АЗИЗТАР АЗ ҲАМА
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 926
Модарамро ба хаёлам меораму вуҷудамро сӯзиш фаро мегирад. Чеҳраи зебо, қомати раъно ва чашмони пур аз меҳру муҳаббати ӯро бибиям нақл мекард. Оҳ модар, рӯзҳои нотакрор буданд, он рузҳое, ки дар оғӯши гарми худ фарзандонро ҷамъ меовардӣ. Баъдан, ҳангоме ки ба хона медаромадаму намедидамат, модар, гӯён ба суроғат мебаромадам, меҷӯстамат.
Бо дили пур модар мегӯфтаму аз чашмонам ашк ҷорӣ мешуд. Барои рӯҳу ҷонамро таскин додан бибиям навозишам мекард.
Модар, муъҷизаофорӣ! Пайғам-барону абармандони бузург, шоирону мардони хирад ва ҳатто зебоӣ офаридаи туст.
Ба гул монандат мекунам, вале аз гул ҳам зеботару хушбӯ ва пуртароваттар ҳастӣ, очаҷон! Модарҷон, мехоҳам васфат кунам, аммо дар васфи ту қалам оҷиз мемонад.
Охир, барои мо фарзандон заҳматҳои зиёде кашида ранҷ бурдӣ. Нимашаб дар хоби ноз будам, аммо фикр мекунам, ки ту болои ҷойнамоз аз Худованд дуои ҷони мо-фарзандонатро мекар-дӣ. Маҳз ту будӣ, ки шабзиндадорӣ кашида, моро алла мегуфтӣ, бо таронаву фасона, одаму одамгариро меомӯхтӣ.
Модар! Барои мо-фарзандон азиз будиву азиз мемонӣ. Охир ба гармиву меҳру муҳаббати худ моро паррончак намудӣ.
Шоирону нависандагон дар васфи ту китобҳо эҷод кардаанд, аммо он ба якшаба бедорхобиат баробар нест.
Акнун, ки туро надорам, гармову сармо, борону туфон, тарс ва ҳатто марг низ бароям беаҳамият гаштаанд.
Шамъи умеди зиндагиам, ки дар шуълааш симоятро медидам, бо рафтанат хомӯш гаштааст.
Чашми пуршӯре, ки дар ҳар гӯша туро меҷӯстам, нури умедашро гум кардааст. Дар урфият мегӯянд, одамон бо умеди оянда зиндаги мекунанд.
Имрӯз қадамҳое, ки ба замин мегузорам, ба хотири тарсиданам аз марг нест, ба он хотир аст, ки нисбати ҳадяи Худованд ношукрӣ накунам.
Сайлигул Саидова,
омӯзгори МТМУ №33,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30