Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҒИЗО БА ПАРАНДАГОНУ ҲАЙВОНОТ

Матлабҳои охирин

ҒИЗО БА ПАРАНДАГОНУ ҲАЙВОНОТ

Зимистони имсола хеле барвақту сард омад. Барои парандагону ҳайвонот мушкилоти ғизоӣ пеш овард.

Кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷ дар давраи сардиҳои зимистони имсола хеле сертараддуд буда, дар мавзеъҳои Кировобод, Қаратов ва Бӯбулоқ бо мақсади пешгирии нобудшавии парандагону ҳайвонот чорабиниҳои таъҷилии биотехникӣ гузарониданд. Бо мақсади нигоҳ доштани олами ҳайвонот кормандони ин ниҳод зиёда аз 200 килограмм ғалладона, 500 килограмм коҳ, беш аз 100 килограмм намак ва дигар намуди маводҳои ғизоӣ барои парандагону ҳайвонот дастрас гардид. 

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия 43 ҳазору 956 гектар майдони умумӣ дошта, аз ин миқдор 17 ҳазору 823 гектарро ҷангал ташкил медиҳад. Дар ҷангалзори муассиса гург, рӯбоҳ, хорпушт, кабк, кабӯтар ва дигар намуди парандагону ҳайвонотро дидан мумкин аст, ки муҳофизати онҳо дар шароити сардии зимистон вазифаи ҷангалбонҳо мебошад. Бо вуҷуди хунукиҳои имсола кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, ҳайвоноту парандагонро аз нестшавӣ нигоҳ медоранд.

Фирдавс УМАРОВ, 

«Хатлон»

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода