Мақсад - баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 210
Эълон гардидани соли 2024 - “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ба вуқуъ пайваст, иқдоми навбатии беназир дар самти рушди фарҳанги ҳуқуқии аҳолии кишвар мебошад.
Талаботи асосӣ барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ин доштани сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ буда, донистани падидаҳои муҳими ҳуқуқиву давлатӣ барои худогоҳӣ ва дар навбати дигар ташаккули давлат ва ҳуқуқ, умуман рушди босуботи фарҳанги ҳуқуқӣ, ки аз он ҳосил мегардад, аз ҷониби аҳолӣ ва хосатан ҷавонон, як амри зарурӣ мебошад.
Фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ давлати ҳуқуқбунёд аст, сатҳи дониши ҳуқуқӣ, дарки қонунҳо, қобилияти истифодабарӣ ва татбиқи онҳоро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт тақозо менамояд.
Хусусиятҳои хоси фарҳанги ҳуқуқии инсон ин сатҳи дониши ҳуқуқии онҳо, донистани қонунҳои амалкунандаи кишвар, риоя, иҷро ва истифодаи ин қонунҳо мебошад.
Дар ҷомеаи шаҳрвандии рушдёбанда ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аҳамияти хоса дошта, мутобиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Дар ин замина, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолии кишвар, дар маҷмуъ ва махсусан фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун насли нав, самти муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мантиқист, ки ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ аз сиёсати ҳуқуқии давлат бевосита вобастагӣ дорад.
Агар сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии аҳолии кишвар баланд бошад, сиёсати ҳуқуқӣ ба таври муассир ташаккул меёбад, зеро донистани қонунҳо ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар чорабиниҳои ҳуқуқӣ, давлатро ба қабул намудани меъёрҳои ҳуқуқии зарурӣ ва такмил додани низоми қонунгузорӣ ҳавасманд мегардонад.
Волоияти қонун, давлати ҳуқуқбунёд ва рушди муттассили ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси фарҳанги ҳуқуқӣ ташаккул меёбад ва тибки муқаррароти моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар давлати ҳуқуқбунёд зиндагонӣ дорем. Барои он, ки волоияти қонун, адолат, инсондӯстӣ, иҷрои бошууронаи вазифаҳои конститутсионии ҳар шахс дар назди давлат ва эҳтироми ҳуқуқу озодииҳои асосии инсон ва шаҳрванд риоя гардад, сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ махсусан ҷавонон бояд баланд бардошта шавад.
Дар ин асос ироаи ҳар як Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат маҳсуб ёфта, дар он ҷанбаҳои гуногуни сиёсати давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дастоварду комёбиҳои соли қаблӣ ҷамъбаст гардида, дурнамои як соли минбаъда ва ҳадафҳои асосӣ муайян карда мешаванд. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид.
Ворид шудан ба ин роҳи таърихӣ ва бунёди давлати навини миллӣ кори саҳл ва осон набуда, дар масири таърих мушкилоту монеаҳои сангин ба сари миллат ва давлати миллӣ ба бор омаданд, ки раҳоӣ аз чунин қисмат басо душвор ва гарон буд. Хушбахтона, бо ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, фаъолияти пурмаҳсули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, марҳила ба марҳила ба ин давраи рушди худ расидем. Расидан ба ваҳдат, сарҷамъӣ ва муттаҳидии миллат ба омилҳои гуногун вобастагии амиқ дорад.
Аввалин ва асоситарин омиле, ки ба истиқлолияти комил ва давлати миллии хеш мардуми Тоҷикистон расид, пайгирӣ аз сиёсати давлатсозии Пешвои миллат мебошад.
Дар Паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат ба масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ, муқовимат ба экстремизму терроризм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ин падидаҳои манфии ҷамъиятӣ аз нигоҳи танқидӣ баҳогузорӣ мегарданд.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуда, иброз доштанд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Ҳамчунин, вобаста ба он, ки соли 2024 ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад, чунин иброз доштанд: «Қабули Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Бо назардошти муҳимияти ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба ифтихори ин санаи бузург ва муҳими таърихӣ Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад ва ин пешниҳоди навбатии Пешвои миллат, пешниҳоди саривақтӣ ва зарурист. Он имконият медиҳад, ки донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ боло бурда шавад.
Бояд гуфт, ки Роҳбари давлат ба масъалаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста диққати ҷиддӣ дода, дар Паём и худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декабри соли 2021 сол низ ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ истода гузашта, пурз ӯр намудани баландбардории маърифати ҳуқуқиро зикр намуда буданд.
Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони соҳибистиқлолии кишвар як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гаштаанд.
Дари ин хусус Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9-уми апрели соли 1997, таҳти № 691 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, таҳти №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» сари масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар қабул гашта, дар ин асос санадои муҳими ҳуқуқӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон -“Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2009-2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2019, таҳти №253 тасдиқ ва он амалӣ гардид.
Баъди иҷрои муваффақонаи ин Барнома, санади навбатӣ дар ин самт -“Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019 таҳти №599 тасдиқ гашт. Айни замон дар доираи ин Барнома аз тарафи тамоми бахшҳои марбутаи давлатию ғайридавлатӣ, корхонаҳою муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон дар роҳи амалӣ гаштани ин барномаи муҳими ҳуқуқии барои ҷомеа зарурӣ корҳои лозимаро анҷом дода истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки мо дар баробари қабули Конститутсияи миллии хеш эълон намудем, ки ҳадафи олии мо ин бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад.
Мақсади асосии нуктаҳои Паём вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ва пурра дарк намудани талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар байни аҳолӣ ба шумор меравад.
Яке аз ҳадафҳои асосии Паёми имсола ин баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми кишвар ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар буда, вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки Барномаи давлатиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таҳия карда, чораҳои заруриро вобаста ба некуаҳволии мардум андешад. Таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ин ҳадафи олии давлат буда, меҳвари асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медихад.
Ҳамчунин, ҳангоми ироаи Паём аз тарафи Президенти кишвар баҳри баланд бардоштани соҳаи иқтисодии кишвар, бахусус дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва соҳибкорон махсус истода гузаштаанд, ки ин тадбир низ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар кишвар бисёр саривақтӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ҳар як шахси масъулро зарур аст, фаъолияти кории ҳаррӯзаи худро дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҳар як дастуру супоришҳои онро сармашқи кори худ қарор дода, дар амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар ҳиссагузор бошем.
Дар маҷмуъ, муҳтавои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии кишвар, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва таъмини сулҳу суботи комил дар кишвар равона гардида, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки фаъолияти кории хешро софдилона ва поквиҷдонона иҷро намуда, дар амалӣ намудани ҳамаи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар саҳми назарраси худро гузорем.
Итминони комил дорам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва дигар шахсони масъули вилоят дар ҳамкории зич бо ҷомеаи шаҳрвандии Хатлонзамин чун ҳарвақта таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат содиқ будани худро ба Ватан ва халқу миллат нишон дода, ҳамаи вазифаҳои дар наздамон гузоштаро сарбаландона иҷро менамоем ва ҷиҳати таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва сулҳу суботи комил саҳми арзанда мегузорем.
А. Н. НА ЗАРЗОДА,
прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...