Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
(Идома аз шумораи №7)
СОЛИ 1993. Бо вуҷуди он ки дар Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳама ба як қарор омада, бо тарафдории аксарияти вакилон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва ба дигар вазифаҳои ҳукуматӣ роҳбарон таъйин гардиданд, вале ҳанӯз дар минтақаҳои алоҳида задухӯрд давом дошт.
Ҳукумати мамлакат, баъди он ки қисмҳои ҳарбии мутааллиқ ба Иттиҳоди Шӯравии дар қаламрави Тоҷикистонбударо дигар ба ихтиёр надошт, Артиши миллии худро ташкил дод, ки он чун пешина ба 23 феврал рост омад. Ин иқдом, албатта, дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодиву сиёсии кишвар аслан осон набуд, вале роҳбарияти давлату Ҳукумат, ки азми барқарории давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявиро мақсад пеш гузошта буданд, ташкили Артиши худиро зарур шумориданд ва вақт нишон дод, ки ин қувва барои ватани худ содиқ мемонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида буд, ин созмон дар ин ҷо намояндагии доимии худро таъсис дод. Фиристодагони ин созмони бонуфуз ба раванди давлатдорӣ, ҳаёти мардум аз наздик шинос шуда, ҷиҳати расонидани кумак хабар медоданд. Вале гурезаҳои иҷборӣ ё ин ки бо дасисаи гурӯҳи мансабталош хоки аҷдодиро тарккарда ҳанӯз дар хоки бегона буданд.
Як сухани Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз қалби реш дар фироқи ҳамватанон ба воситаи телевизион муроҷиат карда буд, бегумон дар қалби онҳое, ки онро шуниданд, азми баргаштанро бедор намуд, ҳарчанд, то он рӯз ҳанӯз кӯшишҳои зиёде дар пеш буд: «Магар нолаи чуғзе нашунидаед, ки манзилатон ба ёд намеояд? Хонаи шумо танҳо ба шумо насиб мекунад… Ба ватан баргардед... Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе ватан пурра нес-тед. Сарзамини меҳмоннавози афғон барои шумо нишемангоҳ аст, аммо замини хуни нофрехтаи шумо инҷост! Ёд доред, ки мегӯянд: «Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар…»». Новобаста ба вазнинии вазъият дар минтақаҳо Сарвари давлат пайваста сафар мекард, бо забони мардумӣ бо сокинон мулоқот менамуд, ки ҳамаи ин ба воситаи манбаъҳои иттилоотӣ васеъ инъикос мешуд.
Ҳарчанд, нақши васоити ахбори омма дар баргардондани гурезаҳо бесобиқа аст, вале дар ин миён барномаи «Хоки ватан»-и радиои Тоҷикистон махсус боиси қайд аст. Чунки ин барномаро баробари журналистони касбӣ занону бонувон, пирону кӯдакон бо суханрониву рубоисароиҳояшон пурра мекарданд, аз пайвандону наз-диконашон даъват ба амал меоварданд, ки ба ватан баргарданд. Суханони аз қалб баровардаи онҳо ҳар нафари роҳдурро ба сӯи ватан мекашид.
Бо вуҷуди он ки дар дохили кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту бархе аз роҳбарони минтақаҳои мансабталош, озодфикрони худхоҳ, аҳли зиёи кундқалам саргарми андешаҳои носолим тарафкашӣ мекарданд, дар ақсои олам кишварҳои ба устувории давлату Ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олимақоми он боварӣ ва иштиёқи дӯстидошта кам набуд. Ҳамин буд, ки то охири соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пазируфта шуд ва давлати тозаистиқлоламонро 114 мамлакати ҷаҳон ба расмият шинохтанд.
Дар соли 1993 иқдомҳои нав ба нави Сарвари давлат аз ояндаи нек шаҳодат медод. Баргузории Анҷумани тоҷикони дунё, ки дар шаҳри Душанбе гузашт, мардуми то ҳанӯз аз ҳаёти ҳаммиллатони бурунмарзӣ бехабарро ҳушдор дод, ки тоҷику тоҷиктаборон дар ақсои олам аз он зиёд будаанд, ки мепиндоштанд.
Дар вилояти навтаъсиси Хатлон мардум саргарми меҳнати доимӣ буд. Зимистони солҳои 1992-1993, ки гарм омад, ҳама ба ҷамъоварии пахтаи дар саҳромонда баромаданд. Корвонҳои мошину тележкаҳои пахтадор сӯи нуқтаҳои қабул шабонарӯзӣ дар ҳаракат буданд. Вале маблағи аз он бадастоварда қобили қабули нарху навои давр нашуд. Ҳатто ба ивази нархи як автомашинаи сабук-рави фурӯхташуда, дар охири сол кас наметавонист як сарулибоси дуруст харид намояд. Яъне, пули дар истифодабуда, ки моли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд, сӯи беқурбшавӣ мерафт. Ба истилоҳи ҳамон давра пул унвони «деревяний»-ро гирифт.
Чанд нуқтаи воҷиби дигар дар бораи рӯйдодҳои муҳими соли 1993, инчунин, тақдири хизматчиёни давлатӣ, абармардони олами сиёсат, ки дар айёми ошӯбҳои сиёсӣ ба канор рафта буданд: Ибтидои сол сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Сангтӯда-Данғара - Фархор - Восеъ - Кӯлоб сар шуд. Моҳи август музокироти байни намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифи тоҷик мавқеи тарафҳоро дар музокироти минбаъдаи байни тоҷикон аниқ намуд.
27 декабр, Қонуни Ҷум-ҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” қабул гардид. Баъди қабули он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар сиёсати худ унвон кард. 28 декабр бошад, дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Қаҳҳор Маҳкамов, ки зери таъсири қувваҳои мухолифин соли 1991 истеъфо дода буд, дар даврони соҳибистиқлолӣ якумра узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дониста шуда, ҳамчунин, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЕврАзЭС, раиси комиссия оид ба сиёсати иқтисодӣ буд.
Изатулло Ҳаёев, ки аз вазифаи раиси Шӯрои вазирон, соли 1991 бо ҳамин роҳ истеъфо дода буд, раиси Комитети муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ таъйин гардид.
Худи ҳамин сол телевизиони вилояти Хатлон ба фаъолият шурӯъ кард.
Ахиран, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қароре омад, ки вобаста ба тақозои ҳаёт, талаботи давлати демократӣ, сохтори президентии давлатдорӣ қабул карда шавад. Ба ин мақсад зарурати интихоботи Президент ва Конститутсияи нав пеш омад...
(Идома дорад).
Исматуллои Гули ОЛИМ
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.