Шикояти телефон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 712
Имрӯз дар сомонаи www. pamflet.tj хабаре пахш гардид, ки ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Дар он гуфта мешавад, ки Телефони мобилӣ аз сокинони кишвари мо ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят кардааст. Мавсуф бо асноду далелҳои ҷиддӣ, қотеъона талаб намудааст, ки бояд шаҳрвандони ин кишвар дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Чун онҳо дар таҳқиру тавҳин ва поймол намудани ҳуқуқҳои ӯ кайҳост, ки аз ҳадди худ гузаштаанд.
Мутасаддиёни додгоҳ барои баррасии қазия аризаи даъвогиро ба кишвари мо ирсол намуданд, ки дар он омадааст: “Муҳтарам Раис ва додраси суди байналмилалӣ.
Ман-Телефони мобилӣ аз ҷомеае, ки дар он ба таври хастагинопазир солҳои сол “содиқона” хизмат расонида меоям, шикоят дорам. Бо вуҷуди он ки имрӯз ҳеҷ як мушкили ин ҷомеа бе дахолат ва хизмати ман роҳи ҳалли худро намеёбад, боз беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ҳамвора, чӣ зану чӣ мард ва чӣ хурду чӣ бузург, чӣ зиёиву чӣ омӣ таҳқирро нисбати ман раво мебинанд, ки рӯзҳои охир бароям ғайри - қобили таҳаммул аст. Ман мехоҳам барои асоснок гардидани даъвоям ҷузъиёти онро бароятон ошкор намоям.
Масалан, вақте кори ягон нафари асабиаш барор намегирад, ё оилааш қаҳр карда ба хонаи волидонаш меравад, ё бо маъшуқааш ҷанг мекунад, фикри чизеро накарда маро ё ба замин ё ба девор мезанад ва бо ин қаҳри худро мебарорад. Охир ин ҷо гуноҳи ман чист? Ҷавонон ба муҳоҷират мераванду он ҷо ё бо зани дигаре робита мекунанд, ё аз ин ҷо аз номи ҳамсари онҳо “хабар”-е меравад, боз ҳам ман дар бало мемонам. Чунки боз ҳам дар талоқу никоҳи сабуксоронаашон маро истифода мебаранд.
Аз сабаби он ки худи падару модар вазифаашонро иҷро намекунанду аз масъулияти тарбиятгарӣ бехабаранд, барои раҳоии худ маро ба дасти фарзандонашон медиҳанд. Ана вақте онҳо ба бемории фишорбаландии мағзи сар, пастшавии биноӣ ва аз ин бадтар бемории бадахлоқӣ гирифтор мешаванд, боз мани бечора сабабгору гунаҳгор. Магар ин аз рӯйи адолат аст?
Дар дарс донишҷӯ телефонро истифода мебараду устод инро дида ё ӯро аз дарс берун мекунад, ё баҳои паст мемонад. Дар ин ҳолат ҳам мегӯянд: “Аз дасти ҳамин телефони....”. Магар ин ҷо ҳам ман гунаҳгорам? Охир, онҳо дар истифодаи ман интихоби озод доранд-ку!
Духтарон ба ҷойи дарсхониву маъниомӯзӣ 24 соат вақти худро бо ман сипарӣ мекунанд ва агар дар натиҷа “ҳавоӣ” шаванду ҷуз пайравии мӯду ҳунармандони филмҳои туркӣ чизи дигаре аз дасти онҳо барнаояд, боз ман гунаҳгор. «Дод аз дасти телефон...»
Вақте мактаббачагон “шӯришҳои гурӯҳӣ” ташкил мекунанд, ин ҷо ҳам ба ҷойи он ки аз масъулияти омӯзгорону волидайн бозҷӯӣ шавад, боз санг ба сари ман меояд. «Бачаҳои моро телефон вайрон кард»,- мегӯянд.
Вақте мард аз кор ба хона бармегардаду ба ҷойи бо аҳли оила сари сурфа суҳбат кардан, аз бурду бохти оила ва вазъи фарзандон пурсидан чашм аз телефон намеканад, боз дуои соҳибхоназан ба фалак мепечад: Телефон, телефон, телефон...
Дар маъракае занҳо: “шутурро, ки шӯри тараб дар сар аст, агар одамиро набошад, хар аст”-гӯён “шӯхӣ”-е карданду филми онҳо ба “Ҳодиса tv” афтид ва дар натиҷа дар хона мурофиаи вазнини оилавиро аз сар гузарониданд, боз ҳам фишанг омад ба сари ман. Аз дасти ҳамин телефон....
Ин гуна ҳодисаҳо хеле зиёданд, ки ман танҳо як ҷузъашонро ба шумо гуфтам. Акнун худ хулоса бароред. Магар дар ин ҳолатҳо ман гунаҳгорам, вақте онҳо худ фарҳанги муомила бо манро надоранд?! Хоҳшмандам, ки аризаи даъвогии каминаро ҷиддан баррасӣ намоед...”.
Аризадиҳанда:
Телефони мобилӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...