Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
«Занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақш ва мавқеи басо муҳим доранд. Кадом мушкилоти дорои моҳияти иҷтимоиро нагирем, ҳаллу фасли онҳоро бе иштироки фаъолонаи занон, назардошти фикру андешаи онҳо тасаввур кардан душвор аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Айёми истиқлолият ба занону духтарони тоҷик рӯҳу тавон ва қудрат, назокату таровати тоза ато бинмудааст. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.
Сол то сол беҳтар гардидани шароити рӯзгору меҳнат, баланд рафтани мақому мартабаи зан дар ҷомеа, такомули дунёи маънавии онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, хосса фарзандони минтақаҳои дур, шинохти рисолати зан-модар, замири сарчашмаи ҳаёт ва бақои умру номи неки инсон, файзу баракат, ҳама аз ибтикору талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро нигоҳ доштанд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли Гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд. Дар ҷараёни ниҳоят ҳассоси баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз матонату қавиазмии занон нақши шоиста дошт.
Сокинони вилояти овозадори Хатлон бо модарону бонувони шуҳратмандашон, ки соҳибиззату беназир буданд, ифтихор доранд. Ягон соҳае нест, ки бе ҳузури занон муваффақ шуда бошад.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати тавсеа бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа пайваста чораандешӣ менамояд ва мушкилиҳои дар ин самт ҷойдоштаро сари вақт баррасӣ намуда, оид ба ҳалли онҳо тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар соҳаи ҳаётан муҳимми ҷомеа-маориф, ки заминагузори ташаккули неруи бузурги инсонӣ мебошад, 23144 нафар бонувон, баҳри ташаккули шахсиятҳои комил, тарбияи ворисони арзандаи сарзамину миллат, фарзандони бонангу номус саҳми калон гузошта истодаанд.
Дар пешбурди фаъолияти соҳаи тандурустии вилоят низ мавқеи занон меҳварӣ буда, теъдоди онҳо дар ин соҳа беш аз 70 фоиз (23717 нафар)-ро ташкил медиҳад. Қалби шахси бемор, ки ба навозиш ва меҳрубонӣ ниёзи беандоза дорад, аз муносибати дилсӯзона ва ҳакимонаи бонувони табиби мо ба зиндагӣ дилгарм гашта, баҳри шифои худ давое меёбад.
Шумораи занон дар соҳаи илм низ сол то сол меафзояд. Дар вилоят аз 378 нафар олимони дараҷаи илмидор 78 нафарашонро занон (20,1%) ташкил медиҳанд, аз ҷумла 3 нафар зан доктори илм, профессор, 75 нафар номзади илм, аз ин 28 нафар дотсент мебошанд.
Чуноне ки ҳамагон медонем, дар кишварамон солҳои 2019-2021 бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштааст. Ба мақсади дастгирӣ аз ин раванд дар вилоят ҳамасола фестивалу озмунҳо, намоишҳои марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ сурат мегиранд, ки ин баҳри рушд ва ҳифзу густариши мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик мусоидат мекунанд. Алҳол, дар вилоят ҳунармандӣ рушду нумӯъ ёфта, шумораи занони ҳунарманд сол то сол афзуда истодааст. Теъдоди занон ва оилаҳои ҳунарманд имрӯз ба ҳазорҳо нафар мерасад.
Дар баробари ин, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоят корҳои зиёди ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, бонувони масъулиятшиносу зебопараст, дар раванди корҳои созандагӣ пешсафу намунаи ибратанд.
Дар маҷмӯъ, аз соли 2011-ум то имрӯз 241 нафар занони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 6 миллиону 370 ҳазор сомонӣ сазовори грантҳои мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна саҳми босазо гузоштанд.
Ҳамчунин, тайи солҳои 2016-2020 105 нафар занону бонувон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон (ба маблағи умумӣ 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ) гардиданд, ки аксари лоиҳаҳои онҳо ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили таъсиси сехҳои чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ, гулдонбофӣ ва ғайраҳо нигаронида шудааст. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур зиёда аз 1900 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 2576 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Сариштакорӣ омили асосии боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаву шоиста мебошад. Аксар ҳолатҳо ба мушоҳида мерасад, ки исрофкорӣ ва зиёдаравии модарону бонувони мо ба касодии буҷа расонида, шароити таълимгирӣ ва рушди кӯдаконро дар оила маҳдуд месозад. Мутмаинам, ки занону бонувони азизи мо меъёрҳои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимро риоя намуда, баҳри афзудани файзу баракат дар зиндагиашон мусоидат намоянд.
Бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки имрӯзҳо фаъолияти занону бонувон дар ҳама соҳаҳо назаррас буда, махсусан дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ, пешгом мебошанд. Ба ин хотир, мо - занону бонувон баҳри мустаҳкам ва пойдории сулҳу осоиштагии кишвари маҳбубамон мебояд аз ҳарвақта дида масъул бошем. Зеро рушду инкишофи тамоми самтҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат аз зиракиву ҳушёрӣ, бурдбориву суботкории занону бонувон маншаъ гирифта, дар пойдории ваҳдат, Истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, мустаҳкамии ҳувияти миллӣ нақши созгоре ба ёдгор мемонанд.
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.