Барои пешгирӣ аз сӯхтор чӣ бояд кард?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 876
Вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар муваззаф гардиданд, ки оид ба сари вақт кишт намудани зироатҳо, гирифтани се-чор ҳосил аз як замин, захираи маводи ғизоӣ барои ҳар як оила, ташкили гармхона, босамар истифода намудани заминҳои президентӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ васеъ ба роҳ монанд.
Тибқи иттилои Сардори ШНДБС РХДО вилояти Хатлон, майори хизмати дохилӣ Раҳмонзода Ҷамшед Сафаралӣ имрӯз дар ҳудуди вилоят корҳои профилактикию оташнишонии комплексӣ гузаронида шуда, қарори раиси вилояти Хатлон бораи гузаронидани «Амалиёти зидди сӯхтор-2023» аз 31 марти соли 2023 ба тасвиб расидааст.
Ҳамасола бо фаро расидани фасли тобистон ва баланд шудани ҳарорати ҳаво ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар заминҳои ғаллазор, чарогоҳ ва иншооти хоҷагии халқ зиёд мегардад, ки ин боиси хисороти калони молӣ аст.
Қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи бехатарӣ аз сӯхторро, ки иҷрои онҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, беморхонаҳо, манзили зист, биноҳои хизматрасониҳои маишӣ ҳатмӣ мебошад, муқаррар менамояд. Ҳамчунин, дар ин баробар, ҳуҷҷатҳои меъёрии дорои талаботи бехатарӣ аз сӯхтор, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, бояд дар амал татбиқ карда шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар мадди назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, дар тамоми ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар робита ба ин, ҷиҳати роҳандозӣ намудани тадбирҳои судманд, аз ҷониби Сарвари давлат мунтазам ба роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.
Чӣ гунае, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола баҳри беталаф ҷамъоварӣ, захира ва нигаҳдорӣ намудани ҳосил қарорҳои дахлдори раиси вилояти Хатлон имзо гардида, дар он ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва ҷамъияту созмонҳои ихтиёрии зидди сӯхтор дар мавсими ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладонагӣ, хӯроки дурушти чорво ва пахта ба тасвиб мерасад. Ҳамчунин, нақшаи чорабиниҳо ва масъулини ситод баҳри иҷрои он дар муҳлати муайяншуда замима мегардад. Тибқи тавсияи Ҷ. Раҳмонзода, пеш аз ҷамъоварии ҳосил бояд ин қоидаҳо риоя карда шаванд:
- то саршавии ғунучини ҳосил ҳамаи кормандон ва масъулоне, ки ба мавсим ҷалб карда мешаванд, бояд бо дастурамали зиддисӯхторӣ шинос шаванд ва дастгоҳҳои ғалладаравӣ бо воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ ва шарорахомӯшкунаки коршоям таъмин карда шаванд;
- кишт намудани зироати хӯшадор дар фосилаҳои қитъаҳои ҷудокунандаи роҳи оҳан ва шоҳроҳҳои автомобилӣ иҷозат дода намешавад;
- ғарамҳои алафҳои даравидаи ин қитъаҳои заминро дар масофаи на камтар аз 30 м аз ҷои заминҳои ғалладона ҷойгир намудан лозим аст;
- дар байни қитъаҳои замин бояд пайраҳаи паҳноиаш 8 м даравида ҷудо карда шавад;
- ғалладонаи даравидашуда аз ин пайраҳа фавран бардошта шавад. Дар мобайни пайроҳаи даравидашуда дар паҳноии 4 м шудгор карда шавад;
- бевосита дар наздикии майдони ғаллазорҳои даравшаванда бо масоҳати зиёда аз 25 га трактори дорои плуг омода барои шудгор намудани минтақаи даргирифта ҳангоми сар задани сӯхтор, доштан зарур аст;
- сӯзонидани ангор, боқимондаи пояи ғалладона ва афрӯхтани оташ дар саҳро иҷозат дода намешавад;
- хирмангоҳи ғалладонаро дар масофаи на камтар аз 50 м аз биноҳо ва иморатҳо ва аз майдони ғалладона дар масофаи на камтар аз 100 м ҷойгир кардан зарур мебошад.
Ҳангоми ҷамъоварии ғалладона ва захираи хӯроки чорво гузаронидани корҳои зерин қатъиян манъ аст:
- бе сарпӯши болои муҳаррик ва ё бо сарпӯши кушодаи болои муҳаррик кор кардани тракторҳо, техникаҳои худгард ва автомобилҳо;
- истифодаи лампаҳои лаҳимкорӣ (поялная лампа) барои сӯзонидани чанги радиаторҳои муҳаррикҳо;
- шабона дар шароити саҳро бо сӯзишворӣ таъмин намудани автомашинаҳо;
- радиаторҳои муҳаррикҳо, коҳмайдакунакҳо, транспортёрҳо, хӯшағундорҳо, шнекҳо ва дигар қисмҳои мошинаҳои ҳосилғундор бояд сари вақт аз чанг, коҳ ва ғалла тоза карда шавад;
- агрегатҳо барои тайёр намудани орди алафӣ бояд дар зери пешайвон ё дар ҳуҷраҳо гузошта шавад;
- конструксияи шипангҳо ва ҳуҷраҳои масолеҳи сӯзанда бояд бо маҳлули аз оташ муҳофизатшаванда коркард шаванд;
- тамоми нақлиётҳое, ки ба мавсим сафарбар карда мешаванд, ҳатман аз муоинаи техникӣ гузашта, танҳо баъди дастрас намудани хулосаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба фаъолият иҷозат дода мешаванд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...