Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ДАР ЁДИ НОЗАНИН


ДАР ЁДИ НОЗАНИН




Азимхӯҷа Баҳоваддинов, донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, аз шаҳри Исфара
(Ба озмуни "Олиҳаи меҳр")

Ману Амонуллоҳ барои падару модарам ягона такягоҳу дастёр ҳастем. Онҳо моро “ду писарам, тоҷу нигини сарам” гӯён, навозиш мекунанд. Ман нисбат ба Амонуллоҳ нозпарвард калон шудаам. Аз рӯи нақли волидонам ман баъди ҳафт соли оиладориашон ба дунё омадааму ба зиндагиашон рангу таровати дигар бахшидаам. Агар чизеро аз онҳо хоҳиш кунаму баъдан «гирифта медиҳем» гӯянд, чун саги хонаамон Барсик ба замин худро партофта, то хоҳишамро ба ҷо наоранд, аз ҷоям намехестаам.

Даврони мактабхониро хубтар дар ёд дорам. Бино ба сабаби дастаи футболбози дӯстдоштаам Роналду мағлуб шуданам як моҳ ба мактаб нарафтаам. Ҳарчанд муаллимонам “бачаатонро аз ҳад зиёд эрка калон кардаед” гӯён падару модарамро сарзаниш кунанд ҳам, онҳо хафа намешуданд ва барояшон хоҳиши ман болотар аз ҳама чиз буд. Баъзан модарам худ ба худ мегиристанд. Дар аввал фикр мекардам, ки шояд аз ҳад зиёд эркагӣ карданаму аз барои ман аз муаллимони мактабам гап шуниданашон он касро хафа карда бошад. Баъдан аз нақлҳояшон фаҳмидам, ки марги бармаҳали хоҳаркалонам Нозанин, ки нахуст фарзанди падару модар буд ва ман ӯро ҳеҷ гоҳ надидаам, ҳар замон дили модарамро ба дард меовард. Дар сари оташдон хӯрок мепухтанду Нозанинро бисёр таърифу ситоиш мекард. Ба қароре омадам, ки аз рӯи нақли модарам ба ёди хоҳарам ин ҳикояро нависам.
РУҶӮИ МОДАР
-Оча, очаҷон, ман омадам. Дастони хурдакак дар гарданам ҳалқа шуданд.
— Ҷони оча, ширини оча, духтари ягонаи оча,-гуфтаму ба оғӯш гирифтааш. Аз ӯ бӯйи хуши гаҳвора меомад.
Оҳ, чӣ қадар ин бўйро хуш дорам, чӣ қадар ин бўйро пазмон будам. Дилам гум мезад аз ин бӯй, аз ин рӯй, аз ин тифли ширини маъсум.
—Нозанин, Нозанинҷони оча,-гӯён аз сару рӯяш мебӯсидам. Ашки чашмам шашқатор мерехтанд...
Дилам мегуфт: духтари ягонаатро, аз оғӯш раҳо макун, ки ӯ мераваду дигар барнамегардад.
Аз ин рӯ, ӯро, он ҷону ҷигарамро сахт оғӯш мекардам.
— Нозанин, Нозанинҷон, ҷону ҷигарам, ман туро дигар сар намедиҳам, намемонам, ки аз оғӯшам равӣ...
Он духтари шӯху ширину дӯстрӯякам механдид, баланду ширин  механдид.
Оҳ, чӣ шуду ӯ аз дастам раҳо хӯрд, ба сӯи само гӯё оҳиста-оҳиста қадам зада мерафту ман ба ӯ расида наметавонистам.
— Эй Худои меҳрубон, фарзандамро ба ман бозгардон. Оғӯшамро тиҳӣ макун.
Охир, ман модари танҳоям. Эй Худои меҳрубон. “Нозанин, Нозанинҷони модар”- гӯён фиғон мекардаму ду даст сӯи само медавидам. Ногоҳ пешпо хӯрда, афтидам...
Аз сӯзиши миён бедор шудам. Аз кат рӯи фарши хона афтида будаам.
Шабона қалбам тез-тез метапад. Нафасам дар гулӯ мепечид гумон мекардам, ки ин шаб саҳар надорад. Берун баромадам. Дар само ситораҳо чашмакзанон медурахшиданд. Дар байни онҳо ҷигарбандамро меҷустам. Само пурситора. Бӯйи гулҳои навшукуфтаи рӯйи ҳавлӣ ба машомам мерасид. Лекин маро бӯйе хуштар аз бӯйи гаҳвора ва тифли ширмакам Нозанин набуд.
Рӯи ҳавлӣ қадам задам. Ёдам омад аввалин қадаммонии духтарчаам.
— Оҳ, садқаи духтарчаи хушрӯй шавам, дар қадамакот бимирам, ку биё, ман туро бибӯсам.
Ӯ завқ мекард. Як қадам, ду қадам мемонду ба сӯи ман гӯё бол мекушод, дастаконашро кушода, гўё мегуфт: «Маро дор». Дилам пур аз фараҳ мешуд. Худро хушбахттарин модар эҳсос мекардам. Дунёям, буду шудам, ҳама орзуям ин фарзанди ягонаам буд, вале гоҳе метарсидам. Метарсидам, ки ин дурри ноёбамро гум кунам. Аз он суханони худам, ки замоне ба Худованд зорӣ карда: «Эй Худои меҳрубон, як бор маро модар бикун, аз заҳри забони баъзеҳо нигаҳ дор, як бор фарзанд бидеҳ, баъд ӯро гирӣ ҳам ихтиёрат». Аз чӣ бошад, аз суханони ногаҳон гуфтаи худ, «...баъд гирӣ, ихтиёрат» дилам таҳ зад, аз гуфтаам пушаймон шудам. Баъди фарзанддор шудан гуфтам: «Худоё, маро бубахш, ба он суханони беандешона гуфтаам, он хоҳиши намудаам, маро танҳову зор накун...».
—Нозанинҷон, ту куҷоӣ, биё, биё, ин ҷигари садчоки маро даво бахш, ман туро ёд кардам, ёд...
Ӯ меояд, дар хаёлам, дар ёдҳоям.
— Оча,- ин нахустин калимаро ончунон ширину форам, чунон бо меҳр мегуфт, ки дилам лабрез аз меҳр мешуд, бо як ҳаяҷони зиёд ба чашму абрӯи сиёҳ, ба рухсораҳои софу беғубораш менигаристаму сер намешудам.
Ҳар лаҳза, ҳар соат, ҳар рўз Нозанини шаҳлочашмам калонакак мешуд, боз дилработару ширинакак мешуд. Гапакош ҳам дилкаш буду хандаҳояш ҳам ва ҳатто гиряаш зебо буд. Вале ман намегузоштам гиря кунад. Ў худаш хандонрўй буд... Пинҳон мешуду бо нигоҳи гармаш гўиё мегуфт: -Оча, ана ман... садояш маро асир мекард, меҳри модарӣ чунон боло мегирифт, ки худро фаромўш мекардам.
— Ҷонаки ман, азизаки дили ман, умеду орзуи ягонаи ман, биё, биё, ки ба банди дилам туро ҷой кунам. Оғўш мекардам. Мўйҳои сиёҳашро сила мекардам, аз рӯй ва чашмони сиёҳаш бӯса мекардам. Аз бӯяш, аз рӯяш серӣ надоштам... Имрўз, бошад оғўшам тиҳӣ аст, маро хумори Нозанини ягонаам гирифтааст.
Шабе нест, ки хоб набинам ва ё дар хаёлаш набошам...
     Як шаб хоб дидам ӯро. Дар лаби дарёи равон. Ҳамроҳи ӯ қарор дорем. Ғофил мондем, ногаҳ аз дастам раҳо шуд. Қад-қади дарё медаваму Нозанин, Нозанини маро наҷот диҳед-гӯён фиғон дораму касе ба додам намерасад.
Дасте ба рӯям меояд. Бедор мешавам, Нозанинаки ман болои ҷойгаҳ нишастаасту маро бедор мекунад ва гӯё бо нигоҳе маро мефаҳмонад:
— Оча, оча, гиря накунед, ана ман.
Хестаму ӯро оғӯш кардам.
— Ҷонам, ҷигарам, ман туро дигар аз даст намедиҳам. Аз оғӯшам раҳо намекунам. Не, не, ту бояд бо ман бошӣ, бо ман бимонӣ.
    Ӯ бехабар аз бадкориҳои қисмат механдид.
— Оча, ана ман...
    Намедонам, чаро ӯ ин ишораро тез-тез ба ман мефаҳмонид. Шояд медонист, ки ягона орзуям, умедам танҳо худи ӯст. Аз он рӯз, инҷониб аз он хоби дидаам доимо дар ҳарос, дар тарс будам. Шабҳо борҳо хеста, ба рӯяш назар мекардам, ба нафаскашияш гӯш медодам. Дар хобаш ҳам табассуми кӯдакона дар лабонаш гул мекард.
Дилам ором мешуду сар ба болин мемондам ва аз Худо илтиҷо мекардам:
«-Худоё, Худовандо, ин шубҳаҳоро аз дили ман дур кун, ман бе Нозанин, бе ҷигарбандам вуҷуд дошта наметавонам. Эй Худоҷон, раҳми бандаи гунаҳкоратро бихӯр. Маро аз ин андешаҳо дур кун». Хобам рост баромад. Дар рӯзи равшан, дар пеши чашми наздиконам ӯро барқ зад. Ноқили барқии аз симчӯби рӯи ҳавлӣ кандашуда ӯро кушт. Фиғон карда, худро ба рӯяш партофтам, ӯро ба оғӯшам гирифтам.
— Нозанин, Нозанинҷон, ҷону ҷигари оча, қанду асали оча, чашмакони нозанинатро кушо. Эй, Худо, эй мардум, духтарчаамро ба ман баргардонед, эй Худо....- гуфтаю рӯю мӯй кандам.
Ӯро, духтари зебою азизамро, аз ман бурданд. Ба он ҷое бурданд, ки ман рӯи ӯро дигар дида наметавонам, ба оғӯш намегирам, садои хандаҳояшро намешунавам, ӯ дигарбора барнамегардаду «Оча, очаҷон»-гӯиҳояш ба гӯшам намерасад. Ў дар он ҷо танҳою ман танҳо дар байни чаҳор девори қисмат. Он рӯз дарк кардам, ки фалак аз ман хам бечоратар будааст.
Рӯзҳо, солҳо мегузаранд. Ман ӯро гум кардам, танҳо мондам. Чун дарахти танҳо, чун парандаи беболупар, чун шахси бемуттако... Ва шабҳо аз хоб мехезаму ба ҷойи хобаш менигарам. Ӯ нест.
Дилам менолад.
—Нозанин, ҷони оча, ту дар куҷоӣ, ман туро меҷӯям охир.  Ман мондааму ашкам, дили пур аз дардам.
— Оча, очаҷон, ана ман..., ин садо ба гӯшам меояд. Баргашта ба қафоям менигарам. Ҳеҷ кас нест.
Шаб саҳар мешавад. Шаб чодари худро меғундорад, ситораҳо низ аз дур назар мешаванд. Мурғакон ба наво меоянд. Насими саҳарӣ сару рӯямро панҷа мезанад.
Хаёл мекунам, ки ҳеҷ чизро намебинам, намешунавам. Танҳо ӯро меҷӯям.
—Нозанин, биё, модари танҳоятро азоб надеҳ.
Биё, ҷони оча... Чашмони пурашкам раҳ мепоянд ва ба лабони хушкам об мечаконанд. Аз паси пардаи ашк ман ўро мебинам, меёбам.
— Оча, ана ман...
 Ин садо шабу рўз дар гӯшам садо медиҳад, маро ба сӯи олами дард мебарад. Ғамҳоям қисса шуданд, оҳ шуданд, афсона шуданд.
 Биё, Нозанин , онҳоро ба ту мегӯям, то кӯҳи ғам аз дилам кам гардад.
Биё, Нозанин...
Бо ҳамин умед зиндагӣ дорам.
— Оча, ана ман....
Вуҷудам, ёди Нозанинам обу адо шудааст.
Ин ғамномаи модарам, ки ба ёди хоҳарам Нозанин аст, поён надорад. Ин дарди модар ба дастам қалам дод, рӯйи коғаз қисса кунам.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода