Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » РУШДИ САЙЁҲӢ-ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА


РУШДИ САЙЁҲӢ-ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА


Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи сайёҳӣ ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бою пурғановати фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ, инфрасохтори рушдкардаи сайёҳӣ доранд. Тоҷикистон дар ин миён бо дастовардҳои беандоза зиёди мероси фарҳангӣ, таърихӣ ва табиии худ дар канор нест. 

Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима ва маҷмааҳои меъморӣ, таърихӣ, мавзеъҳои нодири таърихӣ ва табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори наботот ва ҳайвонот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Табиати биҳиштосои ватанамон аз назари сайёҳон пинҳон намондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сайёҳиро яке аз соҳаҳои афзалятноки ҷумҳурӣ ном мебарад. Ин беҳуда нест. Зеро дар қаламрави Тоҷикистон 900 геокомплекси  табиӣ бо 40 намуди ландшафт мавҷуд аст.

Мавҷудияти ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва иқлими муъҷизаосои табиати кишварамон ба мо имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон якчанд намуди бахшҳои туризмро инкишоф диҳем. 

Инчунин, дар кишвари кӯҳсори мо имкони васеи рушди кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ-варзишӣ ва экологӣ, варзишӣ-лижаронӣ, шикор (интерохота),   саёҳати таърихӣ-маърифатӣ ва мардумшиносиву истироҳат дар осоишгоҳҳои табобатӣ фароҳам аст. Ҳоло ки рақобат дар бозори ҷаҳонии ҷаҳонгардӣ пурзӯр гаштааст, муаррифии кишвар баҳри ҷалби сайёҳони хориҷӣ хеле зарур аст. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин масъалаи муҳим зиёд гаштааст.

Рушди  соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти фаровон дорад ва бо  боварӣ метавон гуфт, ки ин соҳа дар оянда ба яке аз соҳаҳои афзалятноки хоҷагӣ табдил хоҳад ёфт.

 

Бахтиёр Ибрагимов,

омӯзгори МДТ коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода