НЕРУМАНДОНИ ДАВРОН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният, Боздид 1 539
Имрӯзҳо дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон фаъолият менамоянд.
Занон имрӯз ба сифати нозиру сарнозир, муҳандису сармуҳандис ва сардорони шуъбаҳои гуногуни РВКД кору фаъолият доранд.
Яке аз онҳо Шарифзода Гулбозор Ҳайдар, сардори шуъбаи огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони РВКД мебошад, ки баҳри осудагии кишвару миллат софдилона меҳнати шабонарӯзӣ мекунад.
Интихоб намудани кадрҳо ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо аз фаъолияти шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ сахт вобаста аст. Дар ин ҷода саҳми Ҷабборзода Қурбонбибӣ Ҷаббор, нозири калони шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва Саидзода Гулафрӯз Ғоиб, нозири шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РВКД хеле назаррас аст. Маҳз ба шарофати корбарии дурусти онҳо тамоми ҳуҷҷатгузории сохторҳои РВКД дуруст ба роҳ монда шудааст.
Назарзода Сарвиноз Ашӯралӣ аз шуъбаи таъминотии моддӣ, техникӣ ва низомии РВКД дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ фаъолу намуна мебошанд.
Хизматҳои Абдуллозода Сайёра Ҳабибулло ва Саидова Гуларус Сабзалиевна, нозирони Маркази иттилоотии РВКД дар вилояти Хатлон, дар ташвиқу тарғиби корҳои кормандони РВКД ва кам гардидани шумораи ҷинояткорӣ хеле назаррас мебошад.
Саҳми занон – кормандони мақомоти Раёсати корҳои дохилӣ вобаста ба самтҳои фаъолияташон дар таҳкими қонуният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ бузург аст. Гарчанде ки мақомоти корҳои дохилӣ сохтори низомӣ буда, фаъолияти занон дар ин соҳа мушкилиҳои зиёде дорад, бо вуҷуди ин, занон дар баробари мардон дар вазифаҳои масъул софдилона ва содиқона хизмат мекунанд.
Занони ин ниҳоди қудратӣ бо фаъолияти бенуқсони худ собит сохтаанд, ки дар ин ҷабҳа низ донишу идрок, кудрату матонати мардона доранд.
Зиҳӣ зани тоҷик, ки имрӯз баробари мардон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа фаъолият дориву пирӯзӣ мекунӣ!
Комрони БАХТИЁР,
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30