Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Аз деҳа ба шаҳр, аз курсии донишҷӯӣ ба курсии роҳбарӣ


Аз деҳа ба шаҳр, аз курсии донишҷӯӣ ба курсии роҳбарӣ


Муҳаммад Ғаззолӣ мефармояд: «Муаллимӣ шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст. Агар онро воситаи рӯзгузаронӣ интихоб кардаӣ, раҳояш кун. Агар ишқи туст, пас муборакат бод!»

Омӯзгор чун офтоби нурафканест, ки тамоми оламро рӯшноӣ мебахшад. Худ месӯзаду дигаронро месозад. Омӯзгорӣ касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Агар инсоният ба ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, омӯзгор бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад, зеро пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобастагии қавӣ дорад.

Гадомад Зулфиев, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 26-уми январи соли 1988 дар деҳаи Себдараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таваллуд шудааст.

Падараш дар колхоз кор мекард. Ҳамеша ӯро насиҳат менамуд, ки бихонад ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо кунад. Ӯ насиҳати волидайнро сармашқи кори худ намуда, фаъолона таҳсил менамуд ва дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок мекард. 

Баъди хатми мактаби миёна соли 2006 тибқи квотаи президентӣ ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубадуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм кард. Ҳини донишҷӯӣ дар ду курсӣ менишаст: курсии донишҷӯӣ ва курсии роҳбарӣ. Бо вуҷуди донишҷӯ буданаш раиси Созмони ҷавонони донишгоҳ буд ва маош ҳам мегирифт. Инак, 15 сол аст, ки дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ роҳбар аст.

Солҳои 2011-2012 - нозири шуъбаи тарбия, солҳои 2012-2015 - ёвари ректор, солҳои 2015-2017 - декани факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, солҳои 2017-2018 - декани факултаи филологияи тоҷик ва журналистика, солҳои 2018-2022 - сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, солҳои 2022-2023 - декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ декани факултети филоло-гияи тоҷик ва журналистика мебошад. 

Гадомад Зулфиев соли 2018 дар мавзӯи “Хусусиятҳои ғоявӣахлоқӣ ва бадеии романи «Дар орзуи падар»-и Кароматулло Мирзоев” рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ карда, муаллифи 1 монография ва 11 мақолаи илмӣ мебошад.

Дар ҳақиқат, фаъолияти хуби кордонӣ, малакаи баланди роҳбарӣ, муносибати самимӣ бо дӯстону пайвандон, ҳамкорону шогирдон ва аҳли ҷомеа ӯро обрӯманду соҳибэҳтиром гардонидааст. Маҳз бо хислати хоксорию фурӯтанӣ, оромтабиатию таҳаммулгароӣ, малакаи баланди муошират, соҳибдилию соҳибмаърифатӣ миёни ҷомеа обрӯву иззати боризро соҳиб шудааст.

Гадомад Зулфиев бо оромтабиатӣ, хушгуфторӣ ва гуманизми баландаш дар дили хосу ом ҷо гирифтааст. Бо шогирдон муносибати самимӣ дошта, аз ҳар ҷиҳат ба онҳо кумак мерасонад.

Ҳини суҳбат сабаби интихоби касби омӯзгориро ба мо чунин шарҳ дод: “Инсон худро беҳтар аз дигарон мешиносад. Омӯзгорӣ дар вуҷуди ман сиришта шудааст. Муҳаббате, ки ба ин касб дорам, тасвир карданаш ғайриимкон аст. Ман шогирдонро хеле дӯст медорам. Ҳар гоҳ, ки дар ҷодаҳо шогирдони хатмкарда бо муҳаббат барои дуруд гуфтан ба наздам меоянд, сарам ба осмон мерасад. Сарвату боигарии ман шогирдони мананд!”

Гадомад Зулфиев аз он бачаҳои деҳотие ҳаст, ки заҳмат кашид, хонд ва муваффақ шуд. Ӯ ҳоло олими ҷавон буда, ба навиштани рисолаи докторӣ машғул мебошад.

Устод Зулфиев намунаи беҳтаринест барои ҷавонон, ки хонданро канор мегузоранду аз пайи корҳои беҳуда мешаванд. Сано ба он модароне, ки чунин фарзандони фархехтаву корсозро барои ҷомеа тарбия мекунанд!

Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода