Омӯзгор ва рӯзноманигор дар хизмати ҳарбӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 339
Ватан беҳтарин ва арзишмандтарин ганҷинаи бебаҳо аст. Дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу буми он қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди бо нангу номус ба шумор меравад. Қаҳрамонони матлаби мо ду нафар омӯзгорон мебошанд, ки даъвати тирамоҳии соли 2023 ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, инак, панҷ моҳ мешавад, ки дар қисми ҳарбии 13483, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, адои хизмат доранд.
Яке аз онҳо ассистенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Исмоил Муслимов ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Восеъ Раҳмоналӣ Раҷабзода мебошанд.
Пеш аз оне, ки Исмоил ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвандад, тӯли ду сол дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи журналистика фаъолият дошт.
-Таъкидҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо - ҷавонон рӯҳияи ватандӯстӣ бахшида, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии мо-омӯзгорони ҷавонро баланд менамоянд. Маҳз, ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бипайвандам, -мегӯяд И. Муслимов.
Раҳмоналӣ Раҷабзода низ яке аз ҳамкорони мо буда, хатмкардаи риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад. Пас аз хатми донишгоҳ таҳсилро ба ҳайси магистрант дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Москва идома додааст. Ба зодгоҳаш баргашта, дар ноҳияи Восеъ ба вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 таъйин мегардад.
Вақте ба Тоҷикистон меояду ба фаъолияти омӯзгорӣ мепардозад, ҳар рӯз ҷавононеро, ки ихтиёран ба сафи артиш мепайвастанд, дида, ӯ низ орзу мекунад, ба хизмати аскарӣ раваду қарзи шаҳрвандии худро адо кунад.
Исмоил Муслимов иброз медорад, ки пеш аз оне, ки ба хизмати ҳарбӣ пайвандад, ҷавонон – дӯстону бародарони пеш хизматкарда, доир ба хизмати ҳарбӣ ҳар гуна нақлу ривоятҳои манфӣ менамуданд.
-Худ рӯзноманигор ҳастам, хостам, ки ин ҳама ривояту нақли онҳоро бинам. Пас аз пӯшидани либоси ҳарбӣ, шахсан шоҳиди он шудам, ки ҳамаи сухан, нақлу ҳикоя ва хотираҳои онҳо бофтаву дурӯғ ва асоси воқеӣ надоранд, -нақлашро идома медиҳад Исмоил. - Имрӯз ҳамаи шароитҳо барои адои хизмат муҳайё гардидааст.
Ҳар ду қаҳрамони мо, ки дар як қисми ҳарбӣ адои хизмат доранд, дар суҳбат ба мо иброз медоранд, ки шароити будубоши сарбоз дар қисмҳои ҳарбӣ рӯз то рӯз хубтару беҳтар гардида истодааст. Имрӯз майдонча ва толорҳои варзишӣ, утоқу толорҳои калону барҳавои фарҳангӣ ва фароғатӣ, китобхонаву марказҳои истироҳатӣ пурра дар ихтиёри сарбозон мебошанд. Сарбозонро лозим аст, ки ин ҳама имкониятҳоро самараноку мақсаднок истифода бурда, ҷавонон худро руҳану ҷисман обу тоб дода, барои ҳаёти мустақилонаву набардҳои зиндагӣ омода шаванд.
Сарбоз Исмоил Муслимов мегӯяд, ки хизмати ҳарбӣ бо чанд бартарии худ аз ҳаёти муқаррарӣ фарқ дорад. Масалан, бо реҷаи кор амал кардан, мунтазам машғул шудан ба варзиш, аз ҷумлаи инҳо мебошанд. Дар баробари гузаштани дарсҳои сиёсӣ усулҳои муҳофизати марзу бумро меомӯзанд, то ватанро аз душманон мудофиа кунанд.
-Дар муддати кутоҳе, ки мо дар қисми ҳарбӣ қарор дорем, бисёр лаҳзаҳои хотирмонеро паси сар намудаем. Ҳангоми дарсҳо ба шогирдон аз даврони донишҷӯӣ ёдовар мешудам. Фикр мекардам, ки ба ҷуз донишҷӯӣ ҳеҷ давраи дигар хотироти ширин надорад. Ин фикр замоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастам, ба куллӣ тағйир ёфт, - мегӯяд Р. Раҷабзода.
Сарбозон Исмоилу Раҳмоналӣ ба ҳамсолон ва ҷавонони Тоҷикистон муроҷиат намуда, даъват аз он доранд, ки ба ҳар гуна овозаву суханҳои беҳудае, ки имрӯз миёни ҷомеа паҳн шудаанд, бовар накунанд. Ҳамаи онҳо ба ҷуз буҳтон, хаёлбофиву дурӯғ дигар чизе нестанд.
-Аз ин рӯ, аз ҷавонон ва ҳамсолонам даъват менамоем, ки довталабона омада, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, ҷавонмардона, содиқона, софдилонаву сарбаландона, баҳри ҳифзи марзу буми Ватан, баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат омада, хизмати Ватан-Модарро адо намоянд ва ҳамеша муҳофизи якпорчагии кишвари биҳиштосо бошанд.
Амал ва кору фаъолияти ин ду ҷавони ватандӯст намунаи ибрати дигарон аст. Зеро онҳо фаъолият ва дигар манфиатҳои шахсиашонро як тараф гузошта, барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ба сафи Артиши миллӣ шомил шуда, имрӯз ҷавонмардона, дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бастаанд.
А. Абдулмаҷид, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...