АЗ ПЕШВОИ ҒАМХОРАМОН МЕФАХРЕМ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 800
26-уми январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва иқдомҳои нави Ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
-Ҳар як иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон завқу рағбатамро ба таҳсил зиёд мегардонад,- изҳор дошт Комила Рабиева, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. - Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки ҳар сол стипендияи мо-донишҷӯён давра ба давра зиёд гардида истодааст, ки ин ҳам аз ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат мебошад. Мо-ҷавонон миннатдории бепоёни худро ба Эмомалӣ Раҳмон баён менамоем ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш ба харҷ дода, дар ҳамаи чорабиниҳои донишгоҳу ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзем ва дар оянда мутахассиси варзидаи соҳаи худ мешавем, - афзуд мавсуф.
-Мехоҳам аз ҳамаи имкониятҳое, ки имрӯз Пешвои миллат барои мо -ҷавонон фароҳам овардааст, истифода бурда, барои халқу ватан ва наслҳои минбаъда саҳми арзандаи хешро гузорам,-мегӯяд Чилахон Назаров, донишҷӯйи бахши сеюми ихтисоси забони англисии ДДБ ба номи Носири Хусрав.- Махсусан дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф аҳамияти хоса дода, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии наврасону ҷавонон таъкид ба амал оварданд. Мо-ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ғамхориҳои Сарвари илмдӯсту бофарҳанг сипосгузорем.
Чилахон таъкиду пешниҳодҳои Президенти кишварро сармашқи кори худ карда, дар зодгоҳи худ-ноҳияи Хуросон маркази забономӯзӣ кушодан мехоҳад, то ин ки ихтисосашро такмил дода, ҳамсолон ва наслҳои ҷавон бомаърифату забондон гарданд.
Фирдавс Умаров,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30