд, аз беморӣ шикоят ҳам надошт. Накухислату накукор, шодифизои қалби атрофиён буд. Ҳарчанд дар синни нафақа буд, вале аз матбуот дил канда наметавонист. Бо рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамкории зич дошту дастгири эҷодкорони ҷавон буд. Миёни аҳли қалам эҳтироми баланд дошт. Он рӯзи душворе, ки фишори падарам баланд шуду ба бемористон интиқол ёфт, ҳама дӯстону шогирдон, рӯзноманигорон аз манотиқи мамлакат баҳраш шифо хонда, дар бемористон қарор доштанд.

Махфират Шоимова ҳамкасби падарам ва дӯсти хонадони мост. Аз охирин дидор бо падари зиндаёдам чунин қисса намуд: «Замони котиби масъули маҷаллаи «Сафо» буданам, бо устод Ҳусейн Маликов ҳамкории зич доштем.

Рӯзи сард буду Ҳ.Маликов лаҳзае вориди маҷалла шуд. Аз намуди зоҳириаш аён буд, ки аз сардӣ хунук хӯрдааст. Каме нишаста ёде аз рӯзҳои гузашта намуданду чун ҳарвақта интизори ҳазлу хушгӯиҳо будем, вале дар чеҳрааш чандон шодию нишот дида намешуд.

Устод С. Баёзӣ суол карданд, саломатиат хуб аст? Имрӯз авзоят дигар аст, дӯстам. «Ман хубам» гӯён, сар ҷунбонида, аз ҷой хеста, ман тарафи рӯзномаи «Хатлон» меравам, гуфтанду бо мо - аҳли эҷод худоҳофизӣ намуданд. Аз чӣ бошад, ки Ҳ. Маликов мерафту ба ақиб нигоҳ мекард, гӯё аз дидори вопасинаш дарак дошта бошад, даст боло намуда хайр гуфт. Ҳамин нигоҳи охирин буд, ки се маротиба такрор ёфту дар охир паноҳатон ба Худо гуфту роҳашро идома дод. Нимаи дуюми рӯз буд. Хабар ёфтем, аз фишори баланд нотобанду дар беморхона бистарианд ва рӯзи 30 ноябри соли 2019 қалби ин шахсияти содиқу вафодор аз тапидан бозмонда.

Инак, боз Рӯзи матбуоти тоҷик фаро мерасад. Ҳарчанд падари зиндаёдам Ҳусейн Маликов миёни дӯстону шогирдонаш ҳузур надорад, бо камоли эҳтиром аҳли эҷоди вилоятро бо иди касбиашон - Рӯзи матбуоти тоҷик таҳният мегӯям.

Ёдат ба хайр, сутуни хонадони мо, ПАДАРҶОН!

Маҳваш МАЛИКОВА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода