Биёед, китобхон шавем!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 250
Китоб манбаи илму дониш ва афзояндаи фаросату заковати инсон аст. Дар бораи арзиши он олимону донишмандон зиёд гуфтаанду мегӯянд. Ҳамарӯза тариқи матбуот маводҳои зиёд мутолиа менамоему барномаҳои радиоиву телевизионӣ пахш мегарданд, ки оид ба арзиши китобу китобхонӣ ба мо иттилоъ медиҳанд.
Махсусан, пас аз он ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” чун ҳаракати ҳарсола ҷорӣ гашт, таваҷҷуҳ дар ин самт бештар гардид. Метавон гуфт, ки дар ин роҳ миёни донишомӯзони макотиби миёнаву олии касбӣ мо то андозае муваффақ ҳам шудем.
Ҷараёни даврҳои якум то чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҳамасола аз моҳи апрел то охири моҳи ноябр дар манотиқи кишвар баргузор мегардад, гувоҳи он аст, ки ҳанӯз китобу китобхонӣ арзиши худро гум накардааст ва чӣ гуна дӯстдорони китоб даври ҳам омада, аз андӯхтаҳои хеш қувваозмоӣ мекунанд. Чи дар адабиёти кӯдакона, чи адабиёти ҷаҳон ва классику муосири ватанӣ мо аллакай довталабони арзандаву муваффақро вохӯрдаему ин шумора сол то сол афзуда истодааст. Ва инҷо баҳс сари он аст, ки занҳо-модарони хонашини мо китоб мехонанд? Оё хоҳиши китоб хондан доранд ё на?
Занҳои хонашин ва китоб
Ҷойи таассуф аст, ки вақте масъалаи китобхонии занҳои хонашинро миёни омма баррасӣ карданӣ мешавем, ба ҷавобҳои истеҳзоомезу кӯтоҳназарона дучор мегардем.
Занҳои хонашин китоб хонанд? Онҳо китоб хонда чӣ кор мекунанд? Коргари давлат ё муаллим набошанд... Ин аст ҷавобҳое, ки мо аз аксари мусоҳибони хеш мешунавем. Магар мутолиаи китоб фақат барои муаллим ва коргар будан аст? Агар ба дигар таърифу тавсиф ва шарҳу тавзеҳҳое, ки донишмандони олам барои китобу китобхонӣ гуфтаанду навиштаанд, танҳо як омилро ба эътибор гирем, кифоя аст, ки аҳамияту арзиши китобхониро дарк намоем. Ва ин ҳам оромбахшии он аст. Ҳеҷ василае ба мисли китобхонӣ ба инсон оромиш бахшида наметавонад. Вақте мо ҳар рӯз як ё ним соати хешро ба мутолиа мебахшем, мисли он аст, ки аз як дарси равондармонӣ гузаштаем. Махсусан дар ҳоли ҳозир, ки гирифторӣ ба фишорҳои руҳӣ миёни аҳли ҷомеа, новобаста аз синну сол зиёд, шуда истодааст.
Вақт нест!
Баъзеҳо баҳона пеш меоранд, ки вақти холӣ барои китобхонӣ надоранд. Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ин ҷуз баҳонаи маҳз чизи дигаре нест.
Агар мо махсусан барои занҳои хонашин –вақти назди ошёнаҳои истиқоматӣ соатҳо истодану даробарои одамони шиносу ношиносро ба ҳисоб гирифтан, маъракаороиҳои беҳисоби “номусакӣ” кардан, бо ҳамсояҳо барои ҷангу пархоши фарзандони якдигар кашмакашӣ кардану соатҳо аз тамошои силсилафилмҳои туркиву ҳиндӣ чашм наканданро ба ҳисоб гирем, муболиға ҳам шавад, дар ин муддат тамоми китобҳои бадеии ҷаҳонро метавонем мутолиа намоем.
Монеаҳо дар китобх онии занон
Омили дигаре, ки барои китобхонии занҳои мо монеа пеш меорад, ин “сиёсат”-и “калон”- ҳои хона аст. Агар “ҳокимон”-и занҳои хонашини мо, аз қабили хусуру хушдоман ва шавҳар дарк намоянд, ки соате ба китобхонӣ машғул шудани келини хона ва модари фарзандон ин пешгирӣ аз муноқишаҳои бемаънои оилавӣ, беҳтарин ва пуртаъсиртарин омили тарбияи хуби фарзандон ва афзояндаи фарҳангу маърифати хонадон аст, ҳеҷ гоҳ ба ин монеъ нахоҳанд шуд. Аммо афсӯс, ки мо ҳамоно пойбанди андешаҳои ҷомеаи ба гуфте “суннатӣ” ҳастем ва вазифаи занро аз рӯфтану пухтану шустану гап нагардонидан иборат медонему халос. Ҳол он ки таълиму тадриси мард хусусияти фардӣ дорад, аммо таълими зан ба маъноест, ки ҷомеаеро таълим дода бошем.
Устуворӣ дар мушкилот
Мо аз забони як зани хонашин, ки айни ҳол ба синни нафақа расидаасту дар сояи шавҳару наберагон давлати пирӣ меронад, нақлеро шунидем, ки хеле ҷолибу хотирмон буд. Ҳамсуҳбати мо нақл кард, ки рӯзгори сахту пурмашаққатеро дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва паёмадҳои баъдии он аз сар гузаронидааст.
-Тарбияву нигоҳубини як хона фарзанд бо вазниниҳои дигари рӯзгор бар зиммаам буд. Аммо дар баробари ин ҳама вақте фарзандонамро ба мактаб гусел мекардам, соате вақт ҷудо намуда, китоби бадеӣ мутолиа менамудам.
Ва ҳатто бештари китобҳои бадеиро сари гаҳвораи фарзандони ширхораам мутолиа кардаам, - мегӯяд ӯ. -Дар ҳамон замони пурмашаққат, ки зиндагии сахту фақиронаеро аз сар мегузаронидем, ба мушкилии дигаре дучор шудам. Шавҳарам бо вуҷуди оиладорӣ пойбанди фитнаи зани дигаре гардид. Бори аввал, инро ҳис кардам, гӯё зиндагӣ маънояшро гум кард. Мисле, ки дигар хоҳиши зистан боқӣ намонд. Дар ҳолати муқаррарӣ ман бояд роҳи дигар, аз қабили сӯиқасд ба ҷони худу тарсонидани атрофиён, қаҳр карда ба хонаи волидон рафтан ё ҷанҷолҳои беохири хонаводагӣ ба роҳ андохтанро пеш мегирифтам.
Аммо китобҳои хондаам бароям роҳи дигареро нишон дод. Заковате, ки ман аз мутолиаи он китобҳо дарёфта будам, бароям фаҳмонид, ки ҳастии фарзандонам, ба онҳо муҳаббат бахшидану зеҳнашонро аз хушунату бемеҳрӣ дур нигоҳ доштан чӣ неъмати бузург дар баробари мушкилиҳост. Бо ҳамин фикр ман роҳи сабру таҳаммул ва ботадбир ба мушкилот мубориза бурданро пеш гирифтам. Ҳамон тамкину таҳаммул, азхудгузаштагӣ ва пойбанди хашму ғазаб нашудан, ки ман аз қаҳрамонҳои китобҳои мутолиакардаам омӯхта будам, оилаамро аз вайронӣ наҷот доданд. Дуруст аст, ки сипарӣ кардани он лаҳзаҳо осон набуд, аммо подоши сабре, ки дар баробараш кардам, аз он ранҷҳои кашида бештар аст. Ҳамааш гузашт, боз мо ба қадри ҳам расидем ва мо имрӯз оилаи бузургу тифоқеро дорем.
Даъват
Занҳову модарони азиз! Китоб беғаразтарин дӯсту маслиҳатгари инсон аст. Дуруст, ки дар зиндагӣ ҳама соҳибмаълумот шудаву донишгоҳи олӣ хонда наметавонад. Аммо ҳама соҳибмаърифату бофарҳанг шуда метавонад.
Пас, биёед баҳона наҷӯему соате барои мутолиаи китобҳои бадеӣ вақт ҷудо кунем ва беҳтарин намуна барои фарзандони худ бошем. Халои зиндагии хешро бо мутолиаи асарҳои ибратомӯз пур намоему дар муқобили мушкилоти зиндагӣ истодагарӣ карданро омӯзем. Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ рафи китобхонаҳо пур аз китобҳои бадеӣ асту аз мо танҳо ҷуръати иқдом лозим аст! Биёед, воқеан китобхон шавем!
Райҳона Раҳматова,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00