Зуҳури терроризм - хатар ба ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 263
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Таҳлили ғояҳои тундгароёна бар афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «Гурӯҳҳои хуфта»- и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа маҳсуб меёбанд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар нуқоти муайяни олам терроризм дар шаклҳои гуногун ва зери шиорҳои мафкураи ифротӣ амал намуда, кӯшиш менамоянд, ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданд. Ба ибораи дигар, ҳаракатҳои террористӣ ҷараёни мушаххаси мақсадгузорӣ, омодасозии руҳиву равонӣ ва ҷисмониро дар бар мегирад».
Аз ин суханони Сарвари давлат бармеояд, ки ҳадафи асосии терроризм бо роҳи тарсу даҳшатафканӣ руҳи мардумро шикаста, дар дили онҳо тарсу ҳаросро ҷо кардан мебошад. Вожаи «террор» аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ҳарос ва ваҳм мебошад.
Террористон мехоҳанд, ки ба роҳҳои мухталиф ва тарғибу ташвиқи бепоя мафкураи ҷавононро вайрон намуда, онҳоро шомили ин ё он гурӯҳҳои ифротӣ гардонанд.
Барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан, аз ҳама гуна роҳу василаҳои мухталиф истифода мекунанд. Бахусус, дин барои онҳо яке аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад. Аксар амалҳои ғаразнокашонро дар зери ниқоби ислом ба анҷом расонидан мехоҳанд. Ифротгароён бо сарфи маблағ ва дигар воситаҳои ҷалбкунӣ фарзандони бетаҷрибаи як давлату миллатро бар зидди худи ҳамон давлат мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар ин ҳолат, ҷавононро лозим аст, ки хеле ҳушёру боандеша бошанд. Ба фиребу сафсатҳои дурӯғи бепояи ашхосе, ки мехоҳанд мафкураи онҳоро заҳролуд намоянд, роҳ надиҳанд.
Ифротгароёну тундравони исломӣ ҷиҳоди худро муқаддас медонанд. Бо андешаи зишти онҳо, шахси мусулмон ҳеҷ гоҳ набояд ба ғайримусулмон тобеъ бошад. Агар тобеъ шавад, пас ҳама талошҳои мусулмон дар роҳи ҳақ ва ҳақиқат бенатиҷа хоҳад буд. Намозу рӯза, дуову закот ва дигар аъмоли парҳезкории ӯ аз ҷониби Худованд пазируфта нахоҳад шуд. Ба ҳамин монанд, боз садҳо шартҳои дигари бардурӯғро ба руҳияи ҷавонон таҳмил медиҳанд, то ба мақсадҳои ифлоси худ бирасанд.
Дар роҳи ба ҳадафҳои сиёсиашон расидан, созмонҳои экстремистиву террористӣ шаҳрвандони дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳо мебошад. Ҳамин андешаи ғаразноки худро асос карда, диққати мардумро ба он ҷалб карданӣ мешаванд, ки роҳи пешгирифтаи онҳо дуруст аст.
Террористон гурӯҳи чандон калон набуда, аз гурӯҳҳои хурд иборат мебошанд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар гуна роҳҳо ба ҷомеа зарари худро расонанд.
Ҳадаф ва мақсади ин гурӯҳҳо ба ҳам хеле монанд мебошанд: қасд ба ҷони ашхоси маъруф ва шинохта, халал расондан ба раванди давлатдорӣ, вайрон намудани мафкураи ҷавонон, ноором сохтани вазъи ҷомеа ва амсоли инҳо.
Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобил ба ин хатари ҷаҳонӣ бетараф нест. Тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад, то терроризму экстремизм аз байн равад ва ё тамоман несту нобуд карда шавад. Дар тамоми ҷаҳон марказҳои омӯзишии ин зуҳуроти номатлуб фаъолият карда истодаанд, то мақсад ва нақшаҳои онҳо қаблан ошкор карда шавад ва пеши роҳи амалҳои онҳо гирифта шавад. Аммо на ҳама вақт ин даст медиҳад. Мутаассифона, баъзан, ба мақсадҳои разилонаи худ мерасанду сабаби марги одамони бегуноҳ ва расонидани хисороти зиёд мешаванд.
Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ зиёд шуда истодааст. Ба назар чунин мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ муҳимтарин омили гумроҳшавии ҷавонон аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки амалҳои террористӣ ва экстремистиро маҳқум менамоянд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» тасдиқ гардид.
Кишвари мо тарафдори он аст, ки сулҳу осоиштагӣ ва суботу оромӣ дар тамоми кураи замин ҳукмфармо бошад.
Имрӯзҳо ҳамаи моро зарур аст, ки тамоми чораҳоро андешем, то ҷавонон фирефтаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ нашаванд. Таваҷҷуҳи ҷавононро ба он ҷалб кунем, ки бо ҳам муттаҳид шуда, ба иғвои душманони миллат ва дигар ашхоси дорои мақсадҳои нопокдошта дода нашаванд.
Тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем, то ин ки сарзамини муқаддаси худро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Ба қадри неъматҳои истиқлол содиқона бирасем. Арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатамонро дӯст дорему ҳифз намоем.
Ҳеҷ гоҳ хиёнат ба ин давлату ин миллат накунем. Ба қадри ғамхориҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.
Мо - омӯзгорон ва дигар зиёиёни фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ ва бо меҳнати софдилона дарки ватанпарастии мардумро бедор намоем ва нагузорем, ки ҷавонон фирефтаи ташвиқоту тарғиботи амалҳои бегона гарданд.
Мубина Қаюмова,
Абдулқосим Раҳимов,
омӯзгорони коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00