Ҳамнавои зиндагӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 407
Муҳаббатшоҳ Шарифовро хуб мешиносам. Ӯ шахси меҳнатдӯст, масъулиятшинос ва дар иҷрои вазифаҳои бар дӯшдоштааш содиқ аст. Ана ҳамин дониши баланд, муҳаббат ба халқу Ватан, садоқат ба касб, ташкилотчигию ташаббускорӣ ва хислатҳои наҷиби инсониаш буд, ки дар ҳамаи зинаҳои фаъолияти корӣ ҳамеша муваффақ аст.
Баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бобои Ғулом бо аҳли оила ва ҳамдеҳагонаш аз Кангурт ба деҳаи Файзободи ноҳияи Восеъ кӯч бастанд. Муҳаббатшоҳ ҳамеша дар корҳои оилаву хоҷагӣ дастёри волидон буд.
Давраи кӯдакию наврасии Муҳаббатшоҳ Шарифов дар деҳаи Файзобод гузаштааст. Мактаби миёнаро бомуваффақият хатм намуд. Донишу маърифати баланд, ки дошт, аз шуъбаи маорифи ноҳия бо сабаби нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ ӯро ба кор даъват намуданд. Ба касби омӯзгорӣ ҳавасу рағбат дошт, бо дилудидаи пок ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуд. Тӯли 2 сол рисолати хешро дар ин ҷода софдилона ва сарбаландона иҷро намуд. Баробари иҷрои ин касби пуршараф пайваста илму дониш меомӯхт, ҷаҳонбиниашро васеъ менамуд. Мехост, ҳарчи зудтар ба донишгоҳ дохил шаваду соҳиби маълумоти олӣ гардад.
Солҳои 1974-1976 хизмати Модар-Ватанро дар кишварҳои Латвия ва Литва сарбаландона иҷро намуда, ба зодгоҳаш баргашт. Сабурию қаноатмандиро, ки пеша намуда буд, ба орзуяш расид. Баъди заҳматҳои пайваста, донишандӯзӣ ва бедорхобиҳо соли 1977 ба факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардид. Аз устодонаш илму дониши баланди назариявию амалӣ омӯхт. Солҳои донишҷӯӣ ҳам ноаён паси сар шуданд. Соли 1982 Муҳаббатшоҳ Шарифов донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуд. Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ӯро ба ноҳияи ҳозираи Ҷайҳун ба кор фиристоданд. Якчанд сол ҳамчун омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ ба шогирдон дарс дода, онҳоро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, донишандӯзӣ, хештаншиносӣ ва муҳаббат ба Ватан тарбия намуд.
Моҳи апрели соли 1993 Муҳаббатшоҳ Шарифовро барои кор ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон даъват намуданд. Беш аз 25 сол бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан дар вазифаҳои мутахассиси бахши кор бо ноболиғон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири шуъбаи бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият намуд. Ҳангоми иҷрои ин вазифаҳои пурмасъул доимо кӯшиш менамуд, ки ҳамаи муроҷиату дархостҳои шаҳрвандон, дастуру супоришҳо ва пешниҳодоти роҳбарони вилоятро саривақт иҷро намояд.
Ҳамчун мутахассиси ботаҷрибаю кордон, хизматчии давлатии дорои истеъдоди баланди корӣ бо дастури раиси вилоят ӯро ба сифати роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи навтаъсиси Носири Хусрав ба кор фиристоданд. Мушкилот дар ин ноҳияи навтаъсис дар ҳамаи соҳаҳо вуҷуд доштанд, ки ҳалли зудтар ва фаврии онҳо ногузир буд. Муҳаббатшоҳ Шарифов ҳамчун мутахассиси кордон, ташкилотчӣ, ташаббускор ва дорои масъулияти баланд дар мусоидат бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳо ҳамаи мушкилиҳоро, ки барои пешравии кор буд, ҳаллу фасл менамуд.
Дар ин давра яке аз масъалаҳои муҳиму асосӣ ва ҳалталаб ин ҷобаҷокунӣ, таъмини манзилу замин ва кор барои муҳоҷирони экологӣ буд. Аз ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 200 оила ва инчунин аз ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб шумораи зиёди муҳоҷирони экологӣ ба ноҳияи Носири Хусрав оварда шуданд. Ҳамаи онҳо бо манзил ва заминҳои наздиҳавлигӣ таъ-
мин карда шуданд.
Яке аз супоришҳои дигаре, ки роҳбарияти вилоят ба Муҳаббатшоҳ Шарифов дода буд, ин ба низом даровардани кори ҳуҷҷатгузориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аз ҷумла баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ буд. Аксарияти аҳолии ноҳия узбекзабон мебошанд ва таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони узбекӣ роҳандозӣ мешуд. Дар муддати начандон тӯлонӣ ин масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд.
Бештари заминҳои ҳудуди ноҳия ботлоқу ғайрикорам ба ҳисоб мерафтанд. Дар зарфи 2 сол тавассути кандани заҳбуру заҳкашҳо беш аз 5 000 гектар заминҳо ба гардиши кишоварзӣ дохил карда шуданд.
Соли 2004 кишоварзони ноҳия зиёда аз 17 000 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд ва аввалин бор аз уҳдаи иҷрои нақшаи солона баромаданд.
Баъди хушк намудани обҳои зеризаминӣ, ботлоқу заҳбурҳо дар ноҳия садҳо гектар боғҳои нав бунёд карда шуд. Соҳаи чорводорӣ ва пиллапарварӣ хеле рушд ёфт. Маркази ноҳия-шаҳраки Баҳор хеле ободу зебо гардид. Аз мавзеи Чилучорчашма то маркази ноҳия дар масофаи 8 километр оби тозаи нӯшокӣ оварда шуд.
Барои ба даст овардани комёбию дастовардҳои бузурги меҳнатӣ Муҳаббатшоҳ Шарифов саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Ба ҳамин ишора карда, раиси вақти вилоят Амиршо Миралиев дар яке аз маҷлисҳои ҳисоботӣ ба иштирокчиёни маҷлис муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз кору ташаббусҳои роҳбари дастгоҳи ноҳияи навтаъсису дурдасти Носири Хусрав омӯзеду ибрат гиред.
Муҳаббатшоҳ Шарифовро соли 2007 боз ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба кор даъват намуданд.
Бо истифодаи таҷрибаи бою пешқадам, донишу истеъдоди баланд, масъулиятшиносии ба худ хос ва хислатҳои наҷиби инсониаш то соли 2019 бо сари баланд фаъолият намуд. Ба қавле аз уҳдаи иҷрои «супоришҳои аз ҷон қиматтар» сарбаландона баромад.
Вай соли 2006 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Россияро бомуваффақият хатм намуд.
«Бӯйи мушк пинҳон намемонад», -мегӯянд. Гарчанде Муҳаббатшоҳ Шарифов баъди адои муваффақона ва сарбаландонаи фаъолияти меҳнатии бисёрсола ба нафақа баромада бошад ҳам, боз ӯро барои кор ба Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар» даъват намуданд. Алҳол ӯ дар ин муассиса ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи таълимӣ фаъолият дорад.
Хизматҳои шоёни ӯ бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва даҳҳо мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ гардидааст.
Муҳаббатшоҳ Шарифов аз он сарфароз ва ифтихорманд аст, ки дар ободии Ватан, рушди босуботи кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Аз умри рафтаи худ розӣ мебошад.
Бо чунин мисраъҳои шеърии шоир ҳамраъй аст:
Ба рӯйи умри рафтаи худ мекашам хат,
Агар донам, ки набошам ҳамнавои зиндагӣ.
Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00