Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Мунтахаби Тоҷикистон вориди Қатар шуд


Мунтахаби Тоҷикистон вориди Қатар шуд



Мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 вориди Қатар шуд.


Тибқи иттилои ФФТ дар Фурудгоҳи байналмилалии Доҳа ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро намояндагони кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 самимона истиқбол гирифта, ба ҳар як аъзои даста туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд. Сипас, бо роҳнамоии гурӯҳи полис дастаи мо ба меҳмонхонаи «Banyan Tree Doha» рафт, ки дар давраи мусобиқот онҷо хоҳад монд.


Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат мекунад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода