ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ НАВРАС
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Маориф ва илм, Боздид 1 030
Давлатмоҳ Файзова соли 1986 факултети математикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро бомуваффақият хатм карда, бо роҳхат ба ноҳияи Вахш омад. То соли 1993 дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 1 ва 56 омӯзгор кор кард. Дониш, истеъдод, маҳорати сарвариашро ба ҳисоб гирифта, Давлатмоҳ Файзоваро ба вазифаи мушовири шуъбаи ноҳия таъйин намуданд. Кор табъи дил пеш рафта, комёбиҳо афзоиш ёфт. Давлатмоҳ шабу рӯз меомӯхт, маҳорату истеъдодашро такмил медод. Ин аз назари роҳбарони шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пинҳон намонд. Роҳбарони ноҳия ӯро ба вазифаи нав-мудири шуъбаи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кор даъват карданд. Ташвишаш зиёдтар гашта, аз тобеонаш ва ташкилотҳои ноҳиявие, ки мутасаддиаш буд, иҷрои босифати корҳоро қатъӣ талаб мекард. Кормандони шуъба ба таври доимӣ сифати кори маорифчиён, табибон, кормандони соҳаи маданӣ-маърифатӣ ва дигар соҳаҳоро санҷида, баҳри ислоҳи он тавсияҳои мушаххас медоданд. Санҷишҳои такрорӣ нишон медод, ки аксарият нуқсону камбудиҳоро ислоҳ карда, кори хешро ба талаботи замон мувофиқ сохтаанд.
Зиндагӣ ба Давлатмоҳ чунин панд дод: «Дар ҳаёт пеш аз ҳама худро шинос, мавқеи хешро муайян намо, бидон, ки ба мардум ва толибилмон нафъат мерасад, дар рушду нумӯи ватан саҳми хоксорона мегузорӣ, агар бошад, инсони хушбахтӣ, бо амали нек ҳамроҳи ҳамсафон роҳат муннавар аст».
Саҳифаҳои китоби ҳаёти Давлатмоҳро варақ мезанем. Ба маънои ҳақиқиаш ӯ инсони даврони хеш аст: месӯзад, меҳнат мекунаду чароғи маърифатро дар дили шогирдонаш мунаввар мекунад. Ӯ қудрати беназир дошта, дар бораи рушди имрӯзу ояндаи кишвар андеша меронад. Таълиму тарбияи дуруст додани насли наврас-созандагони ояндаи ҷомеаи мо мақсади асосии Давлатмоҳ аст.
-Ман касби хеле душвор, вале бошарафро интихоб кардам, - мегӯяд бо самимияту ифтихор Давлатмоҳ ва илова мекунад:- Сарвари мо ҳадафи чорум-саноатикунонии кишварро ба миён гузоштааст. Хатто намекунам, бигӯям, ки омӯзгорон дар сафи пеши чунин амалҳои неканд. Шогирдони доно ва ташаббускори кишварро ба воя мерасонанд.
Тӯли 34 сол аст, ки Давлатмоҳ Файзова дар соҳаи маорифи ноҳияи Вахш кор карда, аз уҳдаи вазифаҳои пурмасъулият бошарафона мебарояд. Дар МТМУ №3-и ноҳия 70 нафар омӯзгорон ба 1273 нафар шогирдон дарс мегӯянд, ки 90 нафари он занон мебошанд.
Омӯзгорон Нафиса Нуралиева, Муҳаббат Раҳимова, Зебонисо Нодирова аз шаклу усулҳои нави таълиму тарбия истифода бурда, ба натиҷаҳои сазовор ноил мешаванд.
-Вақти дар мактаби миёнаи №7 директор кор карданам, - мегӯяд Давлатмоҳ Файзова, - то 90 фоизи хатмкунандагон ба донишкадаҳои олӣ дохил мешуданд. Мақсад дорам дар мактаби миёнаи №3 ҳам ба натиҷаҳои шоиста ноил гардам.
Ӯ ба мактаб мешитобад. Баҳри ободонии мактаб, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мустаҳкам намудани алоқаи мактаб бо падару модарон, ба корҳои ободонӣ ҷалб намудани соҳибкорони саховатманд кӯшишҳои зиёде ба харҷ бояд дод. Ба корҳои некаш барор хоста мегӯем: “Саодат ёрат бод, зани диловар, дилсӯз ба кори халқу ватан, ғамхору мададгори насли наврас-хонандагони ташнаи илму дониш Давлатмоҳ Файзова».
Б. САЙДАЛИЕВ, «Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30