БОНУИ ҲУНАРМАНД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 1 606
Занону бонувони тоҷик аз қадим ҳунарманд буданд ва ҳунари худро аз насл ба насл боқӣ гузошта такмил доданд. Ба ин раванд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ноҳияи Ховалинг низ кам нестанд ҳунармандоне, ки маҳсули дастранҷашон дар садҳо намоишгоҳу чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналхалқӣ муаррифӣ гардидааст. Яке аз онҳо Гулбаҳор Ҳисайнова мебошад. Ин бонуи ҳунар касби чакандӯзию кашидадӯзӣ ва қаламарезгиро аз модараш омӯхтааст. Гулбаҳор зани сариштакор поктинат ва хеле ҳалиму меҳрубон мебошад. То имрӯз панҷ фарзанд, 3 духтару ду писарро ба воя расонидааст. Духтаронаш мисли худаш ҳунарманданду аз дастонашон зар мерезад. Гулбаҳор, ки дар маркази ноҳия зиндагӣ мекунад ба занону духтарон ҳунар меомӯзад.
“Бисёр занону духтарон ба назди ман меоянд. Баъзеҳояшон ҳатто сӯзан ба даст гирифта наметавонанд. Дар дил шавқу рағбат ба ҳунаромӯзӣ, ки доранд дар муддати кӯтоҳ чакандӯзию кашидадӯзиро аз худ мекунанд. Ман ҳамеша ба онҳо мегӯям, ки зани ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад ва зиндагиашро метавонад бо нӯги сӯзан саришта кунад. Албатта, чакандӯзӣ кори саҳлу содда нест. Аз ҳунарманд фурӯтанию саб-ру таҳаммулро талаб мекунад. Дар дӯхти як бардеворӣ миллионҳо сӯзан ба матоъ мезанию ҳазорҳо метр риштаро ба монанди аскарон саф меороӣ. Агар диду зақи зебоипарастӣ надош-та бошӣ рангҳоро ҷо ба ҷо гузошта наметавонӣ. Барои ҳамин занону духтарони ҳунарманд ҳам зебоипарастанду ҳам пурсабру тоқат. Ҳамин амал модарону бибиҳои моро дар байни дигар миллатҳо машҳур карда буд ва мебояд ин анъанаро идома диҳем”, - мегӯяд Гулбаҳор.
Гулбаҳор Ҳисайнова давоми солҳои дар ноҳияи Ховалинг иқомат карданаш беш аз 200 нафар занону духтаронро касби дӯзандагию бофандагӣ омӯхтааст.
Ш Сафарзода
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30