ИМКОНИЯТ ВА ВОҚЕИЯТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 1 315
Нашрияҳои маҳаллӣ: «имконият ва воқеият», чунин буд мавзӯи асосии машғулият - омӯзише, ки бо иқдоми Академияи ВАО –и Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, инчунин, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзҳои 24-26 феврали соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид. Дар чорабинии омӯзишӣ сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ширкат доштанд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни оғози чорабинӣ оид ба рушду нумӯи матбуот, дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз нашрияҳои маҳаллӣ сухан ронда, таъкид дошт, ки рӯзноманигорон бояд баҳри таъмини амнияти иттилоотӣ бештару беҳтар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ватани маҳбуб, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аҳамияту моҳияти ваҳдати миллӣ, ки бақои давлат аст, маводҳои пурмазмуну хонданӣ нашр намоянд.
Ҳамин тавр, тайи се рӯз устодони ботаҷриба доир ба нақши сармуҳаррир, ҷонишин ва котиби масъул дар пойдории рӯзнома, риояи меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигор, интихоб ва тарзи дурусти сурат, имконияту воқеият, дарёфт, дастрасӣ ва интихоби сарчашма ва дигар паҳлуҳои рушди матбуот дар маҳал машғулият гузарониданд. Аз ҷумла, директори Академияи ВАО, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки журналистон рисолати касбии хешро баҷо оварда, бояд фазои иттилоотии Ватани азизро холӣ намонанд. Кӯшиш намоянд, ки аз навгониҳои илму фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт маводҳои хонданӣ омода созанд. Се амри воҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба имзо расиду озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-ватани азизи ман” эълон гардид, бояд маҳаки асосии фаъолият бошаду рӯзноманигоронро такон диҳад.
Дар анҷоми машғулият ба иштирокдорони чорабинӣ сертификатҳои Академияи ВАО супорида шуд.
Вахшона,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04