Иттиҳоду дӯстӣ мебояд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 365
Шояд ба маънии маҳфуми “маҳалгаро” наврасону ҷавонон аз китобу филмҳо ва интернет маълумоти рӯякӣ дошта бошанд. Маҳалгароӣ бар хилоф ва ба зарари манфиати миллӣ, фақат манфиати маҳдуди маҳаллии худ, ноҳия, шаҳр ё вилояти худро муқаддам шумурдан ва ҳаммаҳаллаҳоро дар атрофи худ ҷамъ карда ба кор гумоштан,-омадааст дар луғатҳо.
Калонсолон чӣ будани онро хуб медонанд, зеро маҳалгароӣ дар радифи падидаҳои дигари зараровар ба муттаҳидию дӯстӣ, ҳамкорию ҳамбастагии як халқ, як миллат рахна мезанад. Ин монанди заҳрест, ки муносибати одамони минтақаҳои гуногуни як сарзаминро талх карда, ба нобоварӣ ва ҳатто душманӣ мебарад.
Мардуми Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз мансабталошии иддае, ки эҳсоси маҳалситезии мардумро сӯистифода карда, боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд, сабақи таърихӣ дорад. Маҳз ба ном ҳифзи манфиати нобаробари маҳалҳои Тоҷикистон неруҳои демократихоҳу экстремистони исломӣ хостанд ба сари қудрат оянд. Ин усули пардапӯшонаи маҳалпарастӣ ҳамсояро аз ҳамсоя, ҳамкорро аз ҳамкор, дӯстро аз дӯст ҷудо кард. Ҷойи онро кину ғараз, даъвои ҳокимият, боигарӣ, мансаб гирифт. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз кадом маҳал будани якдигарро донистем.
Ба шарофати сулҳи тоҷикон, ки бо иқдому ҷоннисориҳо, азхудгузаштанҳо баҳри ваҳдати миллат, пойдор мондани давлат фарзандони фарзонаи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, ин падидаи манфӣ суст шуда, таъсири худро гум кард. Дар Тоҷикистон оромиву осоиш, ҳамдигарфаҳмию иттиҳод тантана кард. Дар давраи истиқлол сохта шудани роҳҳову нақбҳо, ки ҳамаи минтақаҳои кишварро ба ҳам пайвастанд, ҳувияти миллӣ, якпорчагии Ватанамонро неруманд гардонд. Суғду Хатлону Рашту Бадахшон, Ҳисору Зарафшон Тоҷикистони ягонаро намо медиҳанд.
Душманони миллат ҳар маврид мехоҳанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар дили мардум тухми низоъ кошта, маҳалгароиро талқин кунанд. Дӯст доштани зодгоҳи худ, эҳтиром ба шеваи забони маҳал, риояи оину русуми маҳаллаи хеш, саҳм дар ободии он барои ҳар яки мо масъулият аст. Аммо онро бо маҳалгароӣ бояд омехта накунем. Фаромӯш накунем, ки ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон фарзандони як Ватан, як миллатем ва эҳтироми якдигар бақои иттиҳоди мост.
Боиси таассуф аст, зиёиёне ҳастанд, ки бо навиштаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд ба торҳои маҳалдӯстии одамон нохун зада, пайомади онро ба маҳалпарастӣ кашанд. Дар вокуниши мардуми одию ноогоҳ, ки дар симои зиёиён одамони донишманд ва ростгӯву воқеъбинро мепиндоранд, шарҳҳои ғалату ботилро мебинем. Хизмати хирсонаи баъзе зиёиёне, ки аз маҳалгароӣ нараҳидаанд, таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳол он ки барои деҳқону коргари одӣ ҳамсоядорӣ, робитаи хешутаборӣ доштан бо маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон муносибату кори маъмулӣ аст. Дар шигифт мемонӣ, ки аз ин хел зиёӣ чӣ ибрат омӯхтан мумкин бошад. Ҷудо кардани як мардум ба маҳалҳо, ба мазҳабҳо, яъне барангехтани нифоқ чи кори носавобест.
Ёд дорам, ки соли гузашта дар ҳайати кормандони рӯзномаи “Хатлон” ба вилояти Суғд сафар карда будем. Дидани Қасри Арбоб, Осорхонаи “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрӣ бо ҳамкасбони суғдӣ аз ваҳдати Хатлону Суғд нишона буд. Зери суруди “Ҳамбастагӣ”-роҳ мепаймудем. Баробари Мадинаи бадахшонӣ, Нигинаи зарафшонӣ, Нигораи хатлонӣ ва Моҳираи раштӣ қарсакзанон ҳамовоз мешудем. Эҳсоси волои ваҳдати миллӣ дар нақароти суруд ба мо илҳом мебахшид:
Дӯстдори ҳамдиливу сулҳу озодӣ,
Гар зи Суғду Рашту Хатлону Бадахшонем.
Ҳар яки мо бояд ба қадри ин рӯзгори ободу озод, кишвари амну мардумаш иттифоқу бунёдкор бирасем. Сарҷамъии миллат қудратест, ки барои амалӣ шудани ормонҳои миллӣ раҳнамун месозад. Ҷавонон бояд ҳамчун ворисони ин давлату миллат, сулҳу ваҳдатро натанҳо ҳифз кунанд, балки бо донишу кор ва зиракии сиёсӣ, ҳисси ватанпарастӣ ба таҳкими он саъй намоянд. Устод Алимуҳаммад Муродӣ бо шеъре даъват ба амал меорад, ки ба вазъи имрӯзу фардои Тоҷикистон созгор аст:
Душман чӣ мекорад?
Низоъ,
Кишташ чӣ бор орад?
Бало.
Моро зи ҳам созад ҷудо,
Эй ҳамватан, ҳушёр бош!
Дилором МАҲКАМОВА
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...