Тақдири Фазилатпошо (Ҳикоя)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 217
Бобои Абдукарим дар ҳамсоягии дӯсти замони кӯдакиаш Ҷӯрабек зиндагӣ мекард. Ҳарду ҳамсолу дар як вақт аз зодгоҳашон муҳоҷир шуда, дар деҳаи Навобод кӯч бастанд. Дар ҳама кор - шодиву ғам, шикасту рехт, тӯю маъракаҳо паҳлуи якдигаранд. Аммо солҳои охир, шояд бар асари пирӣ бошад, ки ба ҳамдигар дер-дер вомехӯрданд. Ӯ бо ҳар баҳона кӯшиш мекард зуд-зуд ба аёдати дӯсташ Ҷӯрабек равад.
Офтоб он рӯз зери абрҳои сиёҳ монда буду рӯз мисли шаб торик гашта. Бобои Абдукаримро чунин ҳаво асабӣ мекард. Устухонҳои пойю дастонаш зир-зир месӯхтанд. Аз дарди ҷонкоҳ ҷойи нишаст намеёфт. Ба гӯшҳояш ягон садое намефорид. Ҳатто кабк, ки аз ин гуна ҳавои форам ба ваҷд омада нағмасароӣ мекард. Дигар натавонист, ки дар як ҷой нишинад. Андеша кард, ба назди дӯсташ Ҷӯрабек рафта, каме бошад ҳам дилашро холӣ мекунад ва дарди ҷонгудози дасту пойҳояшро фаромӯш менамояд.
Ӯ тоқиашро ба сар карда, аз хона баромад ва ба назди дӯсташ Ҷӯрабек омад. Онҳо сари як пиёла чой ҳаёти гузашта, рӯзгору хислат ва амалҳои неки падару бобоёнашонро ёдовар шуда, даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр карданд. Чун одати ҳамешагӣ бобои Абдукарим дар дуои худ модари Ҷӯрабекро низ ёд кард. Чун номи модарро шунид, ашк дар чашмони фурӯрафтаи пирамарди бемор шашқатор шуд. Шояд солҳои дароз пирамард ашкҳои худро дар дилаш нигоҳ медошт, ки бечоранолӣ накунад, аммо имрӯз он ашкҳо чун пазмониҳои беохири фарзанд аз чашмонаш ҷорӣ мешуданд. Шояд ягона тасаллои дили пирамард ёди модар буд, ки ҳамеша дар зиндагиаш қувваю мадор мебахшид.
Пас аз нӯшидани чойи кабуди талх бобои Абдукари м аз дӯсташ узр хост, ки коре дораду бояд равад.Ӯ ҳис мекард, ки Ҷӯрабек хаста шудааст, бо ҳузури тӯлонии худ беморро беҳолтар мекунад. Мӯйсафед базӯр аз ҷой хеста аз ҳавлӣ баромад.
Дӯсташро гусел кард. Пир амард хост ба хонааш дарояд, аммо беих тиёр нигоҳаш ба хараки фарс уда, ки дар беруни ҳавлӣ пис араш барои нишастани ӯ сохта буд, афтоду оҳис таоҳис та ба он наздик шуд. Бо азобе бо дастонаш дошта, ба он нишаст. Аз дил гузаронд, ки каме болои харак нишаста, аз боду ҳавои тоза нафас мекашад, ана баъд, ба хона даромада хоб мекунад.
“Уф-ф!”, гӯён аз дил оҳи бадарде бароварду чашмонашро пӯшид. Вақтҳои охир ҳолатҳои барояш нофаҳмое вуҷудашро фаро мегирифт. Вай тез-тез гузаштагони худро ёд мекард. Дар бораи онҳо зиёд андеша менамуд. Баъзан ҳайрон ҳам мешуд, ки чаро гузаштааш уро ин қадар ба изтироб меорад? Охир, осон нест, он ҳамаро ба ёд овардану дигарбора сӯзишашро эҳсос кардан. Беихтиёр саҳифаҳои китоби умрашро варақгардон кард.
Дар зиндагӣ ҳама чӣ фаромӯш мешудааст, ҳатто дардро низ инсон аз ёд мебарорад. Аммо сӯзиштарин эҳсосе, ки то охири умр инсонро дар қабзаи худ нигоҳ медорад, ин аз даст додани модар будааст. Дар китоби ҳаёташ - умри рафта, рӯзгори вазнин дар кӯҳистон, оворагиву сарсониҳо, душманиву кинаву кудуратҳо ҳама навишта шуда буданд, аммо симои модар чун дурахшонтарин саҳифа, чун рӯшноитарин нури зиндагӣ дар он ҷойгоҳи махсус дорад.
Бисту панҷ сол дошт, ки ба ин макон муҳоҷир шуд. То муҳоҷирӣ дар Масчоҳи кӯҳӣ зиндагӣ мекард. Пирамард нағз дар хотир надорад, ки он вақт ӯ чандсола буд. Шояд даҳсола ё дувоздаҳсола. Ҳамон солҳо падараш Хӯҷабек дар деҳа меҳмонхонаи калоне бунёд кард. Чун ёру дӯст ва меҳмонони зиёд ба деҳа оянд, хуш қабул карда, бо обрӯ гусел намоянд.
Сохтани меҳмонхонаро дар фасли баҳор оғоз карданд. Онро то фасли тирамоҳ пурра сохта, дару тирезаҳояшро шинониданд. Андова ва дигар корҳои майда-чуйда низ ба анҷом расид. Акнун барои меҳмонхона гилеми калони яклухт бофташуда лозим буд, ки ба пуррагӣ фарши хонаро пӯшонад, то меҳмонон эрод нагиранду нагӯянд, ки Хӯҷабек меҳмонхонаи калоне бунёд кардаасту зӯраш ба як гилем нарасидааст.
Аммо он замон дар деҳаи аз ҳама дурдасти Масчоҳи кӯҳӣ пайдо намудани чунин гилеми калони яклухт бофташуда имконнопазир буд. Мардуми таҳҷоӣ танҳо аз пашми бузу гӯсфанд намадҳои хурду пашмин мебофтанд ва дигар аз ин зиёд ҳунар надоштанд. Барои пайдо кардани он ё ба шаҳри Истаравшан рафтан лозим меомад ё ба Хуҷанду дигар шаҳрҳои бузург. Ин, албатта, вақти зиёд, харҷи калон, гузаштан аз ағбаи Обурдон ва дигар мушкиливу хароҷоти зиёдеро талаб мекард.
Бо маслиҳати дӯстонаш падари Ҷӯрабек қарор дод, ки ба яке аз деҳаҳои кишвари ҳамсояи Қирғизистон ва ҳамсарҳад бо Масчоҳ, ки дар он ҷо дӯстони зиёд дошт, гоҳ-гоҳ барои савдо ва бозиҳои бузкашӣ равуо мекарданд, рафта, барои меҳмонхона гилем мефармояд. Медонист ва дида ҳам буд, ки бонувони қирғиз зимистону тобистон аз пашми бузу гӯсфанд гилему патҳои намадину зебо тайёр мекунанд. Чандин бор Хӯҷабек барои хонааш аз он ҷо гилему патҳои намадин харида буд. Ин фикри аҷиб Хӯҷабекро ором нагузошт ва ният кард, ки пагоҳ аз пайи ҳамин кор мешавад. Бо завҷааш-модари Ҷӯрабек, бонуи даҳ панҷааш ҳунар Фазилатпошои мардсифат, шаб маслиҳат намуда, субҳ бо ду ҳамдеҳааш ба роҳ баромад.
Ҷӯрабек фарзанди аз ҳама хурдӣ буд ва ду бародар - Усмонбеку Умарбек дошт. Пагоҳии ҳамон рӯз аз хоб хеста, давон-давон ба тарафи хонаи падараш рафт. Падараш дар хона набуд. Модарро ҷуста, ӯро дар ошхона дид, ки шир мепазад. Аз модар падарро пурсон шуд.
- Падарат субҳи барвақт баромада рафтанд. Баъди ҳафтае бармегарданд. Даромада хоб кун, ҳоло барвақт аст, - ба ӯ нигоҳе накарда, гуфт модар бо оҳанги тезу тунд.
Ҷӯрабеки хурдсол, ки ба навозишу меҳрубониҳои падару модар одат карда буд, ба чунин посухи модар андаке ранҷида, дигар ҳарфе нагуфт ва аз ошхона бошитоб баромада рафт, аммо нафаҳмид, ки чаро рӯҳияи модар хуб нест.
Садои набера Ҷӯрабекро аз хаёлоти пур аз ҳаводис берун намуд. Чашмони дардмандашро, ки бо гузашти умр хираву рангпарида шуда буданд, боз кард.
-Бобо, бобоҷон, модарам мегӯянд, ки бобоят ба хона дароянд, хӯрок мехӯрем,-бо шеваи ширин аз дасти бобояш дошта гуфт набера.
Ҷӯрабек дасташро бардошта, ба сари наберааш гузошту бо меҳрубонӣ сила кард ва бо нармӣ: -“Ту рафтан гир,ҷони бобо, ман баъдтар медароям, рав-рав, бачам”, - гӯён чашмонашро пӯшиду боз саҳифаи зиндагиашро дубора варақгардон намуд…
Он рӯзҳои наҳс ҳеҷ гоҳ аз хотираш намебарояд. Ҳар рӯз аз модар рӯзи омадани падарро мепурсид. Ба роҳ менигарист, ки кош падараш ояду мисли ҳарвақта ба асп савор кунад. Кош… Ба ҳамин минвол, бо интизориҳои зиёд чор рӯз гузашт.
Бегоҳӣ Хуршеди оламоро оҳиста-оҳиста ба хонаи худ мерафт. Дар кӯҳистон, кӯҳҳо, ки сар ба фалак кашида буданд, рӯйи офтобро пӯшонида, ҳаво зуд торик мешуд.
Ситораҳо як-як барои баромадан моил мешуданд. Сокинон гову моли майдаи худро оварда, ба оғилхонаҳо ҷой мекарданд. Ногаҳон аз он тарафи деҳа садои ҷорчиён баланд гашт. Онҳо хабар медоданд, ки Хӯҷабек аз сафари чандрӯза бармегардад. Ҳама тозон ба сӯйи садо давиданд. Модари Ҷӯрабек барои эҳтироми шавҳар, тибқи расму оини масчоҳиён, дар даст нону қанд роҳ пеш гирифт. Аммо хурсандии онҳо дер давом накард. Ҷилави аспи сиёҳи Хӯҷабек дар дасти яке аз ҳамроҳонаш ва ӯ дар болои асп бо як азоб дар ҳолати беҳушӣ, нишаста ва нафасаш ба зӯр мебаромад. Дар аспи дигар зани қирғизе дар сар рӯймол менишаст ва аз чеҳрааш маълум буд, ки аз тақдираш норозӣ аст. Вале чӣ кор ҳам мекард. Аз дасташ дигар коре намеомаду ба тақдираш аллакай тан дода буд.
Ҳамроҳони Хӯҷабек ба ҳамсараш фармуданд, ки тезтар ҷойгаҳи шавҳарашро омода намояд. Хӯҷабек нотоб шудааст. Дар деҳа он замон мисли ҳозира табиб ё духтур набуд, ки ба дарди бемор малҳам ёбанд. Танҳо муллои деҳа дуо мехонд ва аз Худо шифо талаб мекард. Дигар чӣ кор шуду чӣ аҳвол буд, намедонад. Ҳамин қадар дар хотираш нақш бастааст, ки он рӯз Ҷӯрабекро намонданд, ки ба назди падар дарояд. Баъди чанд муддат муллои деҳа аз дар берун шуд ва ба хешу табор нигариста гуфт: “Худо сабр диҳад, ҷояшро дар ҷаннат гардонад. Тайёриатонро дидан гиред”.
Баъди чанд рӯзи гӯру чӯб Ҷӯрабек фаҳмид, ки падараш қирғиздухтарро ба никоҳи худ дароварда, ба хона овардааст. Чун шарти падару модари қирғиздухтар чунин будааст: “Агар хоҳад ва розӣ бошад, Хӯҷабек духтарро, ки гилембофи моҳир буд, бар ивази қалин ба занӣ гираду ба зодгоҳаш барад.
Он қирғиззан, ба гуфти модар, ҳунарманду гилембоф будааст. Дар бораи ин зани гилембофи қирғиз дигар чизе дар хотираш нест. Бо гузашти вақт ва камол ёфтан Ҷӯрабек аз тақдири он қирғиздухтар аз бародараш пурсон шуд ва фаҳмид, ки падар он вақт дар миёни роҳ нотоб мешавад. Базӯр ба хона расида меояд. Тахмину гумонҳои зиёд буданд, ки чаро Хӯҷабеки солиму қавипайкар яку якбора бемор шудааст. Ҳатто овозаҳо ҳам дар байни сокинони деҳа паҳн гардид, ки гӯё Хӯҷабекро заҳр дода бо ҳамин роҳ ӯро аз байн бурдаанд…
Ҷӯрабекро садои мошини сабукрав, ки аз роҳ бо тезӣ гузашт, ба худ овард. Аз дарвозаи кушодаи ҳавлӣ ба сӯйи мошин ва баъд ба осмон нигариста, оҳи дарднок кашида, ғарқи дарёи хотир от шуд...
Баъди даргузашти фоҷеабори падар, бори гарони зиндагӣ ба дӯши модараш афтод. Зеро фарзандон ҳоло хурд буданд. Ҷӯрабек мушоҳида мекард, ки модар дар танҳоӣ ашк мерехт. Аз тақдири сиёҳаш менолид, лек ҳамаи онро аз фарзандонаш пинҳон медошт. Гӯё кореву гапе нашуда бошад, бовиқор, мисли уқоби кӯҳӣ сарбаланд мегашт. Боре ӯ субҳи барвақт аз хоб хеста, ҷома, салла ва маҳсии шавҳарашро пӯшида, худро чун мард вонамуд карда, ба асп нишасту ба тагоба - чарогоҳи тобистонаи молу чорво рафт. Мардуми деҳа ба ҳайрат омада, яке ӯро девона мепиндошт, дуюмӣ даст афшонда, роҳашро идома медод. Ин амали модар дар деҳа зуд аз даҳон ба даҳон гузашт. Хешу наздикон насиҳат мекарданд, ки чунин рафтор накунад. Вале Фазилатпошо дар ҷавоб «Шавҳари ман мурда бошад, манам марди ин хона»,-гӯён бо ҷасорати ба худаш хос даҳони онҳоро мебаст.
Фазилатпошо як соли дароз он қирғиздухтарро ба мисли духтари худ нигоҳубин кард. Зеро худ духтар надошту меҳри вай дар қалбаш ҷой гирифта буд. Баъди як ё ду сол ба дигар деҳаҳо хабар доданд, ки арӯси овардаи Хӯҷабекро ба шавҳар медиҳанд. Бо тезӣ ин хабар дар Масчоҳ паҳн гашт. Он зани қирғизро ба як марди доро ба шавҳар доданд. Тақдири минбаъдаи ӯ ба Ҷӯрабек дигар равшан набуд. Гилем ҳам нобофта монд. Марг имкон надод, ки Хӯҷабек дар меҳмонхонааш гилем партояд. Марг ба касе раҳм намекардааст...
Садои баланди набера ин бор Ҷӯрабекро ба худ овард. Зери лаб дар ҳаққи модараш дуо кард. Сипас даст ба даст бо набера вориди хона шуд…Ҷӯрабек баъд аз чанд рӯз аз олам даргузашт ва хотираву ҳаёти пурмуаммоҳояшро бо худ ба хок бурд…
Фирӯз Атозода, сармуҳаррири
нашрияи «Паёми Спитамен»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00