Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » СОМОНИИ НАВ БА ТАХТИ СОМОН ОМАД


СОМОНИИ НАВ БА ТАХТИ СОМОН ОМАД


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳбуби халқи тоҷик, азизи ҳар хонадон гардидааст. Ӯ, пеш аз Сарвари давлат интихоб шуданаш, бо ҳаёт, тарзи зисту зиндагии деҳқонон, мардуми гуногунтабақаи кишвар аз наздик шинос буд. 

Дар лаҳзаи аввали ба ин мансаби олӣ интихоб шуданаш, бо дили пур ва қатъият дар назди ҷамъи вакилон чунин суханони ояндабинонаро гуфт: “... Тоҷикистони азиз, дар ҷомеаи ҷаҳон бояд ҷойи худро ёбад. Барои ин, пеш аз ҳама, ба мо сулҳ ва осоиш зарур аст”.

Ҳама гуна дигаргуниҳо, пешравиҳо ба номи Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Соли равон дар ҳудуди кишвар дар оғоз бахшидани корхонаҳои хурду бузург Сарвари давлат иштирок карда, ба бунёдкорони онҳо барору комёбиҳои беназир хост. Ба куҷое қадами мубораки Сарвари давлат расад, он ҷой гул мерӯяд, ба боғу бӯстон, ба маркази дилнишини аҳолинишин, ба як гӯшаи хушманзара табдил меёбад. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҳар сафар ба шаҳру навоҳии кишвар бо таассуроти нек баргашта, соҳибистеъдодҳои ҷавону ташаббусҳои неки одамони касбу кори гуногунро ҷонибдорӣ мекунад. Кори шоистаи соҳибкорзане аз вилояти Суғд ба Сарвари давлат писанд омад, ки ба парандапарварӣ машғул буду бо истеҳсоли гӯшти парҳезӣ сокинонро таъмин мекард. Барои зиёд кардани саршумори паранда ба соҳибкор маслиҳати муфид дод.

Сарвари давлатро ҳангоми сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сокинон бо як самимияти хос истиқбол мегиранд. Мардум меҳру муҳаббати бепоёни хешро ба шеър ифода мекунанд. Вақти сафарҳо Роҳбари давлат баҳри пешрафти кору ободонии меҳан пешниҳодҳое мекунад, ки аз ҷониби мардум пазируфта шуда, амалӣ мегарданд. 

Мардуми шарифи ҷумҳурӣ аз иқдомҳои Президент шоданд, аз дилу ҷон, бо амри виҷдон онҳоро дастгирӣ менамоянд. Масалан, Сарвари давлат соли гузашта ба халқи кишвар хабари хуш расонид. Супориш дод, ки аз ҳисоби фонди Президент асари безаволи академик Б. Ғафуров “Тоҷикон” то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, ба ҳар як хонадони кишвар ройгон расонда шавад.

Ин ғамхорӣ ва ояндабинии Сарвари давлат имкон фароҳам меоварад, ки мардуми кишвар ба таърихи пуршараф ва ғании хеш шинос шуда, аз он ифтихор намоянд ва бо қувваву ғайрати нав Тоҷикистонро ободу зеботар намуда, ба диёри зебо ва биҳиштосо табдил диҳанд.

Солҳо, асрҳо мегузаранд, вале иқдомҳои созанда ва амалҳои хайрхоҳонаву ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хотири мардуми Тоҷикистон фаромӯш намешавад. Зеро ӯ дар солҳои навадуми қарни бист миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дошт, сарзамини аз ҷанг харобгаштаро аз нав обод кард, дунёи ғамро ба олами шодӣ табдил дод. Дар ин бора, адибон асарҳои пурарзиш офаридаанд:

Андар тани миллати куҳан 

ҷон омад,

Бо ҳукми қазову амри Яздон омад.

Аз пушти ҳазор соли навмедиҳо,

Сомонии нав ба тахти 

Сомон омад.

Ман ба ҳайси рӯзноманигор дар Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон    иштирок  доштам. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш  чунин гуфт: “Ман ба шумо сулҳ меоварам... Дар ин роҳ лозим  шавад, ҷони худро нисор мекунам”. Мардум ин суханонро шунида, ба ояндаи неки кишвар боварӣ ҳосил карданд. 

Ба ман муяссар гардид, ки дар ин ҷо бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбат намоям. Масъалаи аввал бо дархос-ти мардум муттаҳидшавии собиқ вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа буд, ки амалӣ гашт. Хоҳиши журналистони рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”-ро дар бораи мулоқот расондам. Ин вохӯрӣ хеле хотирмону шавқовар сурат гирифт.

Баъди вохӯрӣ ҳамкурсам, корманди рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” Ҳасанбой Шарифов ин мисраъҳоро қироат кард:

Ҳар куҷо инсони комил давлат

 аст,

Ҳар куҷо инсони комил неъмат

 аст.

Ҳар қадар инсони комил шуд 

фузун,

Рӯи тоҷик боз гардад лолагун.

Имрӯз оламиён аз неруи ваҳдатофарии Сарвари давлати мо ибрат гирифта, онро меомӯзанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд: “То як тоҷик берун аз Тоҷикистон аст, худамро ором ҳис намекунам”. Бо ҷаҳду талошҳои Ҷаноби Олӣ ҳамаи гурезаҳо ба ватан баргашта, ба корҳои фоиданок машғул шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, мегӯяд: “Ватани худро дӯст доред...”. Ин маънои бузурги илмиву фалсафавӣ дошта, ҳар як сокини кишварро ба дӯст доштани ватан водор месозад. Зеро Модар-Ватан муқаддас аст. Вақте ки Президенти кишвар барои садоқат ба халқу ватан бо шири сафеди модараш савганд ёд кард, бовариву эътиқоди мардуми кишвар ба ӯ боз ҳам зиёдтар гашт. 

Дар яке аз сафарҳо ятиме дар назди Роҳбари давлат ин шеъри пурмазмунро қироат кард:

Дигар ба умр фикри ҳаводис 

намекунам, 

Дилро  макони ҳасрати ворис 

намекунам.

То он ки дасти шавқати ту 

мерасад ба мо,

Дарди гарони бепадарӣ ҳис 

намекунам.

То вақте ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвар аст, мардуми кишвар орому осоишта, хушу хуррамона зиндагӣ карда, аз бахту иқболи баланди худ меболанд, ифтихор аз Сарвари ғамхору мададгори худ мекунанд. 

 

Б. САЙДАЛИЕВ,

узви ИЖТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода