УСТУВОРИИ НАҚШИ ЗАН ДАР ҲОКИМИЯТИ СУДӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният, Боздид 1 150
Нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле бузург аст. Сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати нақши зан дар ҷомеа хеле хирадмандона ва афзалиятнок мебошад, ки ин боиси ифтихор аст.
Мувофиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Мардон ва занон баробарҳуқуқанд” ва ягон гуна маҳдудиятҳо нисбати ҳуқуқи занон мавҷуд нест.
Тӯли солҳои охир дар мақомотҳои қудратии кишварамон бо дастгирӣ аз сиёсати адолатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурқувватгардонии ғояҳои иқтисодиву сиёсии мамлакат дар таъмини волоияти қонун, мустаҳкамгардонии ҳокимияти судӣ занон саҳми арзандаи худро гузошта меоянд.
Аз ҷумла, дар таърихи ташаккул ва инкишофёбии ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занҳо нақши муҳим бозидаанд. Занҳо-судяҳо дар баробари дигар судяҳо дар таъмини адолати судӣ устувор буда, барои баланд бардоштани нақши зан дар ҳокимияти судӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар ин ҷода, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занҳо ба мақоми судягӣ таъйин карда шуда, барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, саҳми худро мегузоранд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми занҳо, хусусан модаронро, бо фарорасии фасли баҳор ва Рӯзи модар табрик намуда, дар ин рӯзҳои баҳорӣ, оғози эҳёи табиат бо як ҷаҳон хушҳоливу шодмонӣ, ба ифтихори ин ҷашни рӯҳбахш таҳният гуфта, хоҳони онам, ки дар фазои озоди ватани маҳбубамон модарону хоҳарон доимо хушбахту саодатманд бошанд.
Рустам Мирзозода,
раиси Суди вилояти Хатлон
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30