ҲИКМАТИ ЗАН ВА ЗАМИН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 840
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар радифи тарбияву ҷобаҷогузории бонувони лаёқатманд дар вазифаҳои гуногуни соҳаи хизмати давлатӣ, инчунин, ҳазорҳо нафар бонувони соҳибтаҷриба хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода, бо бунёди боғу токзорҳо ва бахшҳои гуногуни кишоварзӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Нигораи Абдураҳим, як тан аз сокинони деҳаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён баъди солиёни зиёди кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ба ватан баргашта ва тасмим мегирад, аз ҳисоби саҳмияи замини аҳли оилаашон хоҷагии деҳқонӣ таъсис диҳад.
- Соли 2009 вақте барои таъсис додани хоҷагии деҳқонӣ ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат намудем, барои аз худ кардани марзҳои имрӯзаи хоҷагии деҳқонии мо даъвогарони дигар ҳам пайдо шуданд. Ҳол он ки бо сабабҳои гуногун қарзҳои ин қитъаҳои замин аз андоз ва маблағгузории сармоягузорон сол аз сол афзоиш ёфта, касе имконияту хоҳиши пардохти ин қарзҳоро надошт,- ба хотир меорад Нигораи Абдураҳим. – Аҳли хонаводаи мо, ки баъди ранҷу заҳмати зиёди муҳоҷират маблағи кифоя захира карда будем, дар заминаи 2 гектар саҳмияҳои аҳли хонаводаамон хоҷагии деҳқонии “Нигораи Абдураҳим”-ро таъсис дода, дар марзҳои он 800 бех ниҳолҳои олуву зардолу, анору чандин навъҳои хушсифати бодому гелос шинондем. То бузургтар гаштани ниҳолон ва ҳосилдеҳ шудани боғистони хоҷагиамон дар растаҳои озоди он тамоми намуди сабзавоту полезиҳо кишт намуда, аз даромади софи он шароити зиндагиро беҳтар мекардем.
Баъди заҳмати чандинсола ва сарфи маблағҳои зиёд боғи хоҷагии деҳқонии “Нигораи Абдураҳим” ба ҳосил даромад. Чун роҳбарии хоҷагиро Нигора худ бар зимма дошт, васияти падари шодравонашро пеши рӯ оварда, нахуст аз ҳисоби даромади хоҷагӣ сатҳи зиндагии оиларо беҳтар карда, баъдан, хонаву дари падариашро обод гардонид. Сол аз сол аз ҳисоби ҳосилнокии дарахтони боғи хоҷагӣ ва марзҳои озоди он фоидаи бештар бардошта, барои бародару хоҳаронаш манзилҳои истиқоматӣ бунёд намуд. Ба гуфти Нигора, хоҷагии деҳқонии онҳо манбаъи пешбурди рӯзгори 6 оилаи ҷавон мебошад, ки ҷамъ бо фарзандонашон 33 нафарро ташкил медиҳанд.
-Дар ин миён, ба мушкилу сарбориҳои рӯзгор нигоҳ накарда, нахуст шуъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёт ва баъдан, дар рафти пешбурди хоҷагии деҳқонӣ, факултаи иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусравро хатм карда, соҳиби ду маълумоти олӣ шудам,- мегӯяд Нигораи Абдураҳим. – Ёд дорам дар солҳое, ки тариқи роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд то Федератсияи Руссия равуо доштем, боғистону марзҳои сарсабзу ҳосилдеҳи ноҳияҳои вилояти Суғдро дида, орзу мекардам, ки мо-сокинони вилояти Хатлон ҳам ба боғдориву сабзавоткорӣ таваҷҷуҳи бештар карда, дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ наравем. Дарвоқеъ, баъди амалӣ гардидани орзуҳоямон бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки замин натанҳо манбаи таъминоти рӯзгор, балки мояи сарватманд шудани ҳар яки мо шуда метавонад. Аммо барои аз ин хоки зархез ҳосили дилхоҳ гирифтан, заҳмати содиқонаву кӯшишу ҷаҳду талоши пайваста мебояд.
Нигораи Абдураҳим бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фароҳам гардидани шароиту имкониятҳо ҷиҳати дастрасии сокинони деҳот ба замин ва дигар манбаҳои иқтисодӣ, саҳмгузорӣ дар рушду нумуи деҳу ободонии ватанро мароми ояндаи худ дар зиндагӣ мешуморад. Албатта, бо мурури беҳбудии шароитҳои зиндагӣ ҳар нафар соҳибкор тасмимҳои ояндасоз мисли бунёди коргоҳҳои хурди коркарди мева ва сехҳои гуногуни истеҳсолӣ дорад, то ин ки дар афзунии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои ҳамватанони саҳми худро гузорад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30