Абурайҳони Берунӣ ва Абуалии Сино
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 389
Аз мунозираи Абурайҳони Берунӣ бо Абуалии Сино Нахустин мулоқоти ду нобиғаи зодаву парвардаи рӯзгори давлати Сомонӣ ва ду шахсияти бузурги илмии миллии мо барои ҳамаи давру замонҳо –устодурраис Абурайҳони Берунӣ ва шайхурраис Абуалии Сино эҳтимол дар дарбори Нӯҳ ибни Мансур (976-998) ё Мансур ибни Нуҳи Сомонӣ (998999) дар Бухоро иттифоқ афтода бошад. Баъдан дар “Маҷлиси уламо” ё “Фарҳангистони Маъмун”-и Хоразм ин ду донишманди бузург аз соли 1004 то 1012, тақрибан ҳашт сол дар аҳди хоразмшоҳии Абулҳасан Алӣ ибни Маъмун ва бародараш Абулаббос Маъмун ибни Маъмун ҳамкории муштарак доштанд.
Ҳамчунин, пеш аз ҳамкорӣ дар Хоразм миёни Бурайҳону Буалӣ тақрибан дар байни солҳои 998-1002 як мунозираи хаттии хеле ҷолиб сурат гирифта буд. Дар ин мунозира 18 масъалаи илмию фалсафӣ мавриди пурсишу посухи ин ду донишманд қарор гирифтааст, ки даҳ масъалаи аввал ба гуфтаҳои Арасту дар “Китоби осмону олам”-и ӯ тааллуқ дошта, ҳашт масъалаи дигар пурсишҳои гуногуни Абурайҳонро дар бар мегирад.
Академик Акбари Турсун дар китоби “Эҳёи Аҷам” бо таваҷҷуҳ ба пурсиши панҷуми ин мунозира ба ин назар аст, ки дар мукотибаи Абуалии Сино ва Абурайҳони Берунӣ дар қатори масъалаҳои муҳими фалсафаи он замон ғояи плюрализми кайҳонӣ низ матраҳ шудааст. Пурсишҳои ҳаждаҳгонаи Абурайҳон инҳоянд:
1. Чаро Арасту ба далели ин ки фалак на аз марказ ҳаракате дорад ва на ба сӯйи марказ, онро на сабук донистааст, на вазнин? Ҳақиқати ҳол он аст, ки метавон фалакро ҳам ба як эътибор ҷирми вазнин ва ба эътибори дигар ҷирми сабук донист.
2. Чаро Арасту дар боби фалак ва қадим будани олам бар қавли пешиниён эътимоду иктифо кардааст?
3. Арасту ва пайравонаш ба шаш ҷиҳат дар шаш сатҳ муътақид шудаанд ва дар ҷисми мукааб, ки аз шаш сатҳ бо мукааботи дигар мумос шуда бошад, беш аз шаш ҷиҳат метавон нишон дод. Ҷисми куравӣ дорои як сатҳ аст ва шаш ҷиҳати он куҷост?
4. Чаро Арасту ҷузъи лоятаҷаззаъ (тақсимнопазир)-ро инкор карда, ҷисми табииро муттасили воҳид донистааст? Ҳол он ки сабукии ақидаи машшоиин, ки ҷисм аз ҷиҳати иттисол ва камияти ҷисмонӣ метавонад қобили қисмат бошад, аз суханони мардуди ҷузъи лоятаҷаззаъ бештар возеҳтар аст.
5. Арасту ҷаҳони дигареро аз ин олами унсурӣ, ки маскани мо ва ҷойи зиндагии мост, инкор карда, онро номумкин шумурдааст. Далели имтинои ин амр ва инкори Арасту чист?
6. Арасту гуфтааст, ки ғайр аз шакли куравӣ, ҳар шакли дигар, ки бошад дар ҳаракати доиравӣ хало эҷод мекунад. Ҳол он ки агар шакли байзавӣ низ бар қутри тулонитарин ва шакли адасӣ бар қутри кӯтоҳтарин ҳаракати доиравӣ кунанд, ҳеҷ хало лозим намеояд.
7. Чаро Арасту дар таърифи самти рост ва машриқ дучори даври ботил шудааст?
8. Чаро Арасту табақаи асир (эфир)-ро ҷисми куравӣ ва аносири аслӣ шумурдааст? Ҳол он ки мумкин аст ҷисми аслии табиӣ набошад, балки қисмате аз кураи аслии табиии ҳаво бошад, ки бар асари муҷовирати ҳаракати фалак касби ҳарорат карда, ба худ сурати норӣ (оташӣ) гирифтааст.
Бинобар ин, бояд шакли иҳлилиҷӣ дошта бошад, на куравӣ, зеро маълум аст, ки ҳаракат дар минтақаи мадори фалак сахттару зудтар ва асари ҳарораташ бештар аз ду қутб аст. пас, бояд ғилзати вай дар муҷовирати минтақа беш аз наздикии ду қутб бошад ва зарурати ин амр ҳамон шакли иҳлилиҷист.
9. Мегӯянд, ки ҳарорат аз марказ ба муҳит паҳн мешавад. Пас, чаро ҳарорату шуои Офтоб аз муҳит ба маркази Замин меояд?
10. Сабабу чигунагии инқилобу истиҳолаи ашёву аносир ба якдигар чист? Оё истиҳола ба тариқи тадохули аҷзо ҳосил мешавад ё ба сабаби муҷовират?
11. Ҳар гоҳ шишаи софии гирдаро аз об пур кунем, дар муқобили ҳарорати Офтоб гармӣ пайдо мекунад ва агар аз об холӣ ошад, чунин хосиятро надорад.
Сабаб чист, ки ҳарорат дар об ҷараён пайдо мекунад ва дар ҳаво ин ҳолат вуҷуд надорад?
12. Ҳаракати унсурҳои чоргона (об, оташ, ҳаво, хок) аз муҳит ба маказ ё аз марказ ба муҳит чӣ гуна аст?
13. Чигунагии биниш ё ин ки чаро нури босира дар об нуфуз мекунад ва ашёе, ки дар зери об аст, дида мешавад?
14. Сабаб чист, ки танҳо рубъи шимоли Замин рубъи маъмур ва ҷойи зист қарор гирифтааст? оё дар рубъи дигар (ҷануб) чунин ҳолат вуҷуд надорад?
15. Ҷиҳати сатҳҳо ва тамоси нҳо ба ҳамдигар чӣ гуна аст?
16. Оё хало имконпазир аст ё имконнопазир? Агар хало имконпазир ва муҳол бошад, чаро зуҷоҷаи (шишаи) мамсусаро чун сарозер ба рӯйи об гузорем, обро мутасоид ба худ ҷазб мекунад?
17. Чаро ашё дар баробари гармӣ ё сардии сахт мешиканад?
18. Чаро ях бо ин ки вазнинтар аз об аст, дар рӯйи об меистад ва фурӯ намеравад?
Аз ин пурсишҳои Абурайҳони Берунӣ Абуалии Сино чандеро пазируфта, пурсишҳои боқимондаро бо риояти адаб посух гуфтааст. Ҳар куҷо масъалаи риёзӣ бошад, Абуалии Сино инсоф додааст, ки салоҳияти Абурайҳони Берунӣ дар ин фан бештар аз вай аст.
Вале ба андешаи муҳаққиқон ҷавобҳои Абуалии Сино боз ҳам бар заминаи ҳамон масъалаҳои маъруфи фалсафаи Арасту буд ва Абуалии Сино то андозае фикри тозае дар ин масъалаҳо надошт. Посухҳои Абуалии Сино Абурайҳони Беруниро қонеъ накард ва ӯ дигарбора ба посухҳои вай, ба истиснои посухи масъалаҳои шашум ва ҳаждаҳум эътирознома навишт ва шогирди Абуалии Сино - Абуабдуллоҳи Маъсумӣ, ки ба қавле дар куштори аҳи рай ба дасти сипоҳиёни Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар соли 1024 ба шаҳодат расид, ин дафъа ба Абурайҳони Берунӣ посухи гус-тохонаи сахт ирсол кард. Дар баъзе маъхазҳо муаллифи ҳамин посухнома шогирди дигари Абуалии Сино – Абусаид Аҳмад ибни Алӣ ёд шудааст.
Дар эътирозномаҳои Берунӣ ҳам ҷиддияту дақиқназарӣ ва андешаву назари хоси илмӣ доштани вай ҳамчунин дар илми фалсафа ба мушоҳида мерасад.
Абурайҳони Берунӣ аз Абуалии Сино ва навиштаҳои ӯ дар чанд асараш, аз ҷумла се асари маъруфи худ: “Ёдгори мондагор”, “Қонуни Масъудӣ” ва “Ҳадгузории канори маконҳо” ёд кардааст. Масалан, азбаски Абурайҳони Берунӣ аз Абуалии Сино ҳафт сол бузургар буд, дар “Ёдгори мондагор” ӯро ба номи “ҷавони фозил Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино” ёдовар шудааст ва дар китоби “Ҳадгузории канори маконҳо” ба таври нисбатан муфассал ва дар “Қонуни масъудӣ” ба ваҷҳи мухтасар оид ба рисолае дар хусуси арзу тӯли Ҷурҷон, ки Абуалии Сино барои Зарингиси духтари Шамсулмаолӣ Қобус навишта буд, изҳори назар намудааст.
Тавзеҳан Абуалии Сино ба хоразмиёни доносиришт, ки аксаран аҳли фазл ва дӯстдори илм буданд, муҳаббат дошт ва дар “Рисолаи саргузашт” ёдовар мешавад, ки дар ҳамсоягии ӯ дар Бухоро Абубакри Барқии Хоразмӣ зиндагӣ мекард. Ин мард дар фиқҳ ва тафсиру зуҳд ягонаи айём буд ва ба фарогирии ин илмҳо рағбати тамом дошт. Вай аз ман шарҳи китобҳоро хоҳиш кард ва ман барои ӯ китоби “ал- Ҳосил ва-л-маҳсул” (“Ҳосил ва маҳсул”)-ро тақрибан дар бист ҷилд
таълиф кардам.
Абуалии Сино ҳамчунин дар зимни ин матлаб меафзояд, ки барои ин мард дар ахлоқ китоби дигареро бо номи “ал-Бирру ва-л-исм” навиштам ва ҳамаи ин китобҳо пеши ӯст ва ӯ онҳоро ҳатто барои нусхагирӣ ба касе намедиҳад.
Ин давраи зиндагии Абуалии Сино тақрибан ба соли 1000-1001 мелодӣ мутобиқат дорад, зеро, пештар аз зикри ин матлаб дар бобати ҳамсояи дигараш Абулҳасани Арӯзӣ ёд мекунад, ки барои ӯ китоби “ал-Маҷмуъ”-ро дар ҳамаи илмҳои маъруфи замонаш, ба ғайр аз илми риёзӣ таълиф кардааст ва ин рӯзгорро ба бистуяксолагии худ мутобиқ донистааст, ки бегумон ба соли 1001 мелодӣ-рӯзгори суқути давлати Сомониён ва дигаргун шудани ҳоли Абуалии Сино рост меояд. Дар ҳамин рӯзгори “парешонҳолию дармондагӣ”, яъне тақрибан солҳои 1001-1002 Абуалии Сино ба қавли худаш дар “Рисолаи саргузашт” “дар либоси фақеҳон” аз Бухоро рӯ ба Гурганҷ, ба дарбори Абулҳасан Алӣ ибни Маъмун ва вазири адабпарвараш Абулҳусайни Суҳайлӣ ниҳод ва тақрибан даҳ сол, то соли 1012 дар Хоразм бимонд.
Ҳасани СУЛТОН,
узви ИНТ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00