Иди Рамазон: он чӣ тавр гузашт?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 642
Рамазон ҳамчун моҳи хайру сахо ва эҳсону дастгирии афроди ниёзманд пазируфта шудааст. Ва солҳои охир таомулҳои ҷадид вобаста ба ин моҳ миёни мардум роиҷ гардидааст, ки яке аз он “идгардак” мебошад. Хурду бузург рӯзи ид ба хонаи ҳамдигар ташриф меоранду муборакбодӣ мекунанд.
То расидан ба сари ин хони пур аз нозу неъмат такопӯҳои пасипардагӣ ва назарҳое ҳаст, ки мо онро нодида гирифта наметавонем. Зеро мегӯянд: “Банӣ одам аъзои якдигаранд”.
Дуруст аст, ки Рамазон моҳи хайру сахост, аммо то куҷо мо хоҳони хайру сахои воқеӣ нисбати ҳамдигар ҳастем? Тавре ки ба мушоҳида мерасад, дар аксари дастурхонҳои идӣ барои истиқболи дигарон бештар аз хайр худнамоиву ифрот ба чашм мерасад. Аксари мо вақте барои дастурхони идонаамон ба харид меравем, онро ба назар мегирем, ки хони мо дар муқоиса ба дигарон чӣ гуна хоҳад буд.
Ҳатто онҳое, ки иҷоранишинанду манзили зисти доимӣ ва шахсӣ надоранд, аз ин маъракаороиҳо қафо мондан намехоҳанд.
Харҷи чандмоҳаи хӯрокаи худро рӯи дастурхони ид мерезанду баъд боз бо умедвориҳо худро фиреб медиҳанд ва мунтазири ризқе меша-
ванд, ки аллакай онро ба бод додаанд.
Аз аксари оилаҳои мо як ё ду нафар дар Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, бо меҳнати вазнин нафақаи оиларо таъмин менамоянд. Мутаассифона, мо маблағи бозаҳмат ба даст овардаи онҳоро дар як ид харҷ мекунем, магар ин эҳсон ва савоб мешавад?
Агар ба ҷойи сарфи маблағи зиёдатӣ барои дастархони ид онро ба ниёзҳои аввалиндараҷаи на танҳо моддӣ, балки маънавии оилаву фарзандон харҷ кунем, беҳтар нест?
Бояд гуфт, ки ба ин исрофкориҳои “идӣ” – аз хӯрокаву нӯшока сар карда, то харҷҳои дигар ва бо навбат “зиёфат”-и ҳаққу ҳамсояҳо ва шиносҳоро хӯрдан, бештар занони мо роҳ медиҳанд. Ҳол он ки сарфаву сариштакорӣ масъулияти аввалиндараҷаи онҳост. Бо ин ҳама харҷи ҳангуфту худнамоиву соатҳо меҳмони ҳамдигар шудан, ки чизе ҷуз мушоҳидаву муқоиса ва ғайбати хони ҳамдигар ба бор намеорад, онҳо гумон мекунанд, ки кори хайре кардаву рукнҳои дини худ ва моҳи рамазонро иҷро кардаанд. Аммо ин комилан ғалат аст. Чун аз нигоҳи ислом зиёдаравӣ ва ифрот ҷоиз нест. Ва дар Қуръони маҷид ҳам омадааст: “Ҳаққи хешованду мискин ва дар роҳ мондаро адо кун ва ҳеҷ исроф макун. Исрофкорон бо шаётин баробаранд ва шайтон ба Парвардигораш носипос буд” (сураи Оли Имрон. Оятҳои 26,27).
Биёед, ин таомулро иваз намоем. Ба ҷойи хараҷу мараҷи зиёдатӣ дар садади кумак барои рафъи ниёзҳои ҳамдигар бошем, зеро ин “хайр”-ҳои кунунии мо савобе дар пай нахоҳад дошт. Дар ид хушҳолӣ кардан, либоси нав пӯшидан ва аз ҳоли ҳамдигар хабардор шудан мамнуъ нест. Аммо ба шакли писандида ва орӣ аз зиёдаравӣ. На ба ин шева, ки мо дорем.
Чуноне мегӯянд:
Тарсам, нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ,
Ин раҳ, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст...
МАҲҶУБ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...