Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ СОҲИБ ТАБАРОВ ДАР СОҲАИ АДАБИЁТШИНОСӢ ВА НАҚДИ БАДЕӢ


ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ СОҲИБ ТАБАРОВ ДАР СОҲАИ АДАБИЁТШИНОСӢ ВА НАҚДИ БАДЕӢ


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади пуштибонӣ аз фарҳанги ҳазорсолабаланд бардоштани сатҳи ғоявӣбадеӣтарғиби адабиёти пурғановати миллӣҳавасмандсозии адибон ва муҳаққиқони соҳаи адабиёт Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров таъсис дод.

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021, №50, Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ (барои олимону мунаққидонтаъсис дода шудаба барандаи ин ҷоиза Диплом ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд.

Ҷоизаи муқарраршуда ба офарандагони таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷикякҷоя бо озмуни вилоятии эҷодии «Неруи сухан» ва Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин тақдим карда шавад.

Барои дарёфти ҷоиза олимони адабиётшинос ва мунаққидонеки дар муассисаҳои илмию таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолият дорандҳуқуқи пешниҳоди асарҳояшонро доранд.

Тибқи низомномаи Ҷоизабарои дарёфти ҷоизаҳо муаллифи алоҳида ё гурӯҳи муаллифон довталаб шуда метавонанд.

Раёсати иттифоқҳои эҷодӣШӯроҳои бадеӣШӯроҳои илмии донишкада ва донишгоҳмуассисаҳои илмӣидораи маҷаллаву рӯзномаҳоташкилотҳои ҷамъиятии вилоят ҳуқуқ дорандки барои дарёфти ҷоиза асарҳои арзандаро баъди эълони озмун ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.

Асарҳое,ки ба  Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров пешниҳод мегардандбояд арзиши баланди илмӣ доштааз ҷониби олимону муҳаққиқон ва мунаққидонеки дар вилояти Хатлон фаъолият мебарандтаҳқиқ шуда бошандБа пажӯҳишҳои илмӣ ва нақди адабиеки доир ба осори адибони Хатлонзамин анҷом дода шудаандафзалият дода мешавад.

Ҳамон асарҳое мавриди  баррасӣ  қарор  мегирандки аз вақти нашри онҳо на бештар аз се сол гузашта бошадАсарҳое мавриди қабул ва муҳокимаи Кумитаи тадорукот мегиранд, ки дар нашриётҳои адабии ҷумҳурӣ ва вилоят ба табъ расида бошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода