Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Истиқлол - туҳфаи Яздонӣ


Истиқлол - туҳфаи Яздонӣ



Халқи тамаддунофари тоҷик тайи 32 сол аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ва фазои сулҳу субот, оромӣ ва ваҳдати миллӣ зери осмони соф ва дӯстию ҳамраъйӣ бо дарки ифтихору сарбаландӣ аз соҳибдавлатӣ ба сар мебарад. 32 сол дар назди таърих на он қадар муҳлати тӯлонист, вале ободкориҳо ва рушду пешрафте, ки дар ин давра дар саросари кишварамон ба вуқӯъ пайвастанд, басо фараҳбахшанду ифтихорбарангезанд.

Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия, Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, пули миллӣ шуд ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва аъзои даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва молиявӣ гардид.

Ба роҳи 32 соли тайкардаи давраи истиқлол нигариста, имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар ин давра дар ҳаёти халқ ва мамлакати мо дигаргуниҳои куллӣ, бахусус татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои стратегӣ-ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин, дигаргунсозиҳои сифатии соҳаҳои иҷтимоӣ- маориф, тандурустӣ ва фарҳангӣ ба амал омаданд, ки ин ҳама дар натиҷаи азму талош ва кӯшиши беандозаи роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик арзёбӣ намуда, иброз менамояд, ки “Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти худ навишта, роҳу равиши хоса ва мақоми муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад”.

Воқеан ҳам, мояи асл ва ҷавҳари истиқлол аз тарафи Пешвои миллат хеле ҳам нозукбинона маънидод шудааст. Дар ҳақиқат ҳам истиқлол мафҳуми мустақилият, соҳибихтиёрӣ, озодӣ, соҳиби бахту иқбол ва саодатманд буданро ифода карда, ин рӯз, барҳақ, озодии давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Агар мо ба умқи таърихи халқи соҳибтамаддунамон назар андохта, онро ҳаматарафа омӯзем, мебинем, ки арабу муғулу турк ба халқи мо, ба миллату фарҳанги мо чашм ало карда, онро аз байн рабудан мехостанд. Аммо ба ин ҳама нигоҳ накарда, халқи тамаддунофари мо дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро аз даст надодаву онро қавӣ нигоҳ дошт ва ҳифз карда тавонист.

Ҳарчанд Истиқлоли давлатӣ барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик чун туҳфаи яздонӣ ба даст омада бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳастанд бадхоҳону нотавонбинони миллат ва қувваҳои бадхоҳи дохиливу берунӣ, ки истиқлол, сулҳу ваҳдату шукуфоии Тоҷикистони маҳбуби моро чашми дидан надоранд, мехоҳанд онро боз ноором созанд. Бисёр гуфтем ва боз мегӯем: “Дигар касе Истиқлол ва ваҳдати миллии моро, ки парвардаи орзуву омоли мардуми тоҷиканд, халалдор карда наметавонад”.

Ё худ ҳамин гурӯҳу нотавонбинҳо аз дур бо суоли «Истиқлол ба мо чӣ дод?» мехоҳанд майнаи ҳамватанони моро аз нав гиҷ созанд. Ба ин хел суолгузорон аз номи тамоми ҳамватанон посух медиҳем: «Истиқлол ба ту имкони ҳамин тавр суол гузоштанро дод». Яъне, инсон ба қадри ҳар чизе, ки дорад, намерасад. Ин савол бисёр ноадолатона ва беинсофона аст. Чаро?  

Зеро Истиқлол худ шиками серу тани пӯшида намедиҳад, балки тавре мегӯянд, инҳоро бояд қурбон кунӣ то ба истиқлолият бирасӣ. Бо як нигоҳ ба ҳиммати истиқлолталабон дар ҷаҳон мебинем, ки фаластиниҳо, курдҳо, украинҳо ва миллатҳои дигар барои расидан ба Истиқлол шабу рӯз мубориза мебаранд. Дар баъзе ҷойҳо умри як ё ду насл дар роҳи мубориза баҳри Истиқлол поён ёфту, акнун насли баъдӣ парчами муборизаро ба даст гирифтааст. Онҳо аз баҳри шиками серу тани пӯшида гузаштаанд, манфиати давлату миллати хешро аз манфиати шахсӣ боло донистанд, то барои истиқлол мубориза баранд. Ва пас, чаро мо аз Истиқлоли ба дастоварда шукргузор набошем?

Ба ин “ватандорон”-и “беватан” рӯ оварда мегӯем: биёед, даст ба рӯи сина гузошта, дилсофона дастоварду комёбиҳои дар ин муддат бадастовардаи мамлакатамонро дар рӯ ба рӯи камбудиву норасоиҳо бигузорем ва бубинем, ки як паҳлуи тарозу – паҳлуи комёбиҳои он нисбат ба паҳлуи нуқсонҳои мавҷуда хеле ва хеле гаронтар аст. Аз ин рӯ, такя бо хубиҳо кунем, бидуни гумону шубҳаҳои ботил ва бемавриду зиёновар дар роҳи пешрафту тараққиёти Ватанамон бошем. Ба хурдагириву айбҷӯиҳо роҳ надиҳем, ки метавонанд рахна ба муқаддастарин дастоварди мо - ваҳдату истиқлоли миллиамон бизананд. 

Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ дар шеъри худ “Ба айбҷӯёни миллат” хуб ҳам баён доштааст:
Таънаи бадтинатӣ натвон ба гулбун зад, агар, 
Гул ба сар монанди тоҷу хор дар каш доштааст. 
Миллати ман ҳеҷ гаҳ як қавми беғайрат набуд, 
Коваи оҳангару Дастону Ораш доштааст.

Миллати ранҷбару азиятдидаи мо бо ҳисси баланди сарҷамъиву муттаҳидӣ акнун тоза ба марҳилаи ободонию созандагии Ватан ворид шуда, назди худ мақсад гузоштааст, Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии кишвари маҳбубамон, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботро, ки тавассути сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, густариш дода, Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба мамакати боз ҳам ободу шукуфонтар табдил диҳем, то ояндаи наздик зиндагии боз ҳам шоистаеро бисозад.

Илёсиддин НАБИЕВ,
котиби Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва  эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода