Дар суроғи бахт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 240
Ҷанги таҳмилӣ ба сари ҳар як оила мушкилоти сангин овард. Рӯзгор сомонашро гум кард, буҷаи оилаҳо касод гардид. Зиндагӣ дар ин роҳи печида ҷараёнашро тағйир дод. Камбағалӣ рӯ ба афзоиш ниҳод. Мардум аз пайи ризқу рӯзӣ худро ҳам ба об мезаду ҳам ба оташ. Махсусан бозори мардикорӣ авҷ гирифт.
Яке мардикорӣ, дуюмӣ савдогарӣ ва сеюмӣ гадоӣ мекард. Ҳатто барои дарёфти як бурда нон занону духтарони хонашин ба бозор баромада, ба тиҷорати хурд машғул шуданду мардҳо аз бекорӣ ноилоҷ хонанишиниро ихтиёр карданд. Кӯдакон низ бозиҳои кӯдаконаи худро як сӯ гузошта, дар кӯчаҳо, назди бозорҳои пуродам халтача (пакет)-ҳои коғазин мефурӯхтанд.
Ба сари оилаи Бахтинисо низ рӯзҳои сангин омад. Ӯ духтари калони хонадон буд. Аз ноилоҷӣ ба бозор баромад, то аз кори савдо як тикка нон ба даст орад ва оиларо хӯронад. Ӯ бо маслиҳати ҳамсоязанҳо ба савдои нон машғул шуд. Ҳамарӯза аз ин шуғл 2-3 дона нон фоида медид, ки он ба фиреби шиками аҳли оила мерасиду бас.
...Бахтинисо рӯзи дароз зери офтоби сӯзону барфу борон, дар гармою сармо ба хотири ҳамин фоида нон фурӯхта, шаби дароз аз сӯзиши мағзу устухони дасту пой азоб дошт.
Зери кӯрпа бедорхобӣ мекашид ва бесадо ашк мерехт, ашки тақдири талху зиндагии сангин. Духтар ҳусну ҷамоли зебо дошт ва онро зери рӯймоли сар паноҳ бурда буд. Вақти орзуҳояш ҳам расидаю онро дар худ таҳаммул карда.
Чӣ чаро ҳам созад, охир лаҳзаи тангдастӣ доманаш доштаю тақдир номеҳрубон гашта ва зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар гардонда. Аз шуғли нонфурӯшӣ якаш ду намешуд.
Баъзан кораш омад намекард. Нонҳояш ба савдо намерафт. “Дар ноомадии кор касро дар болои асп ҳам саг мегазад”, гуфтагӣ барин, нонвойчиҳо духтари содаро фиреб медоданд. Ба ӯ нонҳои нимпухтаю гулзадаро ноаён ҳамроҳи нонҳои дигар медоданд, он ба савдо намерафт.
Зиёни расида боиси озори қалбаш мешуд. Ноумеду дасти холӣ ба хона мерафт. Қалби модар ба ҳоли ҷигарбандаш сӯхта афгор мешуд. Чи чора, замин сахту осмон баланд буд. Баробари духтар мегиристу мегирист ва худро таскин дода наметавонист.
-Духтарам, модари маризатро бубахш, ба бахтат зомин шудаму ту ба ин ҳол расидаӣ. Медонам, ки ин убол аст, пешат гунаҳкорам, духтари ноболиғи пурорзуро ба бозор баровардам. Ба бадбахтии ту низ зоминам.
Бадзабонҳо аз пасат саду як гап мебофанду ғайбат мекунанд ва ту сақичи даҳони онҳо шуда мондаӣ. Ин бошад, заҳрест ба бахти духтар, -гӯён модар худро коҳиш медод.
-Модарҷон, худро азоб мадеҳ. Саг аккос мезанаду корвон ба роҳаш меравад. Ҳар шаб саҳаре дораду поёни шаби сиёҳ сафед аст, ба рӯзи нек, албатта, мерасем. Назари Худо дар пастӣ аст, бандагони фақири худро бе рӯзӣ намемонад. Ба будаш шукру ба камаш қаноат бояд кард, -модарро ба оғӯш гирифта гуфт Бахтинисо.
... Ҳамон рӯз, қасд кардагӣ барин, сарду боронӣ шуд. Борон ба барфи тар табдил ёфт. Дар растаҳои нонфурӯшӣ савдогарон ҳалқа шуда, чӯбу коғаз ва картон даргиронда, дар оташпасти он пойафзолу дастпӯшаки худро хушк мекарданд. Бахтинисо дар гирди табақи нон давр зада, пойҳояшро ба замин мезад ва бо ҳамин онҳоро гарм карданӣ мешуд. Дар чунин рӯз харидор кам аст ва на ҳамаи нонҳо ба савдо мераванд.
Ҷавондухтарони нонфурӯш ба истиқболи харидор баромада, нони худро таъриф мекарданд. Бахтинисо, ки ин истеъдодро надошт, такя ба таваккал мекард.
Нигоҳи духтар ба ҷавони хушқаду хушлибос афтод. Ҷавон аз байни растаи нонфурӯшӣ гузашта, ба савдогарон суҳбат менамуд. Бахтинисо зери лаб аз Худованд хоҳиш мекард, ки ҷавон нонҳои ӯро харидорӣ намояд. Ҳар гоҳе, ки ҷавон аз дигарон нон намехарид, ба қалби духтар умеде пайдо мешуд ва “ӯ, албатта, аз нонҳои ман мехарад”,- мегуфт зери лаб. Ҷавон рости Бахтинисо омада, қарор гирифт. Лаби дастархонро кушода, нонҳоро як-як аз назар гузаронд.
- Ин нонҳоро дар хона пухтӣ? –суол кард ҷавон.
- Не, аз нонвойхона гирифтам, мо дар хона барқи доимӣ ва ҳезуми аловӣ надорем, -посух дод духтар.
- Пас, чаро нонҳои сарду хушк ва гулзадаю нимсӯхтаро гирифтӣ? Ин нонҳо ба савдо намераванд.
- Медонам, вале чӣ чора, навкорам. Агар ин нонҳоро нагирам, дигар ба ман нон намедиҳанд.
Дили ҷавон ба ҳоли савдогардухтари сода сӯхт.
- Биё бо ман ҳамкорӣ бикун, фоида мебинӣ, оилаатро мехӯронӣ.
Бахтинисо ба ҳайрат омада, ба таги гап сарфаҳм нарафт ва аз шарм рӯ тофт.
- Маро нодуруст фаҳмидӣ, ман дигар пешниҳод дорам.
- Чӣ пешниҳод? –бо тааҷҷуб пурсид Бахтинисо.
- Ман нонпазам, савдогари яклухтгир лозим.
Агар хоҳӣ, ба дукон биё, аз ҷойи мо нон бигир, ҳамкор мешавем. Фиреб додан баракаи дуконро мепаронад, -фаҳмонд ҷавон.
Бахтинисо бо нишони розигӣ сар ҷунбонд. Ҷавон худро Насим гӯён муаррифӣ карда, аз пайи кор рафт. Ҳамин суҳбати кӯтоҳ тақдири духтарро тағйир дод. Ӯ акнун аз дукони нонпазии Насим нон мегирифт, нонҳои гарму зебо ва хушбӯ. Дере нагузашта духтар бо кумаки ҷавон савдояшро ба низом даровард.
... Мавсими сармо паси сар шуду фасли баҳор расид. Бахтинисо пероҳани баҳорӣ ба бар намуд ва зеботар гардид. Вақте ки Насим бори нахуст ӯро аз либоси зимистона берун дид, ҳусну ҷамоли зебо, қади расои духтар ӯро мафтун кард ва бо як нигоҳ ошиқи ӯ шуд. Ҷавон намедонист чӣ тавр ҳиссиёти ногаҳонии худро ба ӯ фаҳмонад. Онҳо бо якдигар сахт унс гирифтанд. Ҷавон дигар тоқати интизорӣ надошт. Рӯзе ба духтар рози дил намуд.
-Бахтинисо, зиндагӣ ширин аст ва зиндагӣ кардан боз ширинтар мебошад. Биё, бахти якҷояи худро сохта, зиндагиро зеботар гардонем,-шоирона гуфт Насим.
-Ман аз он духтарони Шумо мегуфтагӣ нестам, маро бероҳагард напиндоред, -рози дилу мақсади ҷавонро нафаҳмида посух дод духтар.
-О, зебояки ман, чаро гапҳои маро каҷ мефаҳмӣ- а? Каҷӣ кори шайтон аст, он касро ба мурод намерасонад.
-Пас, аз ман чӣ мехоҳед?
-Мо якдигарро дӯст медорем? Медорем! Мехоҳам, ки зудтар ба висоли якдигар расем, якҷоя оила бунёд кунем.
-Розигии ман дар ихтиёри модарам мебошад. Хостгор фиристед, маслиҳат мекунанд.
-Мефаҳмам, худи пагоҳ хостгор мефиристам, -хурсандӣ мекард Насим.
Ҷавон ҳамон бегоҳ дар ин хусус бо модар маслиҳат карданӣ шуд. Аммо модар аз мақсади писар воқиф гашта, мисли ҳезуми хушк даргирифт. Интихоби Насим барояш ногаҳонӣ буд ва онро хуш напазируфт.
-Пеш аз пода чангро хезонидаиву акнун розигии маро мехоҳӣ? Ман розӣ нестам, духтари бозорнишинро келин намекунам. Дар ӯ шарму ҳаё намондааст, болои сарат баромада мемонад. Дар ёд дор, аз бозор то даллагӣ як қадам роҳ аст!
-Модарҷон, Бахтинисо аз он духтарҳои бероҳгард нест, аз оилаи хуб, феълаш хуб аст. Аз ҳама муҳимаш, якдигарро дӯст медорем, фаҳмонданӣ мешуд ҷавон.
-Бача, пой ба ҷарӣ мениҳӣ аз оқибаташ андеша кун! Оилаи духтар камбағал аст ва барои мо бегона мебошад. Худӣ хотирбинӣ мекунад, бегона не.
-Магар ишқу муҳаббат худию бегонагӣ ва ё бою камбағалӣ дорад?- сухани модарро бурид Насим.
-Бас кун, тиррончак! Занро аз авлоди худамон мегирӣ, тамом! Ман аллакай бароят номзади арзандаро таги чашм карда мондагӣ,- бо зарда гуфт модар.
-Ман ҳам як гап дорам! Бахтинисоро дӯст медорам ва танҳо ӯро ба занӣ мегирам, духтари дигар лозим нест! –гӯён Насим аз ҳавлӣ ба кӯча баромада рафт.
-Бачаи ношуд, ба доми шаттоҳдухтар афтода мондаӣ, оқибат пушаймон мешавӣ! Не, намегузорам, ки ин тӯй баргузор гардад. -ғурғуркунон модар низ ба кӯча баромад.
Холаи Хосият рӯзи дигар ба бозор, назди Бахтинисо рафт. Ӯро як сӯ кашола карда, қарори худро пеш гузошт:
-Ҳой духтари беҳаё, сари писарамро гаранг накун! Ҳоло модараш намурдааст, ки ӯро бо фиреб ба дом андозӣ. Он гунҷишке, ки ту куштаӣ, ман пӯст кандаам! Ҳушата ба сарат бигир, намемонам, ки шумо якҷоя шавед, бахтатро месӯзонам, хонавайрон мешавӣ! Ҳоло бо собуни ман ҷома нашустаӣ, ба пӯстинат кайк ҷо мекунам!
Ба дили Бахтинисо алов рехт. Намедонист чӣ тавр аз оташи даҳони модари Насим раҳо ёбад. Баъди таҳдиди зан Бахтинисо назди Насим омад ва суханони таҳдидомези модарро ба ӯ нарезондаю начаконда расонд. Онҳо ҳар ду ба андеша рафтанд. Илоҷи корро наёфта, хомӯшона аз ҳам ҷудо шуданд. Бахтинисо боз ба бозор баргашту Насим назди модар рафт. Баҳси модару писар доманадор буд. Оқибат Насим модарро тарсониданӣ шуда гуфт: -Агар Бахтинисо нашавад, ман худро мекушам ва дар марги ман Шумо гунаҳгор мешавед!
(Идома дорад)
С. АТТОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...