КУМАК БА НИЁЗМАНДОН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 953
Барои сайқал додани ҳунари чеварӣ аз ҳисоби кумаки башардӯстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар доираи лоиҳаи "Омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус" ба як қатор шахсони эҳтиёҷманд мошинаҳои дарздӯзӣ ва маводҳои лозима барои дӯхт супурда шуд.
Тавре роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Абдуҷаббор Ҳотамов мегӯяд, дар доираи лоиҳаи амалишаванда ба оилаҳои ниёзманди вилоят 150 мошинаи дарздӯзии тамғаи "Чайка", бастаҳо иборат аз маводҳои хӯрока ва матоъ дастрас гардида, инчунин, ба 15 беморхонаи шаҳру ноҳияҳои минтақа, маводҳои зидди вирусӣ-хокаи хлор, маводҳои шӯянда, антисептик, дастпӯшак дастрас карда шуд.
Фотима Хоҷаева, сокини шаҳри Бохтар, миннатдории худро изҳор дошта, чунин гуфт: «Соҳиби мошинаи дарздӯзӣ шудам, акнун ба дӯхтани куртаҳои миллии тоҷикона машғул шуда, аз ин ҳисоб зиндагиамро пеш мебарам».
Ин кумаки аввалини ташкилоти мазкур набуда, дар доираи дигар лоиҳаҳо ба қишри эҳтиёҷманди ҷомеа пайваста кумакҳои башардӯстонаро ба роҳ мондааст.
Фирдавс УМАРОВ,
«Хатлон»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04